Нархи нафт дар соли ҷорӣ ба бололтарин нуқтаи худ расид, дар ҳоле, ки арзиши доллар дар баробари евро зинаи дигар поин омад. Нархи нафти хом 3 дарсад ё 2 доллару 25 сент боло рафт ва акнун барои як бушка 81,37 долларро ташкил медиҳад. Дар 14 моҳи ахир арзиши доллар дар баробари евро ба поинтарин нуқтаи худ расид ва ҳоло 1 евро дар ивази 1,5 доллар ба фурӯш меравад. Нафт маъмулан бо доллар нархгузорӣ мешавад, бад-ин тариқ кишварҳое, ки бо пулҳои дигар нафт харидорӣ мекунанд, нархи нафт барояшон арзонтар тамом мешавад.