Созишномаи мубориза бо мухаддирот

Байни мақомоти маҳаллии Бадахшон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ маросими имзои созишнома оид ба мубориза ва ҷалавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва нашъаҷаллоби баргузор шуд.
Дар созишнома , ки дар он намояндагони мақомот ва руасои маҳалҳо, табақаҳо ва дигар сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии маркази вилоят имзо гузоштанд, гуфта мешавад, ки ҷонибҳо бо дарки хатароти оқибатҳои қочоқ ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ кӯшишҳояшонро дар мубориза бар зидди он якҷоя мекунанд ва барои решакан намудани ин «вабои аср» шадидан талош меварзанд.

Ба гуфтаи муовини раиси вилоят Шамсиддин Орумбеков, аҳамияти созишнома дар он аст, ки ташаббуси ҳамоҳанг сохтани талошҳо дар мавриди ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бар зидди он аз байни мардум зуҳур кардааст. Муовини раиси вилоят изҳор дошт, ки созишнома дасти мақомоти қудратиро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқбарон боз мекунад.

Вай гуфт, ки созишнома дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомада, гурӯҳи иборат аз намояндагони мақомот ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрванди қаблан дар маҳаллаҳои шаҳр ва навоеҳи вилоят зиёда аз 50 мулоқот баргузор намуда, аз пуштибонии густардаи мардум бархурдор шуданд.

Фаъолияти мақомоти қудратӣ барори ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир тайи солҳои охир муассир набудааст ва ҳамеша аз ҷониби намояндагони мақомот ва мардум дар нишастҳо мавриди интиқоди шадид қарор доштааст . Аммо мақомот ба интиқодҳо дар мавриди кундӣ нишон додан барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар бештари маворид гурӯҳҳо ва мардумро барои ҳамкорӣ накардан ва ҳатто монеъ шудан ба кормандони мақомот ҳангоми иҷрои вазифаҳои ахидмати муттаҳам менамуд.

Ба гуфтаи коршиносон, аммо созишномаи мазкур заминаро барои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди ошкор сохтан ва ба муҷозот кашидани қочоқбарон ва нашъаҷаллобон фароҳам кардааст. Намояндагони мақомот ва сохторҳои шаҳрвандӣ изҳор карданд, ки аммо нахуст онҳо бо усули фаҳмондадиҳии қочоқбарон ва нашъҷаллобонро барои даст кашидан аз аъмоли ғайриқонунӣ ташвиқ хоҳанд кард.

Пайшанбе Хуҷаназаров ба намояндагӣ аз сохторҳои шаҳрвандӣ тариқи симои Бадахшон гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди хатари қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир ва оқибатҳои марговари он мақомот ва сохторҳои шаҳрвандӣ бояд масъулияти баробар дошта бошанд, то афроди қочоқбар худро дар инзиво эҳсос кунанд.

Вай гуфт, ки ба мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти солим дар баробари ҳокимият сохторҳои шаҳрвандӣ дар баргузории чорабиниҳои давомдори фарҳангӣ, варзишӣ ва тарғиботӣ саҳм мегиранд. Ҳамчунин дар созишнома аз нерӯҳои марзбонӣ даъват ба амал оварда шудааст, ки барои таҳкими марз иқдоми бештар кунанд ва сохторҳои шаҳрвандӣ муаззаф шудаанд, ки барои ҳифозати марз ба нерӯҳои марзбонӣ довталабона кумак мекунанд.

Коршиносон созишномаи мазкурро нишонае аз поён ёфтани қумондонсолорӣ дар Бадахшон унвон мекунанд. Аммо ин натиҷа на бо истифодаи зуроварӣ аз боло, балки нерӯ гирифтани ҳаракатҳои мардумӣ аз поён сурат гирифтааст.