Матолиби тозатарини нашрияҳои Душанбе

Вуқӯи садама дар хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Норак-Регар», ҷорӣ кардани лимити истифодаи барқ дар деҳот, омодагиҳои аҳзоби сиёсии кишвар ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ - мавзӯъҳоеанд, ки дар нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе бозтоби бештар пайдо кардаанд.
Нашрияи «Нигоҳ» зимни баррасии масъалаи садамаи ба вуқӯъпайваста дар низоми энержии кишвар бо суоли «Оё ба низоми энергетикии Тоҷикистон эътимод доред?» ба коршиносон муроҷиат кардааст. Мирзошариф Исломиддинов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар посух ба ин пурсиш гуфтааст, «дар ҳолати ҳозира танҳо баъд аз ба истифода додани хати баландшиддати 500 киловолтаи « Ҷануб-Шимол» мумкин аст, ки вазъияти таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ беҳтар шавад. Зеро ҳоло мо дар шабакаи барқии ягонаи Осиёи Марказӣ, ки ба он Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд, қарор дорем ва баъди баҳрабардории ин хати барқӣ Тоҷикистон метавонад нисбатан мустақилияти энергетикӣ ба даст оварад.» Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик, изҳор доштааст, ки ба системаи энергетикии Тоҷикистон бовар карда наметавонад. Чунки, афзудааст ин коршинос, таҷҳизоте, ки дар замони шӯравӣ фаъол буд, ҳоло кӯҳна ва фарсуда шудааст ва маблағи кофӣ барои нав кардани онҳо дар кишвар нест.

«Наҷот», нашрияи ҲНИТ, дар сафҳаи аввали худ таҳти унвони «Тоҷикистон-Торикистон» матлаберо дар робита ба ҷорӣ кардани лимити барқ ба деҳоти кишвар мунташир кардааст. Нашрия менависад, роҳбарони арсаи энержӣ зуд-зуд нав мешаванд, аммо ин мушкил ҳамоно домангири аҳолӣ боқӣ мемонад. Аммо оё он ваъдаҳо, ки баъди ду ё се сол ин мушкил бартараф мешавад, кай ба поён мерасида бошад ва оё дар остонаи интихоботи парлумонӣ боз ҳам домани мардумро бо чормағзи пуч пур мекунанд?

Ҳафтаномаи «Озодагон» изҳороти раиси ҲСДТ Раҳматулло Зоиров дар робита ба интихоботи парлумонии кишварро ба нашр расонидааст, ки дар он аз раисҷумҳури Тоикистон даъват мешавад, то замони баргузории ин маъракаи сиёсӣ аз зимистон ба баҳор мавқуф гузошта шавад. Оқои Зоиров бар ин бовар аст, ки зимистон вазъияти кишвар барои баргузории интихобот созгор нест. Аз як сӯ, набуди нерӯи барқ ва аз тарафи дигар бо назардошти иқлими кӯҳистонии кишвар сафар ба манотиқи мухталифи он душвор мешавад. Аз ин рӯ, замони баргузории интихобот аз моҳи феврал ба апрел мавқуф гузошта шавад, ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Ҳамчунин, дар ин баёния аз раисҷумҳур тақозо шудааст, ки ҳадди ақал дар ҷараёни ин маърака раёсати худ дар ҲХДТ-ро мутаваққиф кунад.

Давлаталӣ Давлатзода, муовини аввали раиси ҲХДТ, дар сӯҳбат бо «Азия-плюс» гуфтааст, дар ҷаҳон чунин иттифоқоте, ки роҳбари ҳизб дар арафаи интихобот аз узвияти худ даст кашад, мушоҳида нашудааст. Оқои Давлатзода ҳамчунин мавқуф гузоштани интихоботи парлумонии моҳи февралро низ як пешниҳоди ғайримантиқӣ арзёбӣ кардааст.

Бар пояи як назарсанҷие, ки нашрияи «Миллат» дар робита ба имконияти аҳзоб дар ин маърака миёни хонандагонаш доир кардааст, дар ҳоли ҳозир, Ҳизби сотсиалист 52, халқӣ- демократӣ 28, сипас ҳизби наҳзату коммунистҳо, баъдан, демократҳову ҳизби кишоварзӣ ва ниҳоят сотсиал-демократҳо ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан овоз гирифтаанд.

«Ошноӣ бо бойгониҳои давраи ҷанг» зери ин сарлавҳа нашрияи «Пайкон» дар иртибот ба пешниҳоди президент Раҳмон, ки дар суханронӣ бахшида ба 15-солагии қабули Қонуни асосии кишвар гуфт, ин бойгониҳо ба намояндагони дипломатҳои хориҷӣ нишон дода шавад, матлаберо мунташир кардааст. Иброҳими Усмон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ ва онро иқдоми хубу демократӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, бо ин васила мардум аз ҳақиқати он ҷангҳо бохабар мешавад. Аммо Давлат Усмон, аз собиқ роҳбарони Иттиҳоди оппозисиюни тоҷик, бар ин назар аст, ки ҳоло фурсат барои ин кор фароҳам нашудааст. Аз сӯи дигар, афзудааст нашрия, ин корро бояд як гурӯҳи муштарак, ки аз қазияи ҷанг хуб огаҳӣ доранд, анҷом диҳад, ҷониберо гунаҳкор насозад ва ба масоил аз рӯи инсоф назар афканад.

Нашрияи «Фараж» сӯҳбатеро бо ҳунарманди тоҷик Афзалшоҳи Шодӣ ба нашр расонидааст. Оқои Шодӣ аз масъулон дархост кардааст, ки дар муносибат бо ҳунармандон мунсифона бошанд ва маҳалро дар ҷойи аввал қарор надиҳанд.

«Чархи гардун» аз қавли Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон, навиштааст, имкон дорад, масъалаи лағви раводиди сафар миёни ин кишвар бо Тоҷикистон ба ҳамин наздикиҳо роҳи ҳалли худро ёбад.