Шикоят аз дуруштӣ ва дилсардии момодояҳо

Солҳои ахир шикояти занони тоҷик аз муносибати дурушт, дилсардона ва беҳунаронаи момодояҳои зоишгоҳҳо бамаротиб афзоиш ёфтааст.
Ба гуфти Гулбаҳори 42 сола, модари чаҳор фарзанд, ҳангоми таваллуди писари панҷумаш табибони дасти кӯдакро сахт кашида, ӯро маъюб карданд.

Вай бо алам мегӯяд: «Гуфтанд, ки чандум фарзанд аст, гуфтам панҷум. Гуфтанд, мон, панҷумаш бошад, худаш таваллуд мекунад. Аламам кард, ки наход панҷумаш ҳам бошад, ҳам нигоҳ намекунанд. Гуфтанд ки кӯдакат мурдагӣ, ман бо дард шиштагӣ будам. Акнун намедонам мурда гуфта зӯран кашида гирифтанд. Кӯдак каб-кабуд таваллуд шуд.”

Хонум Гулбаҳор мегӯяд, ки инак, ду сол мешавад, як тарафи писараш, яъне даступойи чапи ӯ кор намекунад. Ҳарчанд барои табобати кӯдак талош мекунад, аммо шифое намеёбад. Ӯ тавони ба додгоҳ кашидани касеро низ надорад. Чун барои ин кор на ҳол дорад ва на бовар.

Ҳамноми ӯ, Гулбаҳор Ашӯрова, сардори Раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдаки Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз омори дақиқи чунин ҳолатҳо ва шикояти модарон дар ин маврид ба қайд гирифта нашудааст. Вале мешавад, ҳолатҳое ки кӯдакон ба осонӣ таваллуд намешаванд.

Вай гуфт: «Мутахассисони миёнаи тиб, дар ин бахш момодояҳо, ҳамшираҳои тибӣ ҳастанд, онҳо кор мекунанд, вале бисёри занҳо бо сабабҳои дигар сари вақт ба беморхона намеоянд. Ин ҳам, албатта, сабаби ноқис таваллуд шудани кӯдакон мешавад.»

Равоншинос Маҳмуд Kабирӣ мегӯяд, ки вақте модарон рӯҳану ҷисман ранҷ мекашанд, кӯдаки дар батни модар буда, низ зери фишори равонӣ қарор мегирад. Ва дар бисёр ҳолатҳо кӯдак мариз ба дунё меояд. Чунин кӯдак бо фишори баланди даруни косахонаи сар таваллуд мешавад.

Ин пизишк мегӯяд, соҳаи беҳдошт бояд аз пайи боло бурдани малакаву дониши момодояҳо бошад ва барои онҳо барномаҳои тамрин созмон диҳад. Зеро, меафзояд ӯ, момодояҳо бо ҷони зинда сари кор доранд ва иштибоҳи кӯчактарин дар марҳилаи таваллуди кӯдак метавонад, натиҷаи нохушоянд диҳад. Натиҷае, ки ҳам модару кӯдакро бадбахт мекунад ва ҳам ҷомеъаро аз як фарди солим маҳрум мегардонад.

Холаи Гулбаҳор, қаҳрамони гузориши ман, се сол боз дар пайи дармони дарди писараш сарсон аст. Ҳамсолони писари у кайҳост, бо пойи худ мераванд ва шӯхона бозӣ мекунанд. Дасту пойи беҳаракати кӯдакаш ҷигари ӯро хун мекунад ва мегӯяд, ки бубин ки беэътиноии як момодоя чанд нафарро бадбахт кард. Уву писарашро ва бародарони уро, ки дилашон ба додари маъюбашон пайваста месузад.

Дар Тоҷикистон монанди хонум Гулбаҳор ҷабрдидаҳо ангуштшумор нестанд. Вале масъулон ба шикояти онҳо кам эътибор медиҳанд.

Пизишки атфол, Дилафрӯз Раҷабова, мегӯяд, дар кори ҳаррӯзаи худ борҳо мушоҳида кардааст, ки кӯдакон аз рӯзҳои аввали таваллуд ба истилоҳ сад дарди бедаво доранд. Умдатарин дарде, ки феълан аксари кӯдакони навзодро то синни се-чаҳорсолаги азият медиҳад, фишор мағз аст, ки ба гуфтаи табибон як сабаби аслии он зери фишор мондани мағзи кӯдак ҳангоми таваллуд аст. Ва ин кӯдакон баъди аз зоишгоҳ баромадан то як сол дар зери назорати табибон қарор мегиранд.

Раҷабова меафзояд: “Вақте кӯдакон таваллуд мешавад, он ноқисҳое ки дар кӯдак аст мо ба модарон мегӯем. Баъзан ҳолат кӯдак ба осонӣ таваллуд намешавад, ё вазни кӯдак калон аст ва даҳҳо ҳолати дигар ҳангоми таваллуд рух медиҳанд.”

Ба гуфти пизишкони атфол, омили дигаре ки боиси нигаронии ҷомеа аст, афзоиши теъдоди таваллуди кӯдакони ноқис мебошад. Бархе аз кӯдакон бо нуқси равонӣ ё ҷисмонӣ ба дунё меоянд. Масалан, иддае аз онҳо модарзод якчашма таваллуд мешаванд.

Ба гуфти пизишк Фирӯза Зокировна, дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таваллуди се кӯдаки ноқис ба қайд гирифта шудааст. Яке аз чунин кӯдакон як чашм дорад. Мутахассисон аз афзоиши таваллуди кӯдакони ноқис изҳори нигарони намуда, мегӯянд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо бояд модарон то рӯзи таваллуд ва баъдан аз то яксолагии тифл ҳатман дар зери назорати табибон бошанд.

Бар асоси иттилоъи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 2403 кӯдаки то синни яксола ва 557 кӯдаки аз як то чаҳорсола аз бемориҳои мухталиф ҷони худро аз даст додаанд.

Дар нӯҳ моҳи аввали соли 2008 шумори кӯдакони то яксола, ки фавт кардаанд, 2 223 ва кӯдакони аз як то чаҳорсола 632 нафар будааст. Аз ин теъдод 73 дарсади кӯдакон бар асари ибтило ба бемориҳои роҳи нафас, 26 дарсад шикамдард ва ҳудуди 53 дарсади кӯдакон дар манзил фавт кардаанд.