Дурнамои ҳузури Амрико дар Афғонистон

Барак Обама бо мушовирони аршади амниятӣ, низомӣ ва сиёсиаш мавзӯъи стратегияи кишвар дар қиболи Афғонистонро баррасӣ мекунад.
Ин вохӯрӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз оғози ҷанг дар Афғонистон 8 сол сипарӣ шуд. Нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ таҳти фармони Амрико 7-уми октябри соли 2001 амалиёти низомии “Пойдории озодӣ”-ро шурӯъ карданд. Ин амалиёт дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ ба ду шаҳри бузурги Амрико дар моҳи сентябри соли 2001 оғоз шуда буд. Бар асари ин амалиёт ҳукумати Толибон дар Афғонистон суқут кард ва сохторҳои шабакаи ал-Қоида дар он кишвар аз байн бурда шуданд.

Тибқи хабарҳо, дар нишаст Обама ва мушовиронаш асосан сари ду мавзӯъ - зарурати фиристодани нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон ва афзоиши ҳамлаҳои ҷангиёни исломгаро дар Покистони ҳамсоя тамаркуз хоҳанд кард.
Ба иттилоъи Вазорати дифоъи Амрико, Обама талаб кардааст, ки қабл аз нишаст ба вай дархости фармондеҳони ҷанги Афғонистон дар бораи зарурати интиқоли нерӯҳои иловагиро пешкаш кунанд. Кохи Сафед ҳафтаҳои гузашта чанд бор эълом дошт, ки Обама тасмимаш дар бораи фиристодани нерӯҳои иловагиро фақат баъд аз бознигарии стратегияи кишвараш дар Афғонистон хоҳад гирифт.

Фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенли Маккристал дар як гузориши инфиродӣ ба Конгресс вазъи Афғонистонро бисёр ҷиддӣ арзёбӣ карда, гуфтааст, агар ИМ дар зудтарин фурсат гомҳои зарурӣ набардорад, имкони фурӯпошии ҳукумати кунунии он кишвар ва бозгашти Толибон ба сари қудрат вуҷуд дорад. Барои ҷилавгирй аз рух додани ин вазъ, аз нигоҳи Маккристал, бояд боз тақрибан 40 ҳазор сарбози иловагии амрикоӣ ба Афғонистон фиристода шавад. Вай инчунин хостааст, тактика ва стратегияи ИМ дар қиболи ҷанг дар Афғонистон бояд куллан бознигарй шавад.

Аммо миёни мушовирони Обама дар ин бора иттифоқи оро вуҷуд надорад ва аз ҷумла мушовири раисҷумхур дар умури амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс ҳафтаи гузашта гуфт, ягон таҳдиди дубора таҳти назорати Толибон қарор гирифтани Афғонистон вучуд надорад. Ин мақоми олирутба баръакс иброз дошт, ки дар Афғонистон коҳиши ҷиддии ҳузури ал-Қоида ба назар мерасад.

Ин дар ҳолест, ки Толибони Афғонистон дар як изҳороташон гуфтаанд, ки намехоҳанд ба ягон кишвари бегона осеб расонанд ва аммо ба муборизаашон алайҳи неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон идома хоҳанд дод.