Муассисаи назорати риояти меъёрҳои бехатарӣ дар Русия эълом кард, ки беаҳамиятӣ сабаби садама дар нерӯгоҳи бузургтарини барқи обии ин кишвар шудааст. Бо нашри гузориш доир ба иллатҳои садамаи 17-уми август дар нерӯгоҳи Саяно-Шушенская дар ҷануби Сибир, Николай Кутин - раиси Технадзор гуфт, ки иллатҳои аслии садама фаннӣ будааст, вале қарорҳои бади чанде аз мақомоти расмӣ дар мавриди амнияти нерӯгоҳ ба садама мусоидат кардааст. Дар садамаи нерӯгоҳи Саяно-Шушенская, 75 нафар ҳалок шуданд.