Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳамлаи террористиро, ки бар асари он панҷ корманди Барномаи ҷаҳонии озуқаи ин созмон ба ҳалокат расиданд, шадидан маҳкум кард. Бар асари таркиши бомба дар шахри Исломободи Покистон чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Бан Ги Мун, ки дар Женеваи Швейтсария дар як конфронси байналмилалӣ ширкат дошт, аз шунидани хабари шум яку якбора сахт андӯҳгин шудааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт: “Ин ҳамлаи беинсофона аст ва онро намешавад бахшид. Барои СММ ва тамоми созмонҳои башардӯстонаи Покистон ин як фоҷеаи бузург аст. Ин ҷинояти зишт алайҳи онҳоест, ки бидуни хастагӣ дар Покистон барои расонидани кӯмак ба мардуми қашшоқу гурусна кор мекарданд.”
Полиси Исломобод гуфтааст, ки анҷомдиҳандаи ин ҳамлаи интиҳорӣ худро корманди амниятӣ муаррифӣ намуда, баъдан дар дохили бинои Барномаи ҷаҳонии озуқа худашро мунфаҷир кардаааст. Афроде, ки дар ин ҳодиса сахт осеб диданд, ба беморхонаҳо интиқол ёфтаанд.
Бан Ги Мун ба тамоми наздикону хешу дустони кушташудагон ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда, гуфт, онҳо дар ҷабҳаи расидан ба ҳадафҳои шариф қурбон шудаанд.
Нахуствазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ низ ҳамлаи террористиро маҳкум намуд ва амр кард, ки таҳқиқи пурраи он оғоз шавад.
Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон, гуфт, амалиёт дар водии Свот миёни террористонро шикастааст ва ҳоло онҳо мисли мори захмиянд.
То ҳол ягон гурӯҳ ё ҷумбиш масъулияти ин ҳамлаи маргборро ба ӯҳда нагирифтааст. СММ тасмим гирифт, ки баъд аз ин ҳодиса кори ҳама намояндагиҳояш дар Покистонро мутаваққиф мекунад.