Авҷи ҳисси шаҳвонӣ ва бемории HIV/AIDS

Созмони "ACT-Central Asia" мегӯяд, наздик ба 85 дарсади хатмкунандаҳои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии деҳоти кишвар ояндаи худро дар муҳоҷират ба Русия мебинанд.
Ин дар ҳолест, ки наврасон дар синни аз лиҳози ҷинсӣ ҳассос ба муҳити хатарнок афтода, эҳимоли ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша шомил ва мубталои бемориҳои мухталиф шуданашонро бештар мегардонад. Ин раванд зарурати пешгирии маризиҳои сироятӣ ба вижа HIV/AIDS- ро миёни муҳоҷирон ба миён мегузорад, мегӯяд, Наиля Берешева ҳамоҳангсози барномаҳои HIV/AIDS – и созмони "ACT Central Asia" мустақар дар Тоҷикистон.
«Як зани ҷавони 20-солае, ки қоидаҳои ба зан фармудаи шариатро сахт риоя мекунад, ба ин вирус мубтало шудаст. Вақте ки ба хешутабори шавҳараш ин хабарро мегӯяд...


Вай мегӯяд: «Ба назари ин наврасон муҳоҷират муввафақият ва ояндаи хубро барояшон таъмин мекунад. Аз як назар шояд барои бархе аз онҳо ин роҳ дари хушбахтиро боз кунад, аммо ағлаби онҳо ба муҳоҷират номусаллаҳ мераванд. Намедонанд, ки онҳоро аз назари ҳуқуқӣ ва беҳдоштӣ чӣ интизор хоҳад буд. Аз ҳама қишри ҳам аз назари ҷинсӣ ва ҳам аз назари неруи корӣ фаъоли кишвар дар ҳоле рӯ ба хориҷ аз кишвар меоранд, ки ба хатари бузург рӯбарӯянду дар бораи ҳимояи худ аз душвориву бемориҳо дониш надоранд. Аз ин рӯ мо мехоҳем ҳамаи сохторҳое ки бо ҷомеъа кор мекунанд, бо ҳар роҳу восита аҳолиро бо донишҳои зурури ба хусус оид ба HIV/AIDS мусаллаҳ созанд.»

Фавзия Ансорӣ, корманди Маркази саломатии равонӣ мегӯяд паст будани сатҳи зиндагӣ, шаҳрвандони кишварро новобаста аз синнусол дар кишварҳои бегона овораву муҳоҷир кардааст. Аммо ин ҳама дар баробари беҳбуд бахшидани зиндагии оилаҳои камбизоат мушкилоти зиёдӣ равониву беҳдоштиро ҳам барояшон афзун намуд.

Фавзия Ансорӣ: «Дар он синнусол муҳоҷират мекунанд, ҳиссиёти шаҳвониашон хеле баланд аст. Дар ҳоле ки солҳои тӯлонӣ дар ғурбат ҳастанд, бо нафарони ношинос робитаҳои наздикии беҳимоя мекунанд ва метавонанд ба ин вирус гирифтор шаванд.»

Василий Селаманов, ҳамоҳангсози барномаи HIV/AIDS -- лоиҳаи пешгирии HIV дар миёни муҳоҷирони Қирғизистону Тоҷикистон, мегӯяд, пажӯҳиши ахири онҳо дар мавриди муайян кардани сатҳи маълумоти сироятёфтагони ин вирус, ки дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе маълум кард, ки 80 дарсади муҳоҷирон зимни робитаи наздик бо ҳамсар, маъшуқа ва кормандони бозори фаҳш аз рифола истифода намебаранд ва ё бар он ақиданд, ки рифола роҳи дурусти пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ нест.

Ҳамчунин дар пажӯҳиш омадааст, ки нишондоди нигаронкунанда, мизони баланди нақзи ҳуқуқи сироятёфтагон аз ҷониби кормандони тиб маҳсуб меёбад. Василий Селаманов мисол меорад, аксари кормандони тиб гуфтаанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ аз нафари сироятёфта ба HIV гӯшт харидорӣ намекунанд ё намегузоранд, ки фарзандашон бо кӯдаки олуда ба вирус дар як синф таҳсил кунад:

Вай меафзояд: «Аз ҳама маълумоти ҷолиб дар пажӯҳиш ин аст, ки пешвоёни руҳонӣ нисбат ба сироятёфтагони HIV таҳаммулпазиртар буда, тарғиби роҳҳои пешгирии онро дастгирӣ мекунанд. Аммо мегӯянд, рифола набояд бо ҳадафи зино ё бо занони номаҳрам истифода шавад. Сатҳи дониши муҳоҷирони тоҷик оид ба ВИЧ хеле паст аст. Агар гӯем қариб дониш надоранд дуруст аст. Онҳо мегӯянд, ВИЧ бо воситаи салом кардан ё хомӯшак метавонад сироят кунад. Баъдан дар Русия нафарони олудаи HIV иҷозаи корро намегиранд аз ин рӯ муҳоҷирон варақаи тиббиро оид ба олуда будан ё набуданшон ба HIV/AIDS аз марказҳои маҳаллии мубориза бо СПИД мехаранд. Ин далелро худи муҳоҷирон тасдиқ карданд. Ҳамчунин чунин варақаҳо дар Русия хариду фурӯш мешавад.»

Фавзия Ансорӣ меафзояд, мутаассифона, муҳоҷирони тоҷик на ҳамеша ба хонаводаҳои худ бо маблағу тӯҳфаҳои хотиравӣ бармегарданд, балки барои ҳамсарону дӯстдоштаҳояшон маризиҳоеро ҳам меоранд, ки баъдан боиси шикастани зиндагӣ ва оилаҳо мешавад:

«Як зани ҷавони 20-солае, ки қоидаҳои ба зан фармудаи шариатро сахт риоя мекунад, ба ин вирус мубтало шудаст. Ӯро пеш аз таввалуди фарзандаш ташхис мекунанд ва муайян мекунанд ки ӯ ба ВИЧ сироят ёфтаст. Вақте ки ба хешутабори шавҳараш ин хабарро мегӯяд, онҳо ин занро таҳқир карда мегӯянд, ту худат ба ин беморӣ гирифтор шуда писари моро ҳам бемор кардӣ».

Коршиносон мегӯянд, қариб ҳар як ҷавони нерӯманди кишвар, барои рафтан ба муҳоҷират кӯшиш мекунанд ва аз ин рӯ ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятӣ бояд бо ҳар роҳу восита маълумотнокии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳоро оид ба HIV баланд бардорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола шумори сироятёфтагони расмии вируси норасоии масунияти бадан дар кишвар дар ҳоли афзоиш буда ба 1740 нафар расидаанд. Аз ин шумор беш аз 80 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.