Сонеҳа дар Тоҷикистон ва бебарқӣ дар Сурхондарё

Хабаргузории Central Asia News навиштааст, сонеҳа дар яке аз шабакаҳои муҳими барқи Тоҷикистон, яъне хати барқи Норак-Регар чанд соат сокинони ҷануби Ӯзбекистон-кишвари ҳамсояро аз барқ маҳрум кардааст. Танҳо соати 9-и субҳ сокинони вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон барқ гирифтаанд. Дар ин бора ба таври махфӣ як манбаъ дар "Ӯзбекэнерго" ба ин хабаргузорӣ маълумот додааст. Ду рӯзи пеш соати 6:35 дақиқаи вақти Тоҷикистон интиқоли барқ аз хати Норак-Регар қатъ шуд ва сонеҳаро дар давоми рӯз бартараф карданд.