Сафари давлатии Никола Саркози ба Қазоқистон

Раисони ҷумҳуриҳои Фаронса ва Қазоқистон Никола Саркозӣ ва Нурсултон Назарбоев дар Остона

Интизор мерафт, дар ҷараёни сафари давлатии Никола Саркозӣ ба Қазоқистон вай атрофи масоили демократия ва ҳуқуқи инсон низ гуфтугӯ мекард.
Зеро қабл аз сафари ӯ созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз раисиҷумҳури Фаронса чунин дархост карда буданд. Ва ин мавзӯъ яке аз пурсишҳои калидие буд, ки хабарнигори фаронсавӣ аз Нурсултон Назарбоев ба он посух хост. Хабарнигор дар робита ба мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ пурсид, ки таври маълум барои раисиҷумҳури Қазоқистон якумрист.

Раисиҷумҳури Қазоқистон изҳор кард, ки ин мӯҳлат барои раисиҷумҳури нахустини кишвар дар Қонуни Асосии Қазоқистон нишон дода шудааст. Дар Қонуни Асосӣ ба раисиҷумҳури нахустини кишвар истисно шудааст ва барои дигарон мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ 5 сол аст ва баъд танҳо як маротиба онҳо метавонанд боз интихоб шаванд.

Дар робита ба шакку шубҳаҳо ба интихоботи мо, гуфт Нурсултон Назарбоев, инро мешунавем ва интиқодро қабул дорем ва инро низ бояд дар назар дошт, ки кишвари мо ҷавон аст ва демократияамон низ ҷавон ва чунин меҳисобем, ки мо бо роҳи хеш равонаем. Инқилоби мустақим барои ояндаи давлати мо ва кишварҳои касирулмиллати мо хатар дорад.

Никола Саркози, раисиҷумҳури Фаронса, низ атрофи ин пурсиш назари хешро баён карда гуфт, ки «Қазоқистон қаблан дар байни «доғи бузурги сурх» бо номи шӯравӣ буд ва ҳоло он кишвари мусулмонист, вале он аққалиятҳои мазҳабии зиёд дорад. Қазоқистон ба онҳо бо эҳтиром муносибат мекунад ва чунин кишвар хеле кам аст. Албатта, дар ин ҷо мушкилот ҳаст, вале беҳтарин роҳи ҳалли масъала ин аст, ки ба ин ҷо на барои омӯзонидан биёӣ, балки чун дӯст бояд омад, то барои пайдо кардани роҳҳои ҳалли масъала кӯшиш намоӣ».

Раисиҷумҳури Фаронса ба ҳамтои қазоқистониаш гуфт, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки соли оянда дар шаҳри Остона баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.

Ҳамчунин ҷонибҳо аз ҳамкории иқтисодии ҳарду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. Тибқи иттилои расмӣ, гардиши колои ду кишвар аз соли 2003 ба ин тараф даҳ маротиба афзуд ва алъон 6,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни сафари давлатии Никола Саркозӣ ба Қазоқистон беш аз 20 тавофуқнома ба имзо расид, ки дар байни онҳо тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар бахши кайҳонӣ, фанновариҳои навин, тавлиди васоити мухобироти ҳарбӣ, дар бахши дорусозӣ ва ғайра ҳастанд. Ҷонибҳо дар бораи ширкати Фаронса дар бунёди хатти лӯлаи нафт аз дарёи Хазар ба Боку ва Аврупо тавофуқ карданд.