Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, созмони ЮНЕСКО - идораи илму фарҳанги СММ 8 ёдгории таърихии ин кишварро ба феҳрасти муқаддамотии ёдгориҳои нодири ҷаҳонӣ ворид кардааст.
Гуфта мешавад, ин тасмим дар ҷаласаи ахири минтақавии ЮНЕСКО дар Чин гирифта шуда, бар асоси он, ёдгориҳои таърихии Тахти Сангин, Қалъаи Ямгун, дайри буддоии Аҷинатеппа, Саразм ва қалъаҳои Ҳисору Ҳулбук ва Хоҷамашҳад ба феҳрасти муқаддамотии ЮНЕСКО шомил шудаанд.
Тоҷикистон чанд сол боз талош дошт, 10 ёдгории таърихиашро ба феҳрасти ин созмон ворид кунад.
Ба гуфтаи коршиносон, аксари ин ёдгориҳои номбурдаи Тоҷикистон, ки ба феҳрасти муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гаштаанд, ба таҷдиду бозсозии амиқ ниёз доранд. Онҳо мегӯянд, дар сурати ворид шудани ёдгориҳои Тоҷикистон ба феҳрасти ниҳоӣ бо кӯмакҳои молии ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ масъалаи таъмиру ҳифозати онҳо ҳалли худро хоҳад ёфт.
ЮНЕСКО тасмим гирифтааст, барои таҷдиду бозсозии ёдгориҳои таърихии бахши “Роҳи Абрешим”, ки аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказиро дар фаро мегирад, дар маҷмӯъ 100 миллион доллар ихтисос бидиҳад.