Симпозиуми байнулмилалии «Мероси Имоми Аъзам ва аҳамияти он дар гуфтугӯи тамаддунҳо» бо тиловати порае аз Қуръони Маҷид оғоз шуд.
Дар ин ҳамоиш ширкаткунандагон бо тавсифи зиндагӣ ва аъмоли Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит аз нақши ӯ дар рушди Ислом, ҳамзистии уммати Ислом ва ҷаҳони муосир сӯҳбат мекарданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар зимни сӯҳбати худ гуфт, хидмати Имоми Аъзам барои уммати мусалмон ва башарият он аст, ки ӯ дар зиндагии нимасраи худ ҷомеаи исломиро бар асоси манобеи нақливу шаръӣ аз хушунат ва таҷзияи баъдӣ ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф нигаҳ дошт, миллатҳои мухталфи мусалмонро зери парчами Ислом муттаҳид сохт ва уммати исломро аз бархӯрдҳои хастакунанда ва фалокатбор наҷот дод.
Бо манзури он ки Абӯҳанифа Нӯъмони ибни Собит дар таърихи фарҳанги исломӣ бештар ба унвони як фақеҳи соҳибраъй шинохта шуда аст, дар зимн исми ӯ дар баробари дигар имомони мазҳаби суннату ҷамоат ҳамчун яке аз бузургтарин фақеҳони аҳли суннат эътироф мешавад. Ба қавли Саид Абулҳасани Наввоб, раиси Донишгоҳи адён ва мазоҳиб дар Эрон, бузургдошт аз инсонҳои саромаде, ки дар зиндагии башарӣ ва таъини масири зиндагии инсонҳо нақше доштаанд, иқдомест хеле писандида ва зарур.
Устод Аминуддин Музаффарӣ, муншии маҷлиси саноеии Афғонистон таъкид мекунад, ки таҷлил аз бузургдошти саромади мазҳаби ҳанафӣ ба манзури маҳдуд сохтани дигар мазоҳиб дар ислом нест, балки даъват ба ҳамгироӣ ва тавҳиди миллату мазоҳиб аст.
Дар ҳамоиши бузургдошт аз 1310-солагии Абӯҳанифа Нӯъмони ибни Собит ҳамчунон аз пуштибонии мардуми мусалмони кишварҳои ниёзманд сӯҳбат мешуд ва аксари кулл зиндагиномаи Имоми Аъзамро далели ҳамзистии мусалмонон ва дигар адёни ҷаҳон тарғиб мекарданд. Ва низ таъкид шуд, ки ҳар фарди боимон дар баробари мақом ва имконоти фароҳам бояд дар рушди дину мазоҳиб, рушди ҷомеаи инсонҳо ва суботи комили сайёра саҳме бигирад.