Ширкати «Барқи тоҷик» гуфтааст, ки ба далели набуди созишномаи Тоҷикистону Узбакистон бар сари транзити барқи Туркманистон ин ширкат дар таъмини барқ ба мардум ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, дар шабонарӯз дар Тоҷикистон 38-40 миллион киловат/соат нерӯи барқ тавлид мешавад, ки нисбат ба соли гузошта 3,5 миллион киловат соат зиёд аст. Ва ба гуфтаи коршиносон, метавонад ниёзи мардумро бароварда созад.
Пулод Муҳиддинов, муовини вазири энержи ва саноати Тоҷикистон, мегӯяд, ба ҷуз тавофуқ миёни Тоҷикистону Узбакистон мушкиле пеш омадааст, ки Узбакистон бо истинод ба корҳои таъмиру бозсозӣ системаи шабакаи барқи ҷануби худро, ки бо Тоҷикистон васл аст, аз системаи шабакаҳои воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ҷудо кардааст.
Ҷаноби Муҳиддинов гуфт, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз Узбакистон дар мавриди транзити барқ ва интиқоли он қарздор нест. Баръакс Узбакистон аз барқи тоҷик ҳудуди як миллион доллар қарздор аст. Вай дар робита ба масъалаи транзити барқи Турманистон ба Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон гуфт, «гурӯҳи кории мо дар ҳоли ҳозир дар Тошканд ба сар мебарад ва гуфтугӯҳо дар мавриди транзити барқ идома дорад».
Ба ҳамин далел ва имкони пеш омадани мушкили транзит бо Узбакистон ширкати «Барқи тоҷик» гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи вориди кардани барқи Қазоқистон бо мақомоти ин кишвар низ гуфтугӯҳо идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон ахиран ширкати «Барқи тоҷик»-ро дар масрафи ғайриқонунии нерӯи барқи Қазоқистон аз тариқи шабакаи воҳиди барқии Осиёи Марказӣ муттаҳам карда буд. «Барқи тоҷик» ин иддаҳоро рад накард ва гуфт, ки барқи масрафкардаро ба Қазоқистон бархоҳад гардонд.
Ширкати «Барқи тоҷик» пас аз як моҳи қатъи барқ дар ноҳияҳои кишвар иқрор кард, ки бидуни эъломи режими барқрасонӣ рӯзона ва шабона дар навоҳи барқро қатъ мекунад. Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ гуфт, «бо сабаби он, ки мо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя барқ нагирифта истодаем ва танҳо бо истифода аз иқтидорҳои дохилӣ кор мекунем, ширкати «Барқи тоҷик» маҷбур аст, ки дар аксари ноҳияҳо дар соатҳои муайян барқро қатъ кунад».
Дар ҳамин ҳол мардуми деҳот далели қатъи барқро на ба камбуди барқ медонанд. Ба гуфтаи сокинони ноҳия Хатлон, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо истинод ба иҷрои фармони раисиҷумҳур дар сурате ба мардум барқ медиҳанд, ки онҳо лампаҳои маъмулиро, ки ба фурузонакҳои каммасраф иваз кардаанд, ҷамъоварӣ намуда, ба ниҳодҳои ҳукумати маҳаллӣ супуранд». Аммо сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, ки ин тадбири ҳукуматҳои маҳаллӣ ба қатъ кардани барқ дар ноҳияҳо робита надорад.
Пас суоли матраҳ ин аст, ки чунин фармон аз сӯи кӣ содир шудааст? Ин суолро дар гуфтугӯ бо Неъматҷон Буриев - мушовири раисиҷумҳур дар бахши иқтисод ва Пулод Муҳиддинов - муовини вазири энержӣ ва саноат дар миён гузоштам.
Ҷаноби Буриев дар посух гуфт, «чунин супориш аз сӯи дафтари раёсати ҷумҳурӣ содир нашудааст ва агар дар деҳот чунин иқдом сурат гирифта бошад, ин нодуруст тавзеҳ додани фармони раисиҷумҳур ва қарори ҳукумат аст, ки обрӯи фармони раисиҷумҳурро мерезонад».
Пулод Муҳиддинов, муовини вазири энержӣ ва саноат, низ ба ҳамин назар аст. Ба гуфтаи вай, ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бархе аз мавридҳо барои нишон додани худ аз ҳад мегузаронанд. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ навъ режими барқрасонӣ ба мардум аз сӯи ҳукумат қабул ва роҳандози нашудааст. Ва қатъи барқ дар навоҳӣ ба корҳои омодагӣ ба зимистон ва истифодабарии хати интиқоли барқи шимолу ҷануб рабт дорад.
Пулод Муҳиддинов, муовини вазири энержи ва саноати Тоҷикистон, мегӯяд, ба ҷуз тавофуқ миёни Тоҷикистону Узбакистон мушкиле пеш омадааст, ки Узбакистон бо истинод ба корҳои таъмиру бозсозӣ системаи шабакаи барқи ҷануби худро, ки бо Тоҷикистон васл аст, аз системаи шабакаҳои воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ҷудо кардааст.
Узбакистон бо истинод ба корҳои таъмиру бозсозӣ шабакаи барқи ҷануби худро, ки бо Тоҷикистон васл аст, аз системаи воҳиди энержии минтақа ҷудо кардааст ...
Ба ҳамин далел ва имкони пеш омадани мушкили транзит бо Узбакистон ширкати «Барқи тоҷик» гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи вориди кардани барқи Қазоқистон бо мақомоти ин кишвар низ гуфтугӯҳо идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон ахиран ширкати «Барқи тоҷик»-ро дар масрафи ғайриқонунии нерӯи барқи Қазоқистон аз тариқи шабакаи воҳиди барқии Осиёи Марказӣ муттаҳам карда буд. «Барқи тоҷик» ин иддаҳоро рад накард ва гуфт, ки барқи масрафкардаро ба Қазоқистон бархоҳад гардонд.
Ширкати «Барқи тоҷик» пас аз як моҳи қатъи барқ дар ноҳияҳои кишвар иқрор кард, ки бидуни эъломи режими барқрасонӣ рӯзона ва шабона дар навоҳи барқро қатъ мекунад. Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ гуфт, «бо сабаби он, ки мо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя барқ нагирифта истодаем ва танҳо бо истифода аз иқтидорҳои дохилӣ кор мекунем, ширкати «Барқи тоҷик» маҷбур аст, ки дар аксари ноҳияҳо дар соатҳои муайян барқро қатъ кунад».
Дар ҳамин ҳол мардуми деҳот далели қатъи барқро на ба камбуди барқ медонанд. Ба гуфтаи сокинони ноҳия Хатлон, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо истинод ба иҷрои фармони раисиҷумҳур дар сурате ба мардум барқ медиҳанд, ки онҳо лампаҳои маъмулиро, ки ба фурузонакҳои каммасраф иваз кардаанд, ҷамъоварӣ намуда, ба ниҳодҳои ҳукумати маҳаллӣ супуранд». Аммо сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, ки ин тадбири ҳукуматҳои маҳаллӣ ба қатъ кардани барқ дар ноҳияҳо робита надорад.
Ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бархе аз мавридҳо барои нишон додани худ аз ҳад мегузаронанд ...