Баҳси ҳиҷоб дар Қазоқистон

Ба дунболи Тоҷикистон дар Қазоқистон низ масъалаи ҳиҷоб мавриди гуфтугӯи васеъ қарор гирифт ва дар ин роҳ ҳукумат монеаҳоеро эҷод карданист, вале дар ин масъала алъон вазоратхонаҳо мавқеи мухталиф гирифтаанд.
Аз ҷумла чанде қабл Рашид Тусупбеков, вазири адлияи Қазоқистон, ҳангоми посух ба пурсиши хонандаи сомонаи вазорат гуфт, ки пӯшидани ҳиҷоб тибқи қонун мамнӯъ нест. Вале Ҷонсаид Туймебоев, вазири маориф, дар ин маврид мавқеи дигареро ихтиёр кардааст. Ӯ гуфтааст, тибқи қонуни маорифи Қазоқистон, ҳама шогирдони мактаб бояд либоси ягонаи мактабӣ бипӯшанд ва ҳиҷоб либоси мазҳабист ва бо ин либос ба мактаб омадани шогирд хилофи қонун аст.

Вале бархе ҷавонони қазоқ ин гуфтаи вазирро хилофи талаботи демократия ва озодии виҷдон медонанд ва мегӯянд, ки агар алъон шогирдони мактабро аз пӯшидани ҳиҷоб маҳрум созанд, фардо шояд барои кулли ҷавондухтарон, чи дар мактабу чи дар коргоҳ, ин либосро мамнӯъ эълон намоянд.

Аз ҷумла Мӯлдир ном ҷавондухтар, ки донишҷӯи соли чоруми коллеҷи тиббии Алмаатост, мегӯяд, вай ду сол ба ин тараф ҳиҷоб ба бар кардааст. Ба гуфтаи Мӯлдир, ҳиҷоб умуман ба зиндагии вай таъсири ҷиддие намерасонад, фақат гоҳо баъзе омӯзгоронаш ва ашхоси тасодуфӣ аз ӯ сабаби ҳиҷобпӯшиашро мепурсанд ва аз чунин пурсишҳо ӯ ҳайратзада аст. Мӯлдир изҳор мекунад, «аз дигарон намепурсанд, ки чаро ту домани кӯтоҳ мепӯшӣ ва ё чаро ту нофатро нишон медиҳӣ ва фақат аз мо мепурсанд, ки чаро ҳиҷоб мепӯшем».

Ҷамила, модари Мӯлдир, ки ба ҳиҷобпӯшии духтараш муқобил нест, чунин бархурди манфии баъзе ашхосро натиҷаи дур шудан аз анъаноти миллӣ ва ғарбгароии ҷавонон медонад. Ба гуфтаи Ҷамила, замонҳои пеш қазоқдухтарон либоси миллии зебо доштанд ва ба сар кулоҳҳои дароз мегирифтанд.

Вале дар замони шӯравӣ Қазоқистон зери таъсири фарҳанги аврупоӣ монд, зеро дар ин кишвар назар ба қазоқҳо дар он давра мардуми русзабон зиёд буданд ва шумораи зиёди қазоқҳо ҳам забони хешро гум карданду ҳам урфу одати хешро аз даст доданд ва дар натиҷа, ба гуфтаи Ҷамила, либоси миллии занону духтарони қазоқ моли таърих гардид ва онро алъон ҳатто дар авул ё деҳа низ намепӯшанд. Ин либосро танҳо ҳангоми ҷашнҳо ва ё намоишгоҳҳо дидан мумкин аст.

Ҷамила мегӯяд, «алъон либоспӯшии ҷавонон монанди қазоқдухтарони пешина нест. Онҳо либоси кӯтоҳ мепӯшанд ва нофашонро нишон медиҳанд. Қаблан қазоқҳо ин тур набуданд. Ҳамааш аз хориҷа ба мо омада истодааст. Акнун мо мӯямонро буридем ва рӯсариро партофтем. Алъон мо бештар ба Ғарб пайравӣ мекунем, на ба анъаноти миллииамон».

Вале ба шарофати истиқлолият, ба гуфтаи Мӯлдир, каме бошад ҳам, бозгашт ба асли хеш дар байни ҷавонони қазоқ ба мушоҳида мерасад, Аз ҷумла, шумори духтарони ҳиҷобпӯш дар ҳоли афзоиш аст ва агар ду сол қабл вақти ба ин либос рӯй овардани ӯ ҳиҷобпӯшон чандон зиёд набошанд, ҳоло дар кучаву хиёбонҳо бо онҳо зуд-зуд метавон дучор омад.

Мӯлдир аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки чунин тасмими вазорати маориф дар мавриди ҳиҷобпӯшии шогирдони мактаб имкон дорад, фардо ба омӯзишгоҳҳову донишгоҳҳо низ гирифта шавад. Вале вай таъкид мекунад, ки он вақт низ вай либосеро, ки пурра танашро мепӯшонад, хоҳад пӯшид ва рӯйсарӣ хоҳад гирифт ва ҳиҷобро нахоҳад партофт. Вале аз сӯи дигар Мӯлдир таъкид мекунад, ки агар либоси миллии қазоқӣ мебуд, ҳама онро мепӯшид, на ҳиҷобро.

Ба андешаи Мӯлдир, дар мактабу таълимгоҳҳо бояд ба донишу саводи шогирдон таваҷҷӯҳ кунанд, на ба он ки онҳо чи либосе ба бар менамоянд. Либоспӯшӣ, ба гуфтаи вай, кори шахсии ҳар кас аст ва инсон мувофиқи завқу салиқа ва имконоти молии хеш либос мепӯшад ва он ба дониши кас таъсире надорад. Худи вай бошад дар коллеҷи тиббӣ бо баҳои аъло таҳсил мекунад ва дар оянда мехоҳад корманди хуби тиббӣ шавад ва барои ҳифзи саломатии одамон хидмат кунад.