Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов дар нишасти матбуотияш аз зарурати танзими либоси омӯзгорон ҳимоят кард.
Вай гуфт, ки то ба ҳанӯз ҳуҷҷати мазкур ҳукми расмӣ нагирифтааст, вале вақте ки пазируфта мешавад, иҷрои он ҳатмӣ хоҳад буд. Раҳмонов афзуд, ки дастурамали ягонаи сару либоси омӯзгорон дар асоси арзишҳои миллӣ ва исломӣ таҳия шудааст: «Азбаски ҷомеаи мо исломист, мо мусулмон ҳастем, ришро иҷоза додем, риши икромиро. Риши кӯтоҳ, тоза ва зебо бошад дар як рӯз ду маротиба тоза карда шавад. Ман беш аз 50 ҳадисҳои пайомбарро дар мавриди риш, ҳиҷоб, хондам ва ҳангоми таҳияи ҳуҷҷати дастурамали сарулибоси ягона риши икромиро ки пайомбари худо гуфтааст, иҷоза додем. Гуфтем, ки фарзу суннати риш риоя карда шавад, омӯзгор дар ду рӯз ришаро тоза нигоҳ дорад ва кам кунад.»
Вазири маориф бо ишора ба вазъи иҷтимоии омӯзгорон гуфт, ки танзими либоси ягона барои омӯзгорони зан ва мард хароҷоти зиёдатиро талаб намекунад. Раҳмонов илова кард, ки ба занҳои омӯзгор ҳам истифодаи зиёди ҷавоҳирот ва пӯшидани матои ҷилодор иҷоза дода нашудааст. Ба қавли вазири маориф, дар аксари мактабҳои таҳсилоти миёна омӯзгорон ба сару либоси хеш чандон аҳамият намедиҳанд, ки ин ба фарҳанги омӯзгори рост намеояд.
Вай афзуд: «Дар мактабҳои минтақаҳо омӯзгорон бо халат ба дарс меоянд. Ҳастанд омӯзгороне ки бо баҳонаи об нест гуфта, ба тозагӣ риоя намекунанд.»
Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт ки вазорат интизори хулосаи ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти зирабт дар мавриди муқаррароти сару либос ва риши кӯтоҳ мондани омӯзгорон аст. Дар сурати тасдиқи ин санад дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, омӯзгорони аз 50-сола боло ҳақ хоҳанд дошт, ки бо риши кӯтоҳ ба кор оянд.
Ашӯрбой Имомов, профессор ва ҳамзамон устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, риши дарозро бе муқаррароти дастурамали Вазорати маориф ҳам хуш надоштааст ва риши кӯтоҳ доштааст, аммо баъди ҷорӣ шудани муқаррарот ӯ ва ҳамкасбони дигараш маҷбуранд, кӯтоҳ мондани ришро риоя кунанд.
Вай гуфт: «Дар байни мо, тоҷикон, риш мондан чандон маъмул нест. Дар факултаи мо низ ришдорон кам аст.»
Ба гуфти Ашӯрбой Имомов, ҳарчанд аксарияти омӯзгорони ришдор аз ин муқаррарот хуш нестанд, аммо маҷбуранд, ки иҷрои онро ҳатмӣ донанд.