Раҳбари шӯрои уламои Маркази исломӣ дар охирин мавъизаи худ бӯсидани дасти пешвоёни мазҳабӣ аз сӯи бархе аз намозгузоронро нодуруст шуморидааст.
Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламо, ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ин иқдом дар пайи ҷилавгирӣ аз издиҳоми бештари намозгузорон баъд аз хатми намози ҷумъа ва талоши онҳо барои гирд кардани як пешвои мазҳабӣ гирифта шудааст.
Вай афзуд, “мо дастбӯсиро манъ кардем. Сабабаш ҳам издиҳому талош кардани намозгузорон аст. Чанд рӯз пештар меҳмонҳои зиёде ба кишвари мо омада буданд. Мардуми мо, ки ба меҳмонон муҳаббат доранд, аз онҳо хостем, ки роҳро банд накунанд ва бо даст салом кунанд кофист. Шарт нест, ки дастро бӯса кунанд”.
Оқои Боев ҳамчунин гуфт, аммо шариати ислом расман бӯсидани дасти як пешвои мазҳабиро манъ накардааст. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе низ дар ин бора назарҳои мухталиф доранд. Баъзе аз сокинон, ки зоҳиран шахси мазҳабиянд, бӯсидани дасти пешвоёни динӣ ва ё ба гуфтаи худи онҳо олимони исломро як амри дуруст мешуморанд. Ба назари онҳо, бӯсидани дасти муллоҳо як роҳи баёни муҳаббат ва эҳтироми шахс ба дини ислом ва пешвоёни он будааст:
Ин мавзӯъро дар як сӯҳбат бо Дилшод Раҳимов, ҷомеашиноси тоҷик, ҳам дар миён гузоштем. Вай бӯсидани дасти муллоҳо аз сӯйи намозгузоронро ба фарҳанги исломӣ бегона донист ва гуфт, ки то замони зуҳури ислом танҳо дасти шоҳонро мебӯсиданд ва аз онҳо имдод мехостанд.
Вай мегӯяд, “ин амал барои мо, барои фарҳанги мо бегона аст. Хуб мешуд, ки муносибати самимиро мо бо сухан баён кунем, на ба дараҷае, ки дасти онҳоро бӯсем. Ҳамаи ин нишонаи шахспарастӣ аст. Мо ҳамчун як буте ба онҳо саҷда мекунем, ҳамчун як буте онҳоро мепарастем. Агар мо бисёр эҳтиром дорем, пас, бо як–ду сухан аз онҳо ҳолпурсӣ кунем, кофист”.
Дилшод Раҳимов ҳамчунин гуфт, дастбӯсии пешвоёни мазҳабӣ амали роиҷ дар Тоҷикистон нест. Балки ба гуфтаи ӯ, як гурӯҳи хурде онро мисли бӯсидани хоки мазори гузаштагон то ҳанӯз ҳифз кардаанд. Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, дастбӯсиҳое, ки дар маросими мазҳабӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида мерасад, бештар ба хотири арҷгузорӣ ба шахсиятҳои мазҳабӣ аз сӯйи афроди дорои эҳсосоти шадиди мазҳабӣ сурат мегирад.
Зубайдуллоҳи Розиқ, аз таҳлилгарони умури мазҳабӣ, дастбӯсии пешвоёни мазҳабиро ба унвони як “одоби исломӣ” ва ё “одоби шарқиёна” ном мебарад, ки нисбат ба шахсиятҳои арзанда баён мешавад. Аммо ӯ ҳам ба ин бовар аст, ки набояд ин одоб то ҳадди ибодат ва парастиши як шахс расад, агарчӣ он шахс рӯҳонӣ ҳам бошад.
Ба нақли ӯ, “пайғамбари исломро дар замонаш даст намебӯсиданд. Аммо ба ҳадде эҳтиром доштанд, ки оби барои таҳорат омодакардаи ӯро ба рӯйҳои худ мемолиданд. Ин як навъ бузургшуморӣ ва муқаддасшуморӣ аст. Яъне, ҳамчун нишони эҳтиром дастро бӯсидан одоб аст”.
Бо ин ҳама, дастбӯсии пешвоёни мазҳабӣ дар Тоҷикистон як падидаи нав нест. Солҳост, ки одамон барои зиёрати муллову эшонҳои шинохта мераванд ва ба унвони эҳтиром дасти онҳоро мебӯсанд ва дуо мегиранд. Вале бештари соҳибназарон мегӯянд, ки эҳтиром ба дин ва муқаддасоти он набояд бо дастбӯсии пешвоёни мазҳабӣ чен карда шавад.
Вай афзуд, “мо дастбӯсиро манъ кардем. Сабабаш ҳам издиҳому талош кардани намозгузорон аст. Чанд рӯз пештар меҳмонҳои зиёде ба кишвари мо омада буданд. Мардуми мо, ки ба меҳмонон муҳаббат доранд, аз онҳо хостем, ки роҳро банд накунанд ва бо даст салом кунанд кофист. Шарт нест, ки дастро бӯса кунанд”.
Ин амал барои мо, барои фарҳанги мо бегона аст. Хуб мешуд, ки муносибати самимиро мо бо сухан баён кунем, на ба дараҷае, ки дастони онҳоро бӯсем ...
- “Бӯсидани дасти олимони ислом ҳеҷ боке надорад. Ин ҷоиз аст. Барои чӣ? Барои он ки муҳаббат зиёд мешавад. Ҳам аз рӯйи ислом ва ҳам аз рӯйи имон”;
- “Мо мебӯсем ва дар дастҳову рӯямон мемолем, то ки Худованд муҳаббати олимон ва охиратро барои мо насибу рӯзӣ гардонад”;
- “Ба фикри ман, бӯсидани дасти эшонҳо чандон мақбул нест. Чунки бӯсидани дасти мард аз сӯйи як марди дигар аз рӯйи шариат ҳам дуруст намегирад. Ба ҷойи ин ки мо дасти муллоҳоро бибӯсем, дасти падару модари худро бибӯсем, ба назари ман, амали савоб мешавад”.