Имрӯз дар Афғонистон 2 чархболи амрикоӣ суқут кардаанд, ки дар натиҷа 14 нафар амрикоиҳо кушта шуданд.
Низомиёни Амрико мегӯянд, дар ҳодисаи аввал чархбол дар ғарби Афғонистон ҳангоме, ки саҳнаи даргириҳо бо шӯришиёнро тарк мекард, ба замин сарозер шуд. Дар ин ҳодиса 10 амрикоӣ-7 сарбоз ва 3 ғайринизомӣ, ки кормандони ҳукумат будаанд, кушта шудаанд.
11 сарбози дигар, як шаҳрванди Амрико ва 14 шаҳрванди Афғонистон ҷароҳат бардоштаанд.
Дар як ҳодисаи дигар дар ҷануби Афғонистон ду чархболи амрикоӣ ҳангоми парвоз ба ҳам бархӯрдаанд, ки дар натиҷа 4 нафар амрикоӣ кушта, 2 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Низомиён мегӯянд, дар ҳодисаи дуввум аз тарафи шӯришиён тирандозӣ мушоҳида нашудааст.