Ҷонибеки Мурод эътироф мекунад, ки бинобар банд буданаш дар сафарҳои ҳунарӣ натавонистааст сари вақт молиётро ба кумитаи андози кишвар пардохт кунад.
Аслишоҳ Аслонбеков, коргузори Ҷонибеки Мурод мегӯяд, ин овозхон аллакай маблағи андоз ва ҷаримаи онро пурра пардохт кардааст ва аз ин баъд ба ин масъала диққати бештар хоҳад дод.
Бояд гуфт, Ҷонибеки Мурод ягона овозхоне нест, ки ахиран дар рӯйхати ба истилоҳ сиёҳи тартибдодаи кумитаи андози Тоҷикистон чун афроде, ки аз супоридани андоз сарпечӣ кардаанд, ворид шудааст. Дар баробари Ҷонибек ҳамчунин хонанадагони шинохтаи дигар тоҷик мисли Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед низ дар ин феҳрист ҷой гирифтаанд. Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ беш аз 20 овозхони тоҷик қисман ва ё комилан барои супоридани андоз беэътиноӣ кардаанд.
Бояд гуфт, Кумитаи андози Тоҷикистон ҳанӯз як соли пеш барои овозхонон ва ҳунармандон пардохтани андозро ҳатмӣ намуд. Аз ҷумла, овозхонҳо бояд патент ва ё муҷавизи кор гирифта, моҳе 180 сомонӣ пардохт кунанд. Ба гуфтаи мақомоти ин кумита, баъзе аз овозхонони тоҷик мисоли Зикриоллоҳ, Баҳроми Гафурӣ, Cодиқи Хол ва Фахриддини Малик саривақт андози худро месупоридаанд.
Намояндагони мақомоти ҳифзи қонун таъкид мекунанд, ки овозхонон мисли ҳама афроди дигари манбаъи даромаддошта бояд андоз супоранд ва ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, аз як сӯ, тартиб шудани чунин феҳрист аз ҷониби кумитаи андозаи Тоҷикистон овозхононро дар пардохтани андоз боэҳтиёт мекунад. Аммо, ба андешаи онҳо, ин масъала паҳлӯи дигар низ дорад. Онҳо бар инанд, ки агар чунин вазъ ва бархӯрд дар баробари овозхонон идома пайдо кунад, паёмадаш метавонад рӯҳафтодагӣ ва ниёзмандии аҳли ҳунару эҷод бошад.
Бояд гуфт, Ҷонибеки Мурод ягона овозхоне нест, ки ахиран дар рӯйхати ба истилоҳ сиёҳи тартибдодаи кумитаи андози Тоҷикистон чун афроде, ки аз супоридани андоз сарпечӣ кардаанд, ворид шудааст. Дар баробари Ҷонибек ҳамчунин хонанадагони шинохтаи дигар тоҷик мисли Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед низ дар ин феҳрист ҷой гирифтаанд. Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ беш аз 20 овозхони тоҷик қисман ва ё комилан барои супоридани андоз беэътиноӣ кардаанд.
Бояд гуфт, Кумитаи андози Тоҷикистон ҳанӯз як соли пеш барои овозхонон ва ҳунармандон пардохтани андозро ҳатмӣ намуд. Аз ҷумла, овозхонҳо бояд патент ва ё муҷавизи кор гирифта, моҳе 180 сомонӣ пардохт кунанд. Ба гуфтаи мақомоти ин кумита, баъзе аз овозхонони тоҷик мисоли Зикриоллоҳ, Баҳроми Гафурӣ, Cодиқи Хол ва Фахриддини Малик саривақт андози худро месупоридаанд.
Овозхон Садриддини Наомиддин низ дар ин феҳрист чун нафаре ишора шудааст, ки қисман андозро пардохт кардааст
Дар ин миён, исми Садриддини Наҷмиддин, овозхони дигари тоҷик, дар ин феҳраст ҳамчун нафаре, ки қисман андозро пардохт кардааст, дарҷ шудааст. Ин хабар барои Қамариддини Айниддин, коргузори Садриддини Наҷмиддин ногаҳонӣ буд. Ӯ мегӯяд, онҳо ҳамеша маблағи андозро пардохт мекунанд ва ҷой додани исми Садриддинро дар ин феҳрист ӯ иштибоҳи мақомоти андози кишвар медонад.Намояндагони мақомоти ҳифзи қонун таъкид мекунанд, ки овозхонон мисли ҳама афроди дигари манбаъи даромаддошта бояд андоз супоранд ва ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, аз як сӯ, тартиб шудани чунин феҳрист аз ҷониби кумитаи андозаи Тоҷикистон овозхононро дар пардохтани андоз боэҳтиёт мекунад. Аммо, ба андешаи онҳо, ин масъала паҳлӯи дигар низ дорад. Онҳо бар инанд, ки агар чунин вазъ ва бархӯрд дар баробари овозхонон идома пайдо кунад, паёмадаш метавонад рӯҳафтодагӣ ва ниёзмандии аҳли ҳунару эҷод бошад.