Салоҳиятҳои додситониро ба додрасҳо медиҳанд

Ихтиёроти додрасҳо аз моҳи апрел ба баъд бештар хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Қонун дар бораи мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистонро тасвиб кард.
Ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов ва Юсуф Аҳмадов, намояндагони мардумӣ дар порлумон, ин беҳтарин қонуне буд, ки таи 10 соли ахир порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст. Ин қонун як қатор ихтиёроти додситониро дар ихтиёри додгоҳ қарор додааст, ки ба гуфтаи онҳо, дар дифои ҳуқуқи инсон ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим дорад.

Хадиҷа Ҳакимова, узви Кумитаи қонунгузории порлумон, дар тавзеҳоти моҳияти аслии ин қонун ва коҳиши ихтиёроти идораи додситонӣ гуфт, пас аз ба иҷро даромадани ин қонун дар моҳи апрели соли оянда, боздошти афроди гумонбар дар даст доштан дар ҷиноят, баррасии молу амвол, гӯш кардани телефони гумонбар ва бастани ҳисоби бонкӣ танҳо бо иҷозаи додгоҳ сурат мегирад, ки дар гузашта ин масъулият бар дӯши идораи додситонӣ буд.

Ба ҳамин далел, идораи додситонии Тоҷикистон аз тасвиби ин қонун изҳори хушнудӣ накардааст. Мирзо Шарифов, муовини додситони кулли Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ баъид донист, ки дар шароити феълӣ додгоҳ тавонад бидуни мушкил дар иҷрои саддарсадии ин қонун даст ёбад.

Вале чанд тан аз додрасони Додгоҳи олӣ дар гуфтугӯ бо Озодӣ аз ин қонун истиқбол карданд. Барои мисол, Анвар Аҳмадов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфт, додрасҳо масоили ҳаётан муҳимми тақдири инсонҳоро ҳал мекунанд ва ихтиёроти нав на камтар аз масоили қаблӣ мушкилӣ доранд.

Ба назари намояндагони порлумон, масъалаи дигаре, ки имкон дорад дар оянда дар иҷрои ин қонун мушкил эҷод кунад, зиёд будани ҳаҷми кор ва камбуди додрасҳо дар додгоҳ хоҳад буд. Сабоҳат Ҳукумова, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин масъала бо назардошти тавони молии кишвар дар оянда ҳал хоҳад шуд.

Мушкили дигар, ба андешаи ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов, мустақилияти додрасҳо ва додгоҳҳо дар иҷрои ин қонун аст. Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, таъини додрасҳо дар дасти давлат аст ва ин то андозае ба мустақилияти додрасҳо таъсир мерасонад. Бо вуҷуд, ҷаноби Ҳакимов бар ин назар аст, ки худи ҳамин қонун то андозае мустақилияти додрасҳо ва додгоҳҳоро таъмин хоҳад кард.