Масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, ба далели он ки масофаи миёни Тоҷикистон ва зукоми хук ҳар чи камтар мешавад ва дар мамлакатҳои ҳамсоя, аз қабили Чин, Афғонистон ва Қирғизистон ин беморӣ сироят кардааст, онҳо талош доранд, ки тамоми тадбирҳои ҷиддӣ ва имконоти заруриро барои пешгирӣ ва табобати саривақтии ин беморӣ, дар даст дошта бошанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар назди Вазорати тандурустӣ ситоди пешгирии паҳншавии вируси зукоми хук таъсис дода шудааст ва доруву ваксинаҳо аз хориҷи кишвар низ оварда шудаанд, ки барои 59 дарсади аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Вай афзуд, «бо назардошти он, ки ин доруҳо ба ҳамаи аҳолӣ намерасад, мо гурӯҳҳои алоҳидаро бо онҳо таъмин мекунем. Пеш аз ҳама ин кормандони соҳаи тиб, кӯдакони аз 6-моҳа боло, занони ҳомила ва дигар гурӯҳҳоеанд, ки зери хатар қарор доранд».
Оқои Ҷаъфаров афзуд, ахиран ду асбоби навтарини ташхиси вируси зукоми парранда ва хук дар фурӯдгоҳи марказӣ насб карда шудааст, ки тавассути онҳо меҳмонону саёҳон ва мусофирони ба кишвар воридшуда, хусусан аз кишварҳое, ки ин беморӣ ошкор шудааст, муоина мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, агарчӣ то ҳоло дар Тоҷикистон зукоми хук ба қайд гирифта нашудааст, вале сар аз 1 октябри соли равон намояндагони ситоди мазкур дар мактабу донишгоҳҳо ва корхонаву муассисаҳо инчунин маҳаллаҳо гашта мардумро бо нишонаҳои фарқкунандаи зукоми хук аз зукоми мавсимӣ ва пайомадҳои он огаҳ месозанд. Ва низ дар сурати сирояти ин беморӣ, дар Душанбе ва маркази вилоятҳои Тоҷикистон, беморхонаҳои вижа омодаи қабули чунин беморон ҳастанд, ки бо доруву таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Феълан дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, аз ҷумла мактабҳои миёна, гимназия ва лисейҳо, афроди ниқобпӯш зиёд ба чашм мерасанд. Ва ба гуфтаи кормандони Вазорати тандурустӣ, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё серодам низ яке аз чораҳои муҳими пешгирии сирояти зукоми хук маҳсуб мешавад.
Мунавввара Салимова, омӯзгори мактаби 10-и пойтахт, мегӯяд, намояндагони Вазорати тандурустӣ бо муаллимони мактаби онҳо бахшхои омӯзишӣ доир кардаанд ва хонандагон дар баробари пӯшидани ниқобҳои махсус инчунин ҳар ҳафта аз ташхиси пизишкон мегузаранд ва хонандагоне, ки бо таббу нишонаҳои зукоми мавсимӣ бистарӣ мебошанд, танҳо баъди ташхису табобати комил ба дарсҳо роҳ дода мешаванд.
Вай гуфт, «мо мутобиқи дастури гирифтаамон ба хонандагон дар бораи ин беморӣ маӣлумот медиҳем ва ҳар ҳафта як бор тамоми хонандагони мактабро дар беморхона аз ташхис мегузаронем. Ҳамаи ин тадбирҳо барои он аст, ки пеши роҳи сирояти зукоми хук гирифта шавад».
Дар ҳамин ҳол Зебо, хонадаи яке аз мактабҳои миёнаи пойтахт, гуфт вай ва ҳамсинфонаш бо дархости роҳбари синф ба дарсҳо бо ниқоб ҳозир мешаванд, вале дар бораи бемории зукоми хук маълумоти кофӣ надорад.
Вай афзуд, «ба мо гуфтанд, як гриппи сахт омадааст, ниқоб пӯшед. Мо дар дарсҳо ниқоб пӯшида меоем. Дигар дар бораи зукоми нав пайдошуда ҳеҷ чиз намедонам».
Ба ин тартиб дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз дар кишвар ягон нафари гирифтори зукоми хук ба қайд гирифта нашудааст, тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 440 000 нафар мубталои зукоми хук шудаанд. Аз ин миён 5 ҳазору 700 нафар дар пайи ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Вай афзуд, «бо назардошти он, ки ин доруҳо ба ҳамаи аҳолӣ намерасад, мо гурӯҳҳои алоҳидаро бо онҳо таъмин мекунем. Пеш аз ҳама ин кормандони соҳаи тиб, кӯдакони аз 6-моҳа боло, занони ҳомила ва дигар гурӯҳҳоеанд, ки зери хатар қарор доранд».
Бо назардошти он, ки доруҳо ба ҳамаи аҳолӣ намерасад, мо гурӯҳҳои алоҳидаро бо онҳо таъмин мекунем. Пеш аз ҳама ин кормандони соҳаи тиб, кӯдакон, занони ҳомила ва дигар гурӯҳҳоеанд, ки зери хатар қарор доранд ...