Дар шаҳри Бишкек маросими муаррифии маҷмӯаи осори шоираҳо ва нависандаҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки таҳти унвони «Булбул дар қафас» унвон дорад.
Ин маҷмӯаи нахустини адибаҳои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки дастаҷамъона ва ба забони англисӣ мунташир ёфтааст. Ба гуфтаи Далмира Тулепбергенова, яке аз муаллифони маҷмӯаи «Булбуле дар қафас», намунаҳо аз осори Мадина Умарова ва Зарина Ҷондосова аз Қазоқистон, Людмила Бакирова ва Гӯзал Янишева аз Ӯзбакистон, Қизилгул Тагандурдиева ва Оғултош Орозтаганова аз Туркманистон, Фарзонаи Хуҷандӣ ва Гулчеҳра Пӯлодова аз Тоҷикистон, ҳамчунин намунаҳои маҳсули қалами Вера Иверсен ва худи ӯ аз Қирғизистон дар ин маҷмӯа гирдоварӣ ва ба мухлисони назму насри муосир тақдим шудааст. Далмира Тулепбергенова мегӯяд, ин маҷмӯа ҳамагӣ ба теъдоди 500 нусха мунташир шуд ва иллати маҳдудияти теъдоди нашри он ба камбуди молӣ вобаста аст.
Фарзонаи Хуҷандӣ, шоираи мумтози тоҷик, ки ин маҷмӯа сенздаҳ шеъри ӯро ҷойгузин кардааст, ба радиои Озодӣ гуфт, хушбахтона, ин маҷмӯа, ки дар шаҳри Алмаато бо саъйу эҳтимоми сардабири он Иля Клауз ва маҳфили ПЕН-и Финландия ба чоп расид, як ибтикор ва ифтитоҳи бисёр наҷиб боз кард ва шинохти адибаҳои ин минтақа мебошад. Вай афзуд, даҳ нафар бонуи суханвар аз панҷ ҷумҳурӣ интихоб шудаанд ва ба ақидаи ӯ, нафарҳои хеле шоиста ва сазовор аз ҷумлаи занони суханвар дар Тоҷикистон низ ҳастанд, ки бояд мавриди муаррифӣ қарор гиранд.
Ба гуфтаи Фарзонаи Хуҷандӣ коре, ки таълифкунандагони маҷмӯа анҷом додаанд, кори сода нест, зеро ашъор ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шудааст ва ба мухлисон пешкаш гардидааст. Ба гуфтаи Фарзона, унвони маҷмӯа аз як шеъри вай маншаъ гирифтааст. Вай мегӯяд, ғайр аз он ки ин шеърҳои ӯ ба хонандагон пешкаш шудаанд, ҳамчунин номи китоб аз як шеъри ӯ, ки «Булбуле дар қафаси синаи ман» ном дорад, унвон гирифтааст. Вай меафзояд, дар пушти устухонии ҳар як суханвар паррандае ҳаст, булбулеву тоире ва кабӯтаре ҳаст, ки паёми субҳ ва паёми сармади ишқу зебоӣ медиҳад.
Шоираи тоҷик боз мӯътақид аст, ки агар ашъори шоираҳои тоҷики асри бист ва оғози асри бисту як гирдоварӣ шаванд, чанд ҷилд китобро ташкил хоҳанд дод. Вай гуфт, орзу дорад, ки булбули пушти қафар нағмаҳои худро раҳо мекунад ва ин нағма ба гӯши мардуми офоқ мерасад.
Маркази ПЕН созмони иҷтимоии адибони мустақили Қирғизистон аст, ки дар табъу нашри адибони маҳаллӣ перомуни шинохти онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дасти кумак дароз кардааст. Қирғизистон соли 2002 ба узвияти байнулмилалии ПЕН пазируфта шудааст. Ногуфта намонад, ки Далмира Тулепбергенова, ҳамсӯҳбати аввали мо, филмҳои кӯтоҳметраж низ таҳия мекунад. Ба гуфтаи ин адибаи қирғизи муқими Маскав, бо нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров аз наздик ҳамкорӣ дорад. Далмира Тулепбергенова гуфт, ки тасмим гирифтааст, аз рӯи яке аз асарҳои ин нависандаи мумтози тоҷик филме биофарад.