Иброҳим Зокиров, як тоҷики муқими Қазоқистон, мегӯяд, 10 сол аст дар ин кишвар кор мекунад, вале кори амалии маркази фарҳангии тоҷиконро надидааст.
Фақат ин ҷо истисно ҷашни Наврӯз аст, ки онҳо ба шарофати ин ҷашни бостонӣ ҷамъ меоянд. Ба гуфтаи Иброҳим, фақат дар ҳамин рӯз онҳо эҳсос мекунанд, ки ҷамъияти фарҳангӣ доранд, дигар вақт онҳо боре надиданд, ки ягон маърака ва ё чорабигиҳои фарҳангӣ гузаронида шуда бошад.
Чунин бефаъолиятиро ҳангоми посух ба пурсиши родиои Озодӣ, ки иттиҳодияи фарҳангии тоҷикони Қазоқистон бо номи Сомониён таи як сол чӣ чорабиниҳои вижаро роҳандозӣ кард, Саидмурод Шарифов, раиси ин иттиҳодия, низ таъйид намуд. Ӯ мегӯяд, «ин гуна чорабиниҳои калон нагузаронидаем…»
Аз ин хотир ағлаби муҳоҷирони тоҷик ва тоҷикони бумии ин кишвар ҳатто номи раиси маркази фарҳангии тоҷиконро намедонанд ва ӯро надидаанд. Ба гуфтаи Иброҳим, ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ҳич парвои онҳо надоранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бекпӯлод Тошпӯлодов, ки тоза раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато шудааст, яке аз вазифаҳои асосии ҷамъиятҳои фарҳангӣ бо роҳҳои ташкил кардани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ муттаҳид кардани ҳама тоҷикони Қазоқистон аст.
ТАЛОШИ БЕНАТИҶАИ ТАЪСИСИ АНҶУМАНИ ТОҶИКОН
Вале чаро ҷамъиятҳои тоҷикон ва иттиҳодияи фарҳангӣ дар кишвар алъон муттаҳид нестанд ва бефаъолиятанд? Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Қазоқистон бо талош ва мусоидати сафорати Тоҷикистон бори нахуст анҷумани тоҷикони кишвар доир шуда буд ва яке аз ҳадафҳои анҷуман ба ҳам овардани тоҷикони ин кишвар буд, вале ин кор ба таври дилхоҳ иҷро нашуд ва сабаби асосии онро бархеҳо аз он медонанд, ки анҷуман ба таври демократӣ сурат нагирифт ва раиси ҷамъияти тоҷикон низ бо роҳи интихобӣ рӯи кор наомад.
Бар илова дар ин анҷуман натавонистанд шӯрои марказии тоҷикони Қазоқистонро низ ба таври комил интихоб намоянд ва ин кор ба як моҳ мавқуф гузошта шуда буд. Вале дигар ин масъала комилан фаромӯш шуд.
Аз ин хотир Ҳикматулло Холиқов, ки дар анҷуман раиси ҷамъияти тоҷикон таин гардида буд, алъон наметавонад дар атрофи хеш дигар ҷамъиятҳоро муттаҳид намояд ва тавре Саидмурод Шарифов мегӯяд, Ҳикматулло Холиқов ба танҳоӣ фаъолият мекунад ва ӯву ҷамъияти тоҷикони Қазоқистонро дар Остона расман напазируфтаанд.
Аз сӯи дигар оқои Шарифов таъкид мекунад, ки ягона созмони ҷамъиятии тоҷикон, ки расман онро дар Қазоқистон пазируфтаанд, Иттиҳодияи фарҳангии онҳо бо номи Сомониён аст.
Ин дар ҳолест, ки борҳо аҳли фарҳанг ва муҳоҷирони тоҷик иттиҳодияи Сомониён ва ба хусус раиси онро интиқод карда буданд, ки таи 6-7 соли мавҷудияташ ин иттиҳодия кори назаррасеро анҷом надодааст ва борҳо ҳатто дар анҷумани тоҷикони Қазоқистон бисёриҳо талаб карда буданд, ки Саидмурод Шарифов аз вазифаи хеш истеъфо диҳад, зеро вай дар кори раҳбарии созмони фарҳангӣ шахси босалоҳият нест.
«ПАРОКАНДА ЛАШКАР НАОЯД БА КОР»
Аз ин хотир ағлаби тоҷикони муқими Қазоқистон бар инанд, ки чунин дуҳокимиятӣ, бесалоҳиятии масъулонаш ва адами иртибот байни марказҳои фарҳангии шаҳру вилоятҳо ба фаъолияти ҷамъиятии тоҷикон таъсири бад мегузорад, зеро тавре гуфтаанд, «пароканда лашкар наояд ба кор» ва чунин парокандагӣ дар байни ҷамъиятҳои тоҷикони Қазоқистон баръало ба мушоҳида мерасад.
Аз ҷумла, ба гуфтаи Нарзулло Ҷомиев, чун онҳо фаъолияти назарраси Иттиҳодияи тоҷиконро эҳсос накарданд, худ ҷамъияти маҳаллии хешро аз ҷумлаи шаҳрвандони ноҳияи Рашт ташкил карданд ва ба воситаи сандуқи хеш ба ҳамдиёронашон ёрии моддӣ мерасонанд.
Вале Иброҳим Зокиров бо такя ба таҷрибаи марказҳои фарҳангии дигар миллатҳои муқими Қазоқистон мегӯяд, ки танҳо иттиҳод кори он марказҳоро назаррас ва садояшонро шунаво кардааст. Вале ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, ки пароканда аст, на кори дурустеро анҷом додаасту на садое дорад.
Аз ин хотир вай хостори ин аст, ки бо даъвати фаъолони ҷамъиятҳои шаҳриву вилоятии тоҷикони Қазоқистон бояд ба дуҳокимиятӣ байни иттиҳодияи Сомониён ва Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон хотима дода, як сарварро интихоб намоянд ва дар атрофи он муттаҳид шаванду ба корҳои назарраси фарҳангӣ оғоз намоянд.
Ҳамчунин Иброҳим барои муассир гардидани фаъолияти маркази фарҳангии тоҷикони Қазоқистон ташкили сандуқро низ дар назди марказ зарур медонад. Иброҳим мегӯяд, «агар ҳамин ҷамъият фонд дошта бошад, бевосита кор карда мешавад. Агар як тангаӣ диҳанд ҳам, даҳ ҳазор мешавад. Агар сари одам моҳе 100 тангаӣ диҳад, фонди калон мешавад ва ҳама корамон пеш меравад. Боз чорабиниҳои гуногун, шабнишиниҳо гузаронида мешавад».
Аз сӯи дигар донишмандон ва аҳли назари тоҷик чунин мешуморанд, ки чунин парокандагӣ ва мансабгаро будани раисони марказҳои фарҳангии тоҷикон танҳо хоси тоҷикони Қазоқистон нест ва инро дар дигар кишварҳои хориҷӣ ба вижа дар Русия, ки даҳҳо ва садҳо марказҳои фарҳангии тоҷикон дар алоҳидагӣ фаъолият мекунанд, низ метавон ҳар сари қадам мушоҳида кард.
Ва ин аз тафаккуру равони имрӯзаи ағлаби намояндагони миллати тоҷик , ки ба ботлоқи маҳалгароиву мансабпарастӣ ғӯттавар мешаванд, сарчашма мегирад. Ҳарчи зудтар тағйир додани ин равон ва рӯ ба миллатдӯстӣ, одамдӯстӣ, ватанпарварӣ оварда, арҷ ба фарҳанг гузошта, адолатро дар ҳама кор риоят намудан, ба гуфтаи аҳли назар, шарти калидии беҳ гардидани кори маркази фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ кулли ҷомеа аст.
Чунин бефаъолиятиро ҳангоми посух ба пурсиши родиои Озодӣ, ки иттиҳодияи фарҳангии тоҷикони Қазоқистон бо номи Сомониён таи як сол чӣ чорабиниҳои вижаро роҳандозӣ кард, Саидмурод Шарифов, раиси ин иттиҳодия, низ таъйид намуд. Ӯ мегӯяд, «ин гуна чорабиниҳои калон нагузаронидаем…»
Аз ин хотир ағлаби муҳоҷирони тоҷик ва тоҷикони бумии ин кишвар ҳатто номи раиси маркази фарҳангии тоҷиконро намедонанд ва ӯро надидаанд. Ба гуфтаи Иброҳим, ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ҳич парвои онҳо надоранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бекпӯлод Тошпӯлодов, ки тоза раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато шудааст, яке аз вазифаҳои асосии ҷамъиятҳои фарҳангӣ бо роҳҳои ташкил кардани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ муттаҳид кардани ҳама тоҷикони Қазоқистон аст.
ТАЛОШИ БЕНАТИҶАИ ТАЪСИСИ АНҶУМАНИ ТОҶИКОН
Вале чаро ҷамъиятҳои тоҷикон ва иттиҳодияи фарҳангӣ дар кишвар алъон муттаҳид нестанд ва бефаъолиятанд? Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Қазоқистон бо талош ва мусоидати сафорати Тоҷикистон бори нахуст анҷумани тоҷикони кишвар доир шуда буд ва яке аз ҳадафҳои анҷуман ба ҳам овардани тоҷикони ин кишвар буд, вале ин кор ба таври дилхоҳ иҷро нашуд ва сабаби асосии онро бархеҳо аз он медонанд, ки анҷуман ба таври демократӣ сурат нагирифт ва раиси ҷамъияти тоҷикон низ бо роҳи интихобӣ рӯи кор наомад.
Соли гузашта бори нахуст анҷумани тоҷикони кишвар (Қазоқистон) доир шуда буд..., вале ба таври демократӣ сурат нагирифт ва раиси ҷамъияти тоҷикон низ бо роҳи интихобӣ рӯи кор наомад ...
Аз ин хотир Ҳикматулло Холиқов, ки дар анҷуман раиси ҷамъияти тоҷикон таин гардида буд, алъон наметавонад дар атрофи хеш дигар ҷамъиятҳоро муттаҳид намояд ва тавре Саидмурод Шарифов мегӯяд, Ҳикматулло Холиқов ба танҳоӣ фаъолият мекунад ва ӯву ҷамъияти тоҷикони Қазоқистонро дар Остона расман напазируфтаанд.
Аз сӯи дигар оқои Шарифов таъкид мекунад, ки ягона созмони ҷамъиятии тоҷикон, ки расман онро дар Қазоқистон пазируфтаанд, Иттиҳодияи фарҳангии онҳо бо номи Сомониён аст.
Ин дар ҳолест, ки борҳо аҳли фарҳанг ва муҳоҷирони тоҷик иттиҳодияи Сомониён ва ба хусус раиси онро интиқод карда буданд, ки таи 6-7 соли мавҷудияташ ин иттиҳодия кори назаррасеро анҷом надодааст ва борҳо ҳатто дар анҷумани тоҷикони Қазоқистон бисёриҳо талаб карда буданд, ки Саидмурод Шарифов аз вазифаи хеш истеъфо диҳад, зеро вай дар кори раҳбарии созмони фарҳангӣ шахси босалоҳият нест.
«ПАРОКАНДА ЛАШКАР НАОЯД БА КОР»
Аз ин хотир ағлаби тоҷикони муқими Қазоқистон бар инанд, ки чунин дуҳокимиятӣ, бесалоҳиятии масъулонаш ва адами иртибот байни марказҳои фарҳангии шаҳру вилоятҳо ба фаъолияти ҷамъиятии тоҷикон таъсири бад мегузорад, зеро тавре гуфтаанд, «пароканда лашкар наояд ба кор» ва чунин парокандагӣ дар байни ҷамъиятҳои тоҷикони Қазоқистон баръало ба мушоҳида мерасад.
Иттиҳодияҳои дигар миллатҳои муқими Қазоқистон кори онҳоро назаррас ва садояшонро шунаво кардааст. Вале ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, ки пароканда аст, на кори дурустеро анҷом додаасту на садое дорад ...