Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҷинояткорӣ дар миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ назар ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, бештари мавридҳои ҷиноят дар миёни кормандони ниҳодҳои ҳуқуқиро кормандони Вазорати умури дохилӣ содир кардаанд, ки 51 мавриди он сабт шудааст. Кормандони гумрук ҳам 9 маврид ва Кумитаи амнияти миллӣ – 4 маврид ҷиноят содир кардаанд. Як корманди Додситонии кулл ҳам дар соли равон бо даст доштан дар ришваситонӣ мутаҳам шудааст.
Ба гуфтаи оғои Бобохонов, дар аксари маврид кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба сӯйистифода аз мақоми хидматӣ ва ришваситонӣ муттаҳам шудаанд. Вай мегӯяд, дар соли равон додситонӣ, ки масъулияти судури раводид барои боздоштро дар ихтиёр дорад, беш аз 2200 чунин раводид содир кардааст. Дар ҳоле, ки додситонӣ дар соли гузашта танҳо 1090 раводиди ҳабс содир карда буд.
Ин ҳама дар маҷмӯъ нишондиҳандаи афзоиши мизони ҷиноят дар ҷомеа дониста мешавад. Аммо иллати афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ, хоса дар миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар чист?
Генерал Абдулло Ҳабибов, сардори собиқи раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, мегӯяд, як сабаби афзоиши ҷинояткорӣ бекории ҷавонон ва мушкилӣ пайдо кардани василаи рӯзгузаронӣ аст ва иллати дигар - бозгашти бесобиқаи муҳоҷирони корӣ аз хориҷ аст, ки дар миёни онҳо унсурҳои ҷиноӣ ҳам фаровонанд.
Генерал Ҳабибов инчунин гуфт, сабабҳои дигари ҷинояткорӣ пастии маоши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва рабитаи лозим надоштани онҳо бо ҷомеа мебошад. Зиёда аз ин, ба гуфтаи ӯ, сатҳи тахассусии кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ба беҳбуд ва такмил ниёз дорад.
Ба ин тартиб, бисёре аз коршиносон мегӯянд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мутобиқ ба шароити муосир фаъолият кардан ба як ислоҳоти куллии сохторӣ ва кадрӣ ниёз доранд. Аммо иродае барои чунин ислоҳот мушоҳида намешавад.
Вале додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин мегӯяд, ки дар соли равон то кунун танҳо як парванда ба иттиҳоми ҷосусӣ марвиди таҳқиқ ва баррасӣ дар додгоҳ қарор гирифтааст, ки муттаҳамони он шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд.
Бобоҷон Бобохонов ҳамчунин таъкид кард, ки то кунун ба ҳама дархости додситонии Узбакистон ҷониби Тоҷикистон посухи муносибе дар истирдоди муттаҳамон ва муҷримон додааст, вале ҷониби Узбакистон то кунун дар ҳеҷ марвид дархости Тоҷикистонро дар ин замина қонеъ накардааст.
Ба гуфтаи оғои Бобохонов, дар аксари маврид кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба сӯйистифода аз мақоми хидматӣ ва ришваситонӣ муттаҳам шудаанд. Вай мегӯяд, дар соли равон додситонӣ, ки масъулияти судури раводид барои боздоштро дар ихтиёр дорад, беш аз 2200 чунин раводид содир кардааст. Дар ҳоле, ки додситонӣ дар соли гузашта танҳо 1090 раводиди ҳабс содир карда буд.
Бештари мавридҳои ҷиноят дар миёни кормандони ниҳодҳои ҳуқуқиро кормандони Вазорати умумри дохилӣ содир кардаанд, ки 51 мавриди он сабт шудааст. Кормандони гумрук ҳам 9 маврид ва Кумитаи амнияти миллӣ - 4 маврид ҷиноят содир кардаанд ...