Истиқболи Тоҷикистон аз пешниҳоди Бердимуҳаммадов

Мақомоти Тоҷикистон аз пешниҳоди раисиҷумҳури Туркманистон дар бораи зарурати ҷуброни оби Тоҷикистон аз сӯи кишварҳои поёноб истиқбол кардаанд.
Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ин пешниҳод расман ба Тоҷикистон ирсол нашудааст, вале бо вуҷуди ин Тоҷикистон ин пешниҳодро дар ҳалли масъалаи истифода аз захоири оби Тоҷикистонро муҳим хонда гуфтааст, "ин инояти раисҷумҳури Туркманистон, ки аз ҳаққи қонунии Тоҷикистон дар мавриди захираи обаш қоил шудааст, аз аҳаммият холӣ нест, вале ин пешниҳодро кишварҳои дигар метавонанд ба унвони як шарт бипазиранд. Барои мисол, Узбакистон ва Қазоқистон, ки масрафкунандагони аслии оби Тоҷикистон ҳастанд, метавонанд пешниҳоди раисҷумҳури Туркманистонро ба ин иборат бипазиранд - Тоҷикистон бояд нерӯгоҳ ва обанборҳо бунёд накунад ва Қазоқистону Узбакистон дар фасли зимистон ба Тоҷикистон барқ хоҳанд дод. Агар ин пешниҳод ба ин тартиб пазируфта шавад, дар он сурат писанди Тоҷикистон нахоҳад буд."

Қурбонгулӣ Бурдимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, аз мақомоти Узбакистон, Казоқистон ва Қирғизистон тақозо кардааст, ки хисороти ношӣ аз мушкилоти энержӣ дар Тоҷикистонро ба ивази оби масрафкардаашон аз рӯдхонаҳои фаромарзии ин ҷумҳуриро ҷуброн кунанд.

Дар сурати идомаи кашмакашҳои лафзӣ миёни кишварҳои поёноб ва болооб ва кам шудани ҷангалзорҳо ба далели камбуди барқ, дар оянда об дар Тоҷикистон на танҳо барои обёрии заминҳои Узбакистон ва Қазоқистон, балки барои Тоҷикистон ҳам кифоят нахоҳад кард ...
Раисиҷумҳури Туркманистон ахиран дар як мулоқот бо хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон кишварест, ки сарчашмаҳои оби ошомиданӣ аз қаламрави ҳамин ҷумҳурӣ ба Осиёи Марказӣ сарозер мешавад. Вале ин ҷумҳурӣ ба нерӯи барқ ниёз дорад ва мехоҳад нерӯгоҳҳои тоза бунёд кунад.

Вай афзуд, агар Узбакистон, Казоқистон ва Қирғизистон дар ҳалли мушкилоти энержии Тоҷикистон дастаҷамъӣ кумак кунанд, дар он сурат ҷумҳуриҳои поёноб метавонанд оби мавриди ниёзи худро барои обёрӣ ва масрафи ҳаррӯза ба даст биёранд.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳалли ин мушкил дар равобити кишварҳои Осиёи Марказиро муҳим хонда гуфтааст, ки лоянҳол боқӣ мондани ин мушкил дар ин авохир боиси танишҳои сиёсӣ миёни ин ҷумҳуриҳо шудааст.

Ашурбой Имомов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ин пешниҳоди раисиҷумҳури Туркманистонро афкори як сиёсатмадори солим хонд ва истиқбол кард. Вай гуфт, «дар замони шӯравӣ таомуле ҷорӣ буд, ки кишварҳои поёноб хисороти ношӣ аз оби ҷорӣ дар кишварҳои болообро ҷуброн мекарданд. Зеро ҳукумати шӯравӣ Осиёи Марказиро ба кишти пахта ихтисос дода буд ва бидуни ҳисоби масрафи об дар оянда ва авомили он садҳо ҳазор ҳектор заминро барои кишти пахта ҷудо карданд, ки дар ниҳояти кор ба хушкидани дарёи Арал боис шуд».

Ҳуқуқшиноси тоҷик афзуд, «53 сол қабл барои обёрӣ кардани 300 ҳазор ҳектор замини кишти Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон обанбори Қайроқум сохта шуд. Ва соли гузашта мақомоти Тоҷикистон барои обёрии заминҳои Узбакистон ва Қазоқистон бар зарари Тоҷикистон кори нерӯгоҳи Қайроқумро қатъ карданд. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон он замон гирифтори бӯҳрони энержӣ буд».

Ба гуфтаи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, дар 5-10 соли оянда масъалаи таъмини мардум бо оби ошомиданӣ дар баъзе манотиқи ҷаҳон доғтар аз мушкили энержӣ хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки ба эътиқоди профессор Холназар Муҳаббатов, беш аз 65 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон ташкил меёбад. Ва Тоҷикистон танҳо 5 дарсади захираҳои оби худро истифода мебарад.

Ба гуфтаи профессори тоҷик, тайи чанд соли ахир ба далели гармии саросарӣ пиряхҳои Тоҷикистон бештар об мешавад ва ба далели камбуди барқу маводи сухт беш аз 1400 ҳазор ҳектор ҷангалҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз байн рафтааст, ки боиси хушк шудани чашмаҳо ва оби рӯдхонаҳо шудааст.

Вай мегӯяд, дар сурати идомаи кашмакашҳои лафзии кишварҳои поёноб ва болооб ва кам шудани ҷангалзорҳо ба далели камбуди барқ, дар оянда об Тоҷикистон на танҳо барои обёрии заминҳои Узбакистону Қазоқистон, балки барои Тоҷикистон ҳам кифоят нахоҳад кард.