Ширкати «Барқи тоҷик» қатъи саросарии барқ дар пойтахт ва қисмати умдаи ҷануби Тоҷикистонро ба таври худкор аз кор мондани нерӯгоҳҳои рӯйи рӯдхонаи Вахш арзёбӣ кард.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд муддат ба ин сӯ сохтори энержии Тоҷикистон бо реҷаи худкор ё автономӣ кор мекунад, аз ин хотир, баробари сард шудани ҳаво шиддат дар хати барқи 500-киловолтаи Норак–Регар аз меъёр гузашт ва нерӯгоҳҳои рӯйи рудхонаи Вахш аз кор монданд.
Рӯйи рудхонаи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сарбанд ҳоло барқ истеҳсол мекунанд, ки дар маҷмӯъ, тибқи иттилои «Барқи тоҷик» солона ҳудуди 15 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад.
Аммо қатъи саросарии барқ баъди паёпай аз кор мондани ин нерӯгоҳҳо ва дар ҳоли ҷорӣ шудани маҳдудияти истифодаи барқ дар кишвар сурат гирифтааст ва коршиносон мегӯянд, қабл аз ҳама ин ҳодиса натиҷаи саҳти пасти ҳирфаии ходимон дар ниҳодҳои тақсими барқи кишвар аст.
Георгий Петров аз Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон таҳлиле аз вазъ надоранд, онҳо намедонанд, ки дар кадом вақт ва дар куҷо истеъмоли барқ меафзояд ва ё кам мешавад.
Вай меафзояд, «дар кулл ин як қатъи маъмулии барқ ва як андоза садама ҳам ҳаст, ки тавре дидед, бартараф шуд. Аммо ҳар кор ҳисобу китоб дорад. Бахусус барқ, ки барои Тоҷикистон ҳоло мисли обу ҳаво муҳим аст. Агар ин ҳодиса таҳлили дуруст нашавад, пас ин шурӯъ хоҳад буд, на анҷом. Ин ҳушдоре буд, ки бояд назму тартиб дар ин самт ҷорӣ шавад».
Аммо Маҳдӣ Собиров, коршиноси дигар мегӯяд, дар ҳоле ки Ширкати алюминиум ё Талко, истеъмолгари бузургтарини барқи Тоҷикистон то 50 дарсад истеҳсоли маҳсулоташро коҳиш додааст ва ҳам дар саросари кишвар маҳдудияти барқ ҷорист, ин гуна садамаҳо суоли зиёд халқ мекунанд.
Вай гуфт, «дар ягон сол ба ин андоза бориш набуд. Дар кӯҳҳо ба андозае барф аст, ки ҳатто имсол об нашуд. Ман дар Назарайлоқ будам. Он ҷо ҳатто аз пурбарфӣ натавонистанд роҳ кушоянд. Солҳои пеш агар 20 ҳазор тон ангишт истеҳсол мекарданд, имсол аз бероҳӣ 1 ҳазору 800 тон истеҳсол кардаанд. Яъне захираи об кофист. Аммо бубинед, ки бо як борон барқ саросарӣ қатъ нашуд, ки қаблан ин гуна нашуда буд».
Тибқи иттилои «Барқи тоҷик», имсол нерӯгоҳи Сангтӯда–1 бо иқтидори 3 миллиард киловат-соат ва 38 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар Тоҷикистон фаъол шудаанд. Тибқи ин манбаъ, камбуди барқ имсол аз 5 миллиарди солҳои собиқ ба 1,8 миллиард киловат соат поён омадааст.
Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, дар обанборҳои кишвар обӣ кофӣ вуҷуд дорад, аммо ба хотири пешгирӣ аз мушкилоти сардиҳои зимистон онро сарфа мекунем.
Оқои Нозирӣ афзуд, як далели қатъи саросарии барқ хориҷ шудани Ӯзбакистон аз Сохтори умумии барқи минтақа ва мустақил шудани сохтори барқии Тоҷикистон аст. Георгий Петров низ ин далелро тасдиқ мекунад, аммо мегӯяд, хориҷ шудан аз сохтори умумӣ дар иқдомоти Тоҷикистон, бахусус дар фаъол кардани хати барқи Ҷануб-шимол низ ба назар мехӯрад.
Тибқи иттилоъи «Барқи тоҷик», ин хат, ки қарор буд 11 ноябр ба кор дарояд ва вилояти шимолии Суғдро бо сохтори умумии кишвар пайвандад, ба ҳамин наздикиҳо фаъол хоҳад шуд. Сухангӯи «Барқи тоҷик» гуфт, Тоҷикистон бидуни кишварҳои ҳамсоя низ худро мустақилона бо барқ таъмин карда метавонад.
Қаблан Қазоқистон ва ахиран Ӯзбакистон изҳор дошт, ки 1 декабр аз сохтори умумии барқи Осиёи Марказӣ хориҷ мешаванд. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ба ин вазъ омода буд ва қатъи саросарии барқ дар субҳи рӯзи 9 ноябр инро собит сохт, ки дар ин кишвар ҳам шароити қатъ вуҷуд дорад ва ҳам шароити дубора фаъол намудани шабака.
Рӯйи рудхонаи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сарбанд ҳоло барқ истеҳсол мекунанд, ки дар маҷмӯъ, тибқи иттилои «Барқи тоҷик» солона ҳудуди 15 миллиард киловат соатро ташкил медиҳад.
Агар ин ҳодиса таҳлили дуруст нашавад, пас ин шурӯъ хоҳад буд, на анҷом. Ин ҳушдоре буд, ки бояд назму тартиб дар ин самт ҷорӣ шавад...
Георгий Петров аз Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон таҳлиле аз вазъ надоранд, онҳо намедонанд, ки дар кадом вақт ва дар куҷо истеъмоли барқ меафзояд ва ё кам мешавад.
Вай меафзояд, «дар кулл ин як қатъи маъмулии барқ ва як андоза садама ҳам ҳаст, ки тавре дидед, бартараф шуд. Аммо ҳар кор ҳисобу китоб дорад. Бахусус барқ, ки барои Тоҷикистон ҳоло мисли обу ҳаво муҳим аст. Агар ин ҳодиса таҳлили дуруст нашавад, пас ин шурӯъ хоҳад буд, на анҷом. Ин ҳушдоре буд, ки бояд назму тартиб дар ин самт ҷорӣ шавад».
Аммо Маҳдӣ Собиров, коршиноси дигар мегӯяд, дар ҳоле ки Ширкати алюминиум ё Талко, истеъмолгари бузургтарини барқи Тоҷикистон то 50 дарсад истеҳсоли маҳсулоташро коҳиш додааст ва ҳам дар саросари кишвар маҳдудияти барқ ҷорист, ин гуна садамаҳо суоли зиёд халқ мекунанд.
Вай гуфт, «дар ягон сол ба ин андоза бориш набуд. Дар кӯҳҳо ба андозае барф аст, ки ҳатто имсол об нашуд. Ман дар Назарайлоқ будам. Он ҷо ҳатто аз пурбарфӣ натавонистанд роҳ кушоянд. Солҳои пеш агар 20 ҳазор тон ангишт истеҳсол мекарданд, имсол аз бероҳӣ 1 ҳазору 800 тон истеҳсол кардаанд. Яъне захираи об кофист. Аммо бубинед, ки бо як борон барқ саросарӣ қатъ нашуд, ки қаблан ин гуна нашуда буд».
Тибқи иттилои «Барқи тоҷик», имсол нерӯгоҳи Сангтӯда–1 бо иқтидори 3 миллиард киловат-соат ва 38 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар Тоҷикистон фаъол шудаанд. Тибқи ин манбаъ, камбуди барқ имсол аз 5 миллиарди солҳои собиқ ба 1,8 миллиард киловат соат поён омадааст.
Як далели дигари қатъи саросарии барқ хориҷ шудани Узбакистон аз Сохтори умумии барқи минтақа ва мустақил шудани сохтори барқии Тоҷикистон аст ...