Нобел барои таъсири харобкории режим

Ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт дар соли 2009 ба нависандаи олмонии зодаи як шаҳраки хурди Руминия, Ҳерта Мюллер, тақдим шуд.
Ҳерта Мюллер дар хонаводаи ақаллияти олмоние дар Руминия ба дунё омадааст. Навиштаи ӯ дар бораи таъсири харобкори режими тоталитарӣ ба зиндагии мардуми оддӣ қисса мекунад.

Кумитаи Нобели фарҳангистони шоҳигарии Шведсия гуфт, ба хонум Мюллер инчунин ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷмӣ 1,4 миллион доллар тақдим мешавад.

Хонум Мюллер нахустин асари худро дар соли 1982 дар шакли ҳикояҳои хурд зери унвони “Водӣ” аз чоп баровард, вале ин китоб дафъатан аз ҷониби мақомот сонсур шуд. Дар ин китоб зиндагии олмониҳо дар Руминия баъди ҷанги дуюми ҷаҳон тасвир мешуд. Бо ин вуҷуд, соли 1984 шакли сонсурнашудаи ин ҳикояҳо бо роҳи қочоқӣ ба Олмони Ғарбӣ интиқол ёфта, ҳикояҳои ӯ чопи дубора дида, бо баҳои баланди мунаққидон рӯбарӯ мешавад. Вале дар дохил, бо торафт мушкил шудани шароити кору зиндагӣ барои хонум Мюллер ӯ тасмим мегирад, ки ҳамроҳи ҳамсараш ба Олмон муҳоҷират кунад ва соли 1987 вай Руминияро тарк мекунад.

Баъдан асарҳои мисли “Паспорт”, “Таъинот”, “Сарзамини олуҳои сабз” эҷод мешавад, ки Ҳерта Мюллерро ҳамчун як нависандаи дорои дидгоҳи тоза ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Ҳар ду асар – ҳам “Таъинот” ва ҳам “Сарзамини олуҳои сабз”дар бораи таъсири режими тоталитарӣ ба ҳаёти одамони оддӣ, равобити байниҳамдигарии онҳо қисса мекунад.

Шореҳи адабии The New York Times дар бораи “Сарзамини олуҳои сабз” навишта буд: “он тарзе, ки ҳукумат мардумро бо ваҳшоният муқобили ҳамдигар қарор дода ҳамсарро зидди ҳамсар, дӯстро зидди дӯст ва аъзои як оиларо ба ҳамдигар душман мекунад, шакли бадтарин хафакунии ҷомеа мебошад”.

Питер Энглунд ҳам аз Фарҳангистони Шведсия гуфт, аз як сӯ баёни хеле ҷолиб ба як забони хос ва аз сӯи дигар, қиссаи шунидание оид ба замони бачагиаш дар даврони диктотурӣ, инчунин мақоми аққалияте, ки ӯ дар кишвари дигар дошта ба мисли як бегонае дар оилаи худ бузург шудааст, ӯро чун як нависандаи хеле қавиву беҳамто таҷассум мекунад.

Интихоби номзадии Мюллер аз як сӯ маънои онро дорад, ки оқои Энглунд ба эҳтимоли ғолиб натавонист ба аъзои кумитаи Нобел таъсир кунад, то ки доварон ин навбат таваҷҷӯҳро ба нависандаҳои ғайриаврупоӣ ҳам равона кунанд. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ дар сӯҳбат бо Ассошейтед Пресс дабири тозатаъини доимии Фарҳангистони Шведсия гуфт, ки аз назари вай ҳайати доварон аз ҳад зиёд аврупоипараст шудаанд, дар ҳоле, ки дар Амрико ва дигар манотиқи амрикоӣ нависандаҳои шоистаи зиёд ҳастанд, ки ба бурдани ҷоиза сазовор буда метавонанд.

Дар давоми 15 соли охир аз миёни ҳамаи барандаҳои ҷоиза фақат ду нафар ғайриаврупоӣ буданд. Яке аз онҳо Орҳан Памуки турк ва дигарӣ Ҷон Максвел Коетзӣ аз Африқои Ҷанубӣ барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт шуданд.

Ҷоизаи Нобел дар соли 1901 аз ҷониби донишманди шведӣ ва ихтироъкори динамит Алфред Нобел таъсис шуда ҳар сол моҳи октябр барандаҳои он дар илмҳои мухталиф эълон мешавад. Бонуфузтарини онҳо ҷоизаи сулҳи онҳо ҷоизаи сулҳи Нобел мебошад, ки дар навбати охир тақдим мешавад.