Вокунишҳо ба афви 10 ҳазор нафар

Эълони афви умумии 10 ҳазор нафар аз як сӯ мавриди истиқболи ҷомеа қарор гирифта, аз сӯи дигар арзёбиҳои гуногунеро халқ кардааст.
Бархе аз соҳибназарон озодии бахши умдаи маҳбусонро, ки шумораи умумии онҳо 11 ҳазор нафар аст, як "сенсатсия" ва эҳтимоли бадтар шудани вазъи ҷиноӣ номанд, бархи дигар суолеро матраҳ мекунанд, ки ин афв оё ба маҳбусони саршинос рабте мегирад ё на.
Ҳамчунин ҳамон силоҳбадастони Фронти халқӣ ва саркардаҳояшон мисли Ёқуб Салиму Ғаффор Мирзо бигзор шомили ин афв шаванд. Ё шомили ҳоли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз собиқ Иттиҳоди оппозисиони тоҷик шавад...

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ин афвро ба муносибати 15-умин солгарди Қонуни асосии кишвар ва ҳамчунин соли гиромидошти Имоми Аъзам- поягузори мазҳаби ҳанафӣ эълон кард. Тарҳи қонун барои баррасӣ ва таъйид ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ирсол шудааст. Қарор аст бар пояи он наздики 10 ҳазор нафар аз зиндониён ва афроде, ки таҳти таъқиб ё дар боздоштгоҳҳои муваққат қарор доранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шаванд.

Дар маҷмӯъ эълони афв аз сӯи раиси ҷумҳурро бештари чеҳраҳои саршинос ва афроди маъруф ва ҳамчунин маҳофили сиёсии кишвар бо хушӣ истиқбол карданд.

Аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода- узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт,ки ин иқдоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон як амали башардӯстона ва қобили таҳсин аст. Махсусан, ки президент ба муносибати гиромидошти Имоми Аъзам ба як чунин амали нек ва инсонпарварона иқдом карда зиндониёнро аз маҳбасҳо раҳо мекунанд.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд ӯ умедвор аст,ки афви ин навбати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба афроде ки имрӯз дар воқеъ аз карда пушаймон шудаанд ва махсусан ба размандагони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва силоҳбадастони Фронти халқӣ ва низ ба нафароне чун Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев татбиқ хоҳад шуд. Ба бовари оқои Тураҷонзода ин афрод дигар барои ҳукумати Тоҷикистон хатар ва таҳдид буда наметавонанд.

Вай мегӯяд: «Ба муносибати ҷашни Имоми Аъзам ва 15 солагии қабули Қонуни асосӣ хусусан ба муносибати ҷашни ҳазрати Имом қабули қонуни афв ин як рамзи бузург аст. Умедворам, дар миёни ин даҳ ҳазор, ки мавриди афв қарор мегиранд афроди гуногун хусусан касоне, ки аз собиқ размандагони собиқ Иттиҳодияи оппозисиюн , ки имрӯз мутаассфиона бо вуҷуди содир шудани чанд маротиба афвҳо дар зиндонҳо ҳастанд озод мешаванд, ё ки касоне, ки дар ҷустуҷӯву таъқиби ҷиноӣ қарор доранд ва 8 , 10 сол аст дар Русия ва кишварҳои дигар панаҳ бурда наметавонад ба назди фарзандону падару модар оянд , шояд шомили ҳоли онҳо мешавад. Ҳамчунин ҳамон силоҳбадастони Фронти халқӣ ва саркардаҳояшон мисли Ёқуб Салиму Ғаффор Мирзо бигзор шомили ин афв шаванд. Ё шомили ҳоли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз собиқ Иттиҳоди оппозисиони тоҷик шавад.»

Вале бештари коршиносон ва мутахассисони умури ҳуқуқ бар раҳоии чунин нафарон дар пайи иҷрои қонуни афв хушбин нестанд.

Абдуқаюм Юсуфов- як тан аз вакилони дифоъ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, эълони чунин афве, ки дар пайи он наздики 10 ҳазор аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шавад, як «сенсасия» аст. Зеро бар пояи маълумоти манобеи расмӣ шумори умумии зиндониёни Тоҷикистон аз ин рақам чизе бештар яъне ҳудуди 11 ҳазор аст. Ва агар ҳатто нисфе аз ин афрод тибқи афви нав аз зиндонҳо озод шаванд, маҳбасҳои кишвар то нисф холӣ хоҳанд гашт.

Вале бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳои пешинаи қабули қавонини афв гумон аст ба афроде, ки бо ҷурмҳои «хиёнат ба ватан», «кӯшиши анҷоми табаддулоти давлатӣ» ва ё даъват ба «сарнагунии ҳокимияти қонунӣ» ҳукмим зиндон гирифтаанд татбиқ шавад.

Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ашхосе, ки бо ҷиноятҳои одамкушӣ , хиёнат ба ватан, кӯшитши табаддулоти давлатӣ , ҷиноятҳое, ки бюарои вайрон кардани сохтори конститутсионӣ ё ки халалдор кардани ин сохтор равона шудаанд аз ҷумла таблиғу ташвиқот оиди сарнагун сохтани ҳокимияти мавҷуда татбиқ карда намешаванд.

Аз Муҳаммадалӣ Ватанов- вакили Маҷлиси намояндагон ва собиқ муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон пурсидам, ки афви эълонкардаи президент ин навбат ба кадом гурӯҳе аз зиндониён ва ё муттаҳимин татбиқ хоҳад шуд.

Оқои Ватанов гуфт бар асоси тарҳи пешниҳодшуда аз сӯи президенти Тоҷикистон, ки айни замон дар дасти баррасии парлумони кишвар қарор дорад ин қонун ба шахсоне татбиқ мешавад, ки даст ба ҷиноёти сангин назадаанд ва ҳамчунин раҳоии онҳо барои ҷомеа ва амнияти миллӣ хатар бор намеоварад: «Аз рӯи лоиҳае, ки ба дасти мо расидааст ки дар он як қатор меъёрҳое пешбинӣ шудаанд, ки масъалаи афви як гурӯҳ шаҳрвандон ё ки маҳкумшудагоне ки ё шахсоне ки ҷиноят содир карда парвандаҳои онҳо дар ҳоли баррасист ё онҳо аллакай аз тарафи судҳо маҳкум шудаанд. баррасӣ мегардад. Бояд қайд кард, ки дар ин лоиҳа пеш аз ҳама пешбинӣ мешавад,ки занҳо, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳҳои 1,2., ва 3 гирифторони бемориҳои сил, иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва дигар амалиётҳои ҷангӣ озод хоҳанд шуд.»

Ҳамзамон бо ин Муҳаммадалӣ Ватанов таъкид кард, ки қонуни афв барои ҳар нафари маҳкумшуда ва ё дар зери бозрасӣ ва таъқиби мақомот қарордошта ба таври алоҳида ва дар доира моддаи мушаххаси ин қонун татбиқ мешавад. Аз ин рӯ раҳоии ин шумораи бузурги муҷримин ва ё мутаҳҳамон ба вазъи ҷиноии кишвар таъсири манфӣ расонида наметавонад.

Вале ба ҳар сурат оё ин имкон низ вуҷуд дорад, ки дар ҷараёни татбиқи қонуни афв зиндониён ва ё афроди мазнун бо додани ришва ва ё маблағе муайян ба додгоҳҳо ва ё бозрасони ниҳодҳои тафтишотӣ ба озодӣ бароянд? Абдуқаюм Юсуфов- як тан аз вакили мудофеъ дар шаҳри Душанбе мегӯяд ин маворидро наметавонад, истисно кунад.

Аммо як камбуди қавонии афви то ба имрӯз ба тасвибрсида дар Тоҷикистон ин аст, ки мегӯяд адвокат Юсуфов доғи судӣ аз шаҳрванд бардошта намешавад, дар ҳоле ки бар пояи мавозини байналмилалӣ вақте шахс мӯҳлати адои ҷазоро ба анҷом мерасонд ва ё бар пояи қонуни афв аз зиндонҳо раҳо мешавад ин доғ аз ӯ бардошта мешавад.

Ба ин тартиб ин барои бори 12 –ум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳурииТоҷикистон дар даврони раёсати худ зери санади афв имзо мегузорад. Қабл аз ин раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ба муносибати ҷашни даҳумин солгарди имзои Созишномаи сулҳи миёни Тоҷикистон қонуни афвро имзо карда буд.