Намояндагони кишварҳои ОДКБ имрӯз дар шаҳри Душанбе ба барномаи ҷаласаи вазирони иқтисод ва энержии давлатҳои узви ин созмонро омода мекунанд. Тибқи барнома, дар ин нишаст, ки рӯзи 16-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, интизор меравад 20 масъала мавриди баррасӣ қарор бигирад. Мавзуи меҳвар ҳамкориҳои иқтисодии ҳарбӣ, аз ҷумла истеҳсол ва фурӯши дастаҷамъии аслиҳа, унвон шудааст.