М.Ниёзов: Кишварҳои минтақа ба ҳам эътимод надоранд

Ҳодисаҳои ахир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон нишон медиҳад, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пахши иттилоъ ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад.
Марзбонҳои тоҷик хабари боздошти чаҳор нафари муттаҳам дар ҳамла ба постгоҳи марзии Қирғизистонро рад карданд. Аз ин пеш онҳо вуруди ин гурӯҳ аз қаламрави Тоҷикистон ба хоки кишвари ҳамсояро низ инкор карда буданд. Ба назар мерасад, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳарчанд онҳо ба ҳама созмонҳои минтақаӣ, аз ҷумла, созмонҳои низомӣ шомиланд, ҳатто дар пахши иттилоъ ҳамоҳангӣ вуҷуд надорад.

Сабаб чист? Чаро кишварҳои узви як созмон амалҳои худро ҳамоҳанг намекунанд ва аксар вақт дар ҳаводиси минтақаӣ масъулиятро бар дӯши ҳамдигар мегузоранд? Посухи ин суолро дар як сӯҳбати телефонӣ аз Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон, хостем.

Ӯ мегӯяд, «кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамагӣ давлатҳои тозабунёданд ва аз таҷрибаи кофии давлатдорӣ бархурдор нестанд. Аз ин рӯ аксар вақт сарони ин кишварҳо аз рӯи эҳсосот амал мекунанд ва на оқилонаву дуруст. Онҳо ҳамеша талош мекунанд, ки масъулиятро бар дӯши дигар кишварҳо гузоранд. Бадбахтӣ дар он аст, ки мо дар як фазову муҳит ба сар мебарем ва аммо мехоҳем, ки мушкилҳоро аз нуқтаи назари сиёсӣ ҳаллу фасл кунем. Ҳол он ки мушкилҳоро аз назари илмӣ ҳал бояд намуд. Ана ҳамин ҳамоҳанг набудани амал ё номутобиқатӣ натиҷаи талоши ҳар сарвари кишвар, ба вижа сарони кишварҳои аз ҷиҳати қаламраву нуфуз ва аз нерӯи ҳарбӣ бузургтар, барои раҳбарӣ ба минтақа ва талоши ба дигарон фармонфармоӣ кардан аст. Ва аз нигоҳи ман, ба ҳамин хотир дар амалҳои кишварҳо ҳамоҳангӣ нест, кишварҳо ба ҳамдигар эътимод надоранд. Ҳар кишвар талош дорад то мушкилиҳои сиёсӣ ва ё иқтисодиву муҳитизистиро ба нафъи худ ҳал кунад. Яъне ин чизҳо муқаррариеанд, ки ба ҳамаи бахшҳо нақши худро мегузоранд.

Суол: -Ва тавре мебинем, дар ҳаводиси ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ ҳамин гуна талошҳову ноҳамоҳангиҳо сурат гирифтанд...

Мирослав Ниёзов: -Комилан дуруст аст. Ба ҷойи он ки бо амалҳои ҳамоҳангшуда ва тавассути ҳамкории фаъол дар маҳви ин гурӯҳи ҷиноӣ саҳм бигирем, масъулиятро бар дӯши ҳамдигар мегузорем. Бале, дар кишварҳои мо низомҳои гуногуни сиёсӣ мавҷуданд, дар баъзе кишварҳо низом либералитар аст, кишварҳое ҳастанд, ки аз режим шадидтар кор гирифтаанд. Аммо мушкилҳо ва таҳдидҳое ҳастанд, ки мо бояд онҳоро якҷоя паси сар кунем. Мутаассифона, барои ин иродаи сиёсӣ кофӣ нест ва агар ошкортар бигӯем, барои ин гуна ҳамкории ҷиддӣ аслан иродаи сиёсӣ мавҷуд нест.

Суол:
-Дар робита ба ҳаводисе, ки чанд рӯз боз дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад... Шумо дар бораи ин ҳаводис чӣ назар доред ва ин чӣ гуна гурӯҳе буд, ки аз марз убур кард ва чӣ ҳадаф дошт?

Мирослав Ниёзов: -Ман намедонам, ки чӣ гуна фарзияҳои расмӣ дар бораи ин ҳодисаҳо мавҷуданд ва аммо чӣ фарзияҳое, ки ба миён гузошта нашавад, дар ин бора чизе гуфтан душвор аст. Онҳо метавонанд қочоқбарони маводи мухаддир бошанд, ё ифротгароҳои исломӣ, ё ягон гурӯҳи ҷиноӣ ваё мухолифини мусаллаҳ. Зимнан ҳамаи он гурӯҳҳое, ки ман номбар кардам, дар водии Фарғона ҳузур доранд ва гуфтан ки аъзои кадоме аз ин гурӯҳҳо марзшиканӣ кардаанд, душвор аст. Ва аммо муҳим он аст, ки ин ҳама гурӯҳҳо метавонанд муттаҳид шаванд ва дар он сурат онҳо барои ҳамаи водии Фарғона таҳдиди воқеӣ хоҳанд кард. Боз он омилро бояд дар ёд дошт, ки сатҳи эҳтирозҳо, яъне эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар водии Фарғона, басо баланд аст ва ин пуштибонӣ аз мухолифину тундравҳои мусаллаҳро афзоиш медиҳад ва ин ҳам хатари ҷиддист.