Нишасти вазирони дифои ИДМ дар Душанбе бо имзои санаде марбут ба натоиҷи ин нишаст, ки ҳамкориҳои низомиро дар бар мегирад, ба поён расид.
Нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо имзои санаде марбут ба натоиҷи ин нишаст, ки ҳамкориҳои гуногун ҷабҳаи низомиро дар бар мегирад, ба поён расидааст.
Ин нишасти корӣ буда бо ширкати мақомот ва намояндагони низомии Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Узбакистон ва Укроин баргузор шуд. Тибқи иттилои котиботи шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сиёсӣ дар Молдавия, вазири дифои ин кишвар натавонистааст, дар нишасти Душанбе ширкат кунад.
Ин дар ҳолест, ки густариши ҳамкориҳои низомӣ ва таъмини амният дар кишварҳои пасошӯравӣ аз мавзуоти муҳим ва калидӣ дар ин нишаст будааст.
Александр Синайский, котиби Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, гуфт, «дар дастури кори нишаст беш аз бист масъалаи муҳими ҳамкориҳои низомӣ қарор дошт. Дар канори дигар мавзуоти матруҳаи низомӣ, яке аз масъалаҳои асосие, ки вазирони дифоъ баррасӣ кардаанд, консепсияи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи шарикӣ дар давраи то соли 2015 аст. Ин санад ҳама самтҳои тақвияти амният дар бахши низомӣ ва дар маҷмӯъ тамоми соҳаҳои марбут ба таъмини амният дар қаламрави кишварҳои собиқ Шӯравиро дар бар мегирад».
Ин дар ҳолест, ки то ҳол ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ дар чорчӯби консепсияе, ки то соли 2010 қабул шуда буд, сурат мегирифт. Аз сӯи дигар ахиран Русия доктринаи низомии хешро қабул кард. Ҳамакнун суоли матраҳ низ ин аст, ки консепсияи низомие, ки нишасти Душанбе баррасӣ ва мавриди таъид қарор дод, аз санади қаблӣ чӣ тафовут ва бартариҳо дорад ва кадом самтҳои нави таъмини амният дар кишварҳои пасошӯравиро дар бар мегирад?
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, «бартарияти консепсияи нав ба он равона шудааст, ки ислоҳоти ҳарбӣ дар артиши ҳар кишвари узв дигаргуниҳои зиёдеро ворид мекунад. Ин рабт мегирад ҳам дар самти омодагии ҷангӣ ва ҳам дар ҷиҳати фазои умуми иттиҳодия, яъне пурзур намудани системаи муттаҳидаи зидди ҳавоӣ. Дар муқоиса ба консепсияи пешина, санади мазкур дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ дар мубориза бо хатароти ҷаҳонӣ, назири тероризми байнулмиллаӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб ва ҳамчунин барои тақвияти равобити гуногунҷабҳаи низомӣ миёни кишварҳоро мустаҳкамтар хоҳад кард».
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар дидори имрӯз бо вазирони кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ бар таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои бештари сохторҳои дифоии кишварҳои ин ҷомеа дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони мусоир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъид кардааст.
Таҳаввулоти ахир дар минтақа ба хусус Афғонистон ва фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро дар манотиқи мухталифи ин кишвар мояи нигаронии на танҳо Тоҷикистон,балки ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Александр Синайский, котиби Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ҳамсуд, гуфт, ҳарчанд дар нишасти Душанбе вазъи Афғонистон матраҳ нашудааст, аммо амнияти мантақаӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи шӯрои вазирон қарор доштааст.
Дар ҳамин ҳол соҳибназарони масоили низомӣ мегӯянд, консепсияе, ки мавриди баррасӣ ва таъиди кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ қарор гирифтааст, аз ибтикорот ва манофеи Русия маншаъ мегирад.
Исмоил Раҳматов, корошиноси масоили амнияти минтақаӣ, мегӯяд, «консепсияи мазкур пеш аз ҳама барои ҳимояи манофеи дифоии Русия, ки дар раъси Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд қарор дорад, равона шудааст. Лекин то соли 2015, ки ин санад дар назар дошта шудааст, маврид амал қарор хоҳад гирифт ё хайр, ба гумон аст. Зеро дар чанд соли ахир бархе аз кишварҳои узви ин созмон иқдом ба берун шудан аз ин ҷомеаро кардаанд, назири Гурҷистон ва Укроин. Ба ин далел дастандаркорони ҷомеаи муштаракулманофеъро лозим аст, то дар мавриди боқӣ мондани ин созмон талош кунанд ва манофеи ҳама кишварашҳо ба назар гирифта шавад».
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Укроинро дар нишасти Душанбе вобастаи низомии сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе намояндагӣ кард. Ба ҷуз Узбакистон, ки муовини вазири дифои ин кишвар дар ин нишаст ширкат дошт, вазирони дифои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Озарбойҷон дар раъси ҳайатҳои ин кишварҳо қарор доштанд. Қарор аст, фардо чаҳоршанбеи 11 ноябр сафари расмии Сафар Абиев - вазири дифои Озарбойҷон аз Тоҷикистон анҷом шавад.
Ин нишасти корӣ буда бо ширкати мақомот ва намояндагони низомии Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Узбакистон ва Укроин баргузор шуд. Тибқи иттилои котиботи шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сиёсӣ дар Молдавия, вазири дифои ин кишвар натавонистааст, дар нишасти Душанбе ширкат кунад.
Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сиёсӣ дар Молдавия вазири дифои ин кишвар натавонистааст дар нишаст ширкат кунад... Узбакистонро дар нишаст муовини вазири дифоъ намояндагӣ дошт ...
Александр Синайский, котиби Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ, гуфт, «дар дастури кори нишаст беш аз бист масъалаи муҳими ҳамкориҳои низомӣ қарор дошт. Дар канори дигар мавзуоти матруҳаи низомӣ, яке аз масъалаҳои асосие, ки вазирони дифоъ баррасӣ кардаанд, консепсияи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи шарикӣ дар давраи то соли 2015 аст. Ин санад ҳама самтҳои тақвияти амният дар бахши низомӣ ва дар маҷмӯъ тамоми соҳаҳои марбут ба таъмини амният дар қаламрави кишварҳои собиқ Шӯравиро дар бар мегирад».
Ин дар ҳолест, ки то ҳол ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ дар чорчӯби консепсияе, ки то соли 2010 қабул шуда буд, сурат мегирифт. Аз сӯи дигар ахиран Русия доктринаи низомии хешро қабул кард. Ҳамакнун суоли матраҳ низ ин аст, ки консепсияи низомие, ки нишасти Душанбе баррасӣ ва мавриди таъид қарор дод, аз санади қаблӣ чӣ тафовут ва бартариҳо дорад ва кадом самтҳои нави таъмини амният дар кишварҳои пасошӯравиро дар бар мегирад?
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, «бартарияти консепсияи нав ба он равона шудааст, ки ислоҳоти ҳарбӣ дар артиши ҳар кишвари узв дигаргуниҳои зиёдеро ворид мекунад. Ин рабт мегирад ҳам дар самти омодагии ҷангӣ ва ҳам дар ҷиҳати фазои умуми иттиҳодия, яъне пурзур намудани системаи муттаҳидаи зидди ҳавоӣ. Дар муқоиса ба консепсияи пешина, санади мазкур дурнамои минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ дар мубориза бо хатароти ҷаҳонӣ, назири тероризми байнулмиллаӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб ва ҳамчунин барои тақвияти равобити гуногунҷабҳаи низомӣ миёни кишварҳоро мустаҳкамтар хоҳад кард».
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар дидори имрӯз бо вазирони кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ бар таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои бештари сохторҳои дифоии кишварҳои ин ҷомеа дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони мусоир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъид кардааст.
Таҳаввулоти ахир дар минтақа ба хусус Афғонистон ва фаъол шудани гурӯҳҳои терористӣ ва ифротгаро дар манотиқи мухталифи ин кишвар мояи нигаронии на танҳо Тоҷикистон,балки ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Консепсияи мазкур пеш аз ҳама барои ҳимояи манофеи Русия, ки дар раъси Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд қарор дорад, равона шудааст ...