Тақсими қудрат дар Афғонистон қобили қабул аст

Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, то ҳол тақсими қудрат дар Афғонистон миёни Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-рақиби интихоботии вай қобили қабул аст. Ян Келлӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ин кор "ба наҳваи ташкили чунин қудрат ва иҷрои он" бастагӣ дорад. Баъд аз 2 моҳи мубоҳисот роҷеъ ба натиҷаҳои интихоботи расёсати ҷумҳурӣ Карзай ва рақиби вай Абдуллоҳ-вазири пешини умури хориҷаи Афғонистон розӣ шуданд, ки 7-ӯми ноябр даври дуввуми интихобот баргузор шавад. То ҳол ин ду ҷониб масъалаи ташкили ҳукумати эътилофиро, ки битавонад ба ҷои баргузории даври дуввум ташкил шавад, баррасӣ мекунанд.