Нигаронӣ аз афзоиши худкушӣ

Додситонии Бадахшон аз мавҷи худкушӣ дар Бадахшон нигарон аст.
Носирхуҷа Додохонов, додситони шӯъбаи тафтишоти додситонии Бадахшон дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки тайи 9 моҳи соли равон танҳо фақат дар ноҳияи Роштқалъа 11 кас худкушӣ намудааст, ки ба нишондиҳандаи як соли гузашта дар вилоят баробар будааст.

Бештари ҳодисаҳои худкушӣдар навоҳии Роштқалъа, Шуғнон ва Рушон ба вуқӯъ пайвастаанд. Мақоми додситони ҳамчунин аз афзоиши ин раванд дар байни наврасон ва донишҷӯён изҳори ташвиш намуда гуфт, ки дар байни афроди худкушикарда, аҳор ноболиғ ва чаҳор донишҷӯ низ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақоми додситонӣ, бештари ҳодисаҳои худкушӣ бар асари омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, равонӣ ва хушунати оилавӣ ба вуқӯъ мепайванданд, аммо бинобар ошкор нашудани сабаб ва мавҷуд набудани асос оид ба ягон ҳодисаи худкушӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Додситон алоқаманди нишон надодани наздикони ашхоси худкушикардаро бо мақомот дар таҳқиқи сабабҳои худкушӣ мармуз мондани чунин ҳодисаҳо шуморида гуфт, ки дар ягон маврид хешутабор ба кушодани ҷасад ризоият надодаанд.

Додситон гуфт, ки танҳо дар ноҳияи Роштқалъа чанд сол қабл бо дарёфти маълумот дар мавриди ба худкушӣ расондани зан аз тарафи шавҳар мақомоти тафтишотӣ ба кушодани қабр ва ҷасад иқдом карда, ҷой доштани зӯровариро собит сохтанд ва шавҳари ҷафокорро паси панҷараи маҳбас шинонданд. Додситон ҳамчунин муносибати рӯякии мақомоти тафтишотии марҳилаи аввалро ба таҳқиқи ҳодисаҳои худкушӣ сабаби дигари нокушода мондани чунин ҳодисаҳо арзёбӣ намуд.

Аммо сардори раёсати дохилаи Бадахшон Абдулло Навҷавонов манфиатдор будани хешу ақрабо ба пинҳон доштани сабабҳои худкуширо монеъ дар роҳи таҳқиқи ин ҳодисаҳо мешуморад. Вай гуфт, ки дар пайи вуқуи чунин як ҳодиса дар ноҳияи Шуғнон иттилоъ дарёфт намудаанд, ки ҳодиса бар асари хушунат ва таҳқир рух додааст. Аммо дар ҷараёни тафтишот кормандони милиса натавонистанд сабабҳои худкуширо исбот кунанд.

Дар ҳамин ҳол бонкҳо бо нигаронӣ аз афзоиши худкушӣ бар иловаи дигар ҳуҷҷатҳо алҳол аз қарзгирандагон маълумотнома дар бораи ваъи саломатии руҳиашонро талаб мекунанд.

Аз оғози соли равон то ба ҳол дар Бадахшон 22 ҳодисаи худкушӣ ва 5 талоши худкушӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Ба иттилои додситонӣ, 18 нафари худкушикардагон ва суиқасд ба худкушӣ карда ашхосе будаанд, ки ҷойи кор надоштаанд.