Таҷлил аз таъсисёбии Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ

14-уми октябри соли 1924 ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон таъсис ёфтааст. Пас аз панҷ сол, 16-уми октябри соли 1929 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ташкил шуд.
Ҳарчанд ин ду рӯйдоди таърихӣ дар ҷиҳати бақои миллату давлати тоҷикон муҳим арзёбӣ мешавад, аммо пас аз касби истиқлоли
Агар мо соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии советии сосиалистӣ эътироф намешудем, 9 сентябри 1991 мо худро давлати мустақил эълон карда наметавонистем. Ҳеҷ кас моро ътироф намекард.
Тоҷикистон ин санаҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст. Ин ду рӯйдод дар тақвими имрӯзаи Тоҷикистон вуҷуд надорад ва муддати 18 соли ахир ҳеҷ гуна таҷлиле дар ин замина сурат нагирифтааст. Ҳарчанд, ду ҳафта қабл Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостори баргузории ҷашни 80-солагии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шуд, аммо давлат то ба ҳол ба ин иқдом посухе надодааст. Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, «агар декларасия дар бораи Тоҷикистон намебуд ва агар мо соли 1929 ҳамчун ҷумҳурии советии сосиалистӣ эътироф намешудем, агар дар Иттиҳоди Шуравӣ намебудем, 9 сентябри 1991 мо худро давлати мустақил эълон карда наметавонистем. Ҳеҷ кас моро ътироф намекард. Автономӣ мемондем ва ҳатто мумкин буд автономӣ низ барҳам мехӯрд».

Ба ин тартиб, 85 сол муқаддам дар таърихи 14-уми октябри соли 1924 Тоҷикистон ба унвони ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбакистон таъсис ёфт. Мирзо Наимов, доктори улуми таърих, сабаби ин амрро чунин шарҳ медиҳад, «Азбаски, дар сарварии ҷумҳурии Туркистон ва Бухоро бештар туркҳо ва узбакҳои шовинист буданд, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ надоданд, ки дар Тоҷикистон ҷумҳурии мустақил шавад. Чун пантуркистон мақсад доштанд, дар Осиёи Марказӣ як ҷумҳурии ягонаи Туркистон дар тобеияти Туркия ташкил карда шавад. Узбакҳо мехостанд, ки тоҷикҳо умуман вуҷуд надошта бошанд ва халқи тоҷик дар ҳайати Узбакистон бимонад».

Доктор Наимов бар ин назар аст, ки чунин ҳадафҳои нопоки пантуркистон ва узбакон дар он давра, раҳбарони вақти ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, ба вижа Нусратулло Махсумовро водор кард, то барои ҷумҳурии мустақил шудани ин кишвар талошу заҳмати зиёде ба харҷ бидиҳанд. Ҳамчунин ба гуфтаи доктор Наимов, Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик бо таълифи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» собит кард, ки тоҷик ҳаққи доштани ҷумҳурии мустақилро дорад.

Бо гузашти панҷ сол ва дар пайи ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, 16 октябри соли 1929 Тоҷикистон Ҷумҳурии
Азбаски, дар сарварии ҷумҳурии Туркистон ва Бухоро бештар туркҳо ва узбакҳои шовинист буданд, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ надоданд, ки дар Тоҷикистон ҷумҳурии мустақил шавад. Узбакҳо мехостанд, ки тоҷикҳо умуман вуҷуд надошта бошанд ва халқи тоҷик дар ҳайати Узбакистон бимонад.
Шуравии Сотсиалистӣ гардид. Аммо ин дафъа низ бузургтарин шаҳрҳои тоҷикнишин - Бухоро, Самарқанд ва Фарғона дар ҳайати Узбакистон боқӣ монд. Ин аст, ки академик Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Тоҷикистон ин тақсимоти ҳудудӣ ва ҷуғурофӣ дар Осиёи Миёнаро «табартақсим» меномад.

Бо ин ҳама ноадолатиҳо, Юсуфшоҳ Яқубов, муаррихи тоҷик, санаҳои 14 октябри соли 1924 ва 16 октябри соли 1929 – ро аз воқеъоти тақдирсоз барои наҷоти миллату давлати тоҷик медонад ва мегӯяд маҳз ин давраҳо барои худшиносии миллии тоҷикон заминаро фароҳам кард, «дар обу тоб ёфтан ва худшиносӣ корҳои хеле зиёд шуд. Имрӯз ки худшиносӣ мегӯем, аз соли 1924 оғоз шуд ва соли 1929 ин худшиносӣ мустақилияти бештар пайдо кард. Ва он худшиносие, ки ба сина мезанем ва ифтихор меунем дар тӯли 70 сол ба даст омадааст».

Масъулони давлатӣ аз посух ба ин суол, ки чаро аққалан 80 – солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо баргузории барномаҳои мухталифи ҷашнӣ таҷлил намешаванд, худдорӣ мекунанд. Аммо Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист сабаби инро чунин баён кард, «сабабаш ба фикри ман, гуё агар инро ҷашн гирем, гӯё як шакли баргашт ба сохти пештара бошад. Дар ҳоле, ки шакли баргашт вуҷуд надорад. Албатта, қисми зиёди амалиёти он давра, ба хусус иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ғайра мусбат буд ва баъзе хатоҳо низ буд. Аммо хатоҳоро бояд канор гузорем, вале аз чизҳои мусбати он истифода кунем».

Бештари донишмандон ва таърихшиносони тоҷик низ бар ин назаранд, ки бояд давлат саҳнаҳои муҳими марбут ба таъсисёбии ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Шӯравиро таҷлил кунад. Зеро, ба гуфтаи ин донишмандон, нодида гирифтани рӯйдодҳои таърихӣ барои миллату давлати Тоҷикистон носипосӣ ба гузаштаи ин халқ аст. Он чӣ ба бузургдошти таъсисёбии ҷумҳурии Тоҷикистон марбут мегирад, ин аст, ки Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон маҷмуъаеро мунташир кардааст, ки мақолот ва гузоришоти илмии олимону муҳаққиқони тоҷикро дар бораи таҳаввулоти даҳаи 1920 дар бар мегирад. Ба ин тартиб, ин маҷмуъа танҳо иқдомест, дар ҷиҳати таҷлил аз таъсисёбии ҷумҳурии Тоҷикистон дар 80 соли пеш.