Дар робита ба соли бузургдошти Имоми Аъзам хабарнигори радиои Озодӣ бо Абдулвоҳид Шамолов, раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафии Фарҳангистони улум, сӯҳбат анҷом дод.
Озодӣ: -Устод, омодагиҳо чи гуна аст ва зарурати чунин иқдом, яъне бузургдошгти соли Имом Аъзам барои Тоҷикистон то куҷо муҳим аст?
-Ташаккур, мо дар арафи Симпозиюми байнулмилалӣ дар мавзуи «Мероси Абуҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо», ки бевосита бо ибтикори президенти кишвар сурат мегирад, бахшида ба 1310-солагии мутафаккири ҷаҳони ислом, фарзанди миллати тоҷик Имоми Аъзам бахшида шудааст. Барои ҷомеаи навбунёди мо, ки дар асоси Сарқонуни кишвар роҳи эъмори ҷомеаи демократиро пеш гирифтаем, дар ин роҳ мушкилоти зиёд вуҷуд дорад, ин тадбир сари вақтист. Кишварҳои Аврупо бузург, бахусус Олмон, Англия ва Фаронса, ҳанӯз аз қарни 17 ба бунёди чунин ҷомеа шурӯъ карданд. Ва дар амал татбиқ намудани рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ ва ё қудрати сиёсии демократи марҳила ба марҳила ба мартабаҳои нав расиданд. Ва мо низ, ки имрӯз дар ин марҳила карор дорем, ба бисёр масъалаҳои ҷиддии дар роҳи пешрафти ҷомеа рӯбарӯ шудем, ки на танҳо садди роҳи рушди ҷомеа, балки сулҳу субот ва муттаҳидии якпорчагии миллати тоҷикро зери суол қарор додаанд. Бахусус гурӯҳҳои ифротгаро дини мубини исломро ҳамчун сипар хусусияти сиёсӣ бахшиданд, онҳо даст ба ифтротгароӣ мезананд то ба ҳадафҳои сиёсии худ расанд. Ин ҷунбишҳо дар Аврупо ҳам буданд, дар асрҳои 17, 18, 19 пайдо шуданд. Дар мо баъди Шӯравӣ ҷунбишҳои зиёд пайдо шуданд. Мақсади онҳо ба сари қудрат омадан ва қудрати сиёсиро ба даст гирифтан аст. Вале мо ҷомеаи суннатии анъанавӣ дорем, сарфи назар аз он, ки беш аз 70 сол дар Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ сохторҳои низоми давлатдории дунёвии ба вуҷуд омада буд ва мо дар ин ё он шакл ба пешравиҳои хуб ноил шудем. Вале, мутаассифона, баъди шикаст хӯрдан ва пошхӯрии шӯравӣ боз гурӯҳҳои мухталифе пайдо шуданд, ки хотсанд ба хотири дар амал пиёда сохтани аҳдофи сиёсии худ ҷомеаи Тоҷикистонро ба дунболи худ кашанд. Имрӯз дар асоси раъйи мардум роҳи ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбундёро пеш мегирем. Роҳест, ки беҳтарин низоми давлатдорӣ аст, ки аз ҷониби кишварҳои Аврупо амалӣ шуда истодааст. Афлотун мегӯяд, ки бадтарин сохт ҷомеаи демократист. Вале Черчил гуфт, «воқеан ҳам демократия бадтарин низоми давлатдорист, вале барои ман як низоми беҳтаре нишон диҳед, ки аз ин беҳтар бошад». Яъне ин маънои онро дорад, ки роҳи пешгирифтаи сохти давлатдории мо яке аз низомҳои беҳтарин аст, ки ҷомеаи башариро муттаҳид месозад ва худи раванди ҷаҳонишавӣ ҳамин аст.
Озодӣ: -Мутмаинед, ки чорабинӣ ба ҳадаф мерасад?
-Ин чорабинӣ аз тарафи ҳукумат Тоҷикистон гузаронида мешавад. Нақши Академияи илмҳо низ дар баргузории он бориз аст. Гурӯҳи корӣ бо ибтикори президенти кишвар таъсис дода шуд. Аз моҳи январи соли ҷорӣ ба кор шурӯъ кардем. Марҳила ба марҳила рӯйхати донишмандонро омода кардем. Беш аз 1000 нафар донишмандони Аврупову Шарқ иштирок мекунанд ва ҳар нафаре муҳаққиқ аст ва гуфтание дар бораи Имоми Аъзам дорад. Гурӯҳи аввалин дар моҳи майи соли равон буд, интернет-сайти Имоми Аъзам кушода шудааст. Омодагии муҳаққиқонро гирифтем. Бубинед, ин ҷашнвора на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ ҷунбиши фарҳангиро ба вуҷуд овард, аз хурд то калон мехоҳад аз худ саҳме гузоранд. Имрӯз ҳар касе мехоҳад дар бораи ин шахсият чизе нигошта бошад. Дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо мавод аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ, муҳаққиқон ба табъ расидааст. Ҷомеа аввал Имом, мутафаккиру олими исломи худро шинохт ва акнун навбати он аст, ки барои ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Аз 49 давлати дунё муҳаққиқон меоянд. Онҳо на танҳо аз уммати мусулмон, балки муҳаққиқони динҳои мухталиф ҳастанд, ҷаҳонбинӣ ва тассуроти хешро дар бораи Имом мегӯянд. Воқеан симои аслии Имом барои аксарият ноошно буд. Мазҳабӣ таҳаммулпазир мазҳаби ҳанафӣ аст, имрӯз 800 миллион пайрав дорад.
Озодӣ: -Худшиносии миллӣ дар асоси эътирофи арзишҳои миллӣ ва динӣ бояд бошад. Дар ҳоле ки Тоҷикистон то ба ҳол мушаххас накардааст, ки модели кишварҳори исломиро мепазирад ва ё суннатиро?
-Бо худшиносии миллӣ гуфтан ҳадаф миллатгароӣ нест. Балки дар ҷаҳони муосири бо раванди ҷаҳонишавӣ мо худро шиносем, ки мо кӣ ҳастем. Чунон, ки Суқрот гуфта буд ва тамоми динҳои пешин мегӯянд, инсон бояд аввал худро шиносад то Худои худро бишносад. То он замоне, ки инсон асли худро, нафси худро нашиносад, ба ботину асли худ моҳияту ҷавҳари худ сарфаҳм наравад, ӯ дигар қавму миллатҳоро шинохта наметавонад. Ин пешниҳод хеле муҳим аст аз ҷониби сарвари давлат масъалагузорӣ мешавад, бояд мо худро, ҷомеа ва миллатро шиносем. Ҳадаф барои якпорчагии миллат ва пешрафту рушду нумӯъ. Чунон ки дар Аврупо шуд. Бубинед Бисмарк тамоми шоҳигариҳоро гирифт ва як Олмонро сохт. Дур намеравем, кишвари ба мо дӯст ва рафиқ Туркия дар муддати 100 сол аст, ки баъди як инқилобе, ки аз тарафи Отатурк сурат гирифт, марҳила ба марҳила ба миллатсозӣ даст заданд, мехоҳанд ки миллат бисозанд. Миллате, ки дар матни фарҳанг ва тамаддуни он миллат арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ ҷой дошта бошанд ва бо ҳам тавъам бошанд. Ва мо низ роҳи Туркияро пеш гирифтем. Шояд дар муттаҳидсозии миллат. Чунки зарурати аз нав сохтани дучархара нест. Ҳаст моделҳое, ки мо онро бисозем. Ва ё модели Малайзияро мегирем ва ё ягон давлати исломии дигарро. Масалан, Малаязия давоми 20 соли роҳбарии Абдулло дар ин кишвар пешравиҳое шудааст ва намояндаи дин ва миллатҳои мухталифи он ҷо зиндагӣ мекунанд. Динҳои дигар ҳам ҳастанд. Абдулло тавонист дар муддати 20 сол як ҷомеаи таҳамулпазирро ба вуҷуд оварад. Мо низ имрӯз ҳадафу маромамон эъмори ҷомеаи таҳамулпазирӣ аст. Афғонистон кишвари ба мо бародар аст. Аммо ҷомеаи суннатиро дар ин ҷо, азҳоби мухталифи сиёсӣ ва ҷунбишҳои сиёсӣ, ки исломи сиёсиро бар дӯш гирифтанд, пора-пора карданд. Бунёди ҷомеаи суннатиро шикастанд ва давоми 30 сол аст, ки дар ин кишвар ҷанг аст ва касе мехоҳад вориди инҷо мешавад. Чунки анъанаҳо, суннатро шикастанд ва баъдан ҳар касе аз номи ислом худро намояндагӣ кард ва гуфтанд, ки ҷунбиши исломиро дастгирӣ мекунем. Гулбидин, Мулло Умару дигару дигар. Вале дар матни ин ислом чиро ворид карданд, ин саволи дигар аст. Мутаассифона, ин ҷунбишҳо дар мо ҳам вуҷуд доранд. Ва шукри Худованд, ки мо аз вақт истифода бурда, дар як муддати кӯтоҳ миллатро бо ҳам овардем.
Озодӣ: -Вақтҳои охир баъзе аз муҳаққиқони турк ва араб ҳадс мезананд, ки Имоми Аъзам намояндаи ин ду миллат будааст. Дар ҳоле ки мо даъво дорем, ки ӯ тоҷик буд?
-Имоми Аъзам тоҷик аст. Ин ҷои шаку тардиде надорад. Шояд ки дар кишлоқи Сайёрон авлодашон зиндагӣ мекарданд аз маъбади ориёиҳо буданд. Мо онро ба қавми турк, араб ва ғайра дохил карда наметавонем. Дар раванди эҳёи худшиносии миллӣ фарзандоне шаҳире ба мисли Абуҳанифа ҳамчун як парчами миллӣ ҳастанд. Мо бояд ин парчамро дар дасти худ гирем. То милатсозони фарҳанги гадоён онҳоро мегиранд. Ин чизи таёрро барои худ мегиранд ва номгузорӣ мекунанд. Баъзе миллатҳоеро мо медонем, ки як танбурнавоз доранд, ҳамон танбурнавозро ба сатҳи файласуф бароварданд, мутафаккир муаррифӣ намуданд ва як символ ва улгӯи миллӣ сохтанд. Мо ба милатгароӣ даст намезанем. Масалан доктор Мум Кореяи Ҷанубиро ба хотири бо ҳам муттаҳид сохтани Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ аз идеяҳои динӣ комилан истифода бурда истодааст. Русия бо тамоми бузургиаш имрӯз дид, ки мубориза бар зидди падидаҳои иҷтимоӣ натиҷа намедиҳад, миллат аз байн рафта истодааст, мушкилоти демографӣ ба вуҷуд омад. Ва рӯ ба дин овард. Пас чаро он арзишҳои диние, ки дар рагу пайванди мо аст, онро барои пешрафти ҷомеа истифода накунем?
Озодӣ: -Чаро ба Имом Абуҳанифа номи Имоми Аъзам, яъне Аъзам гузоштаанд?
-Номро таърих ва уммати ислом ба ӯ гузошттаст. Барои он ки ба моҳияти асли ин суол рӯ биорем, бояд гуфт, ки вақте расули Акрам (р) дар ҳаёт буданд, тамоми масъалаҳое, ки дар ҷомеаи исломӣ ба вуҷуд меомаданд, аз тариқи ваҳйи илоҳии «Қуръон»-и карим, паёмбар ва гуфтаҳои паёмбар, ки саҳобаҳо онро ҳифз карда буданд ва тариқи шифоҳи баён медоштанд ва ҳар мушкилот,е ки дар ҷомеа пайдо мешуд, аз хурдтарин масалан намоз, талоқ рӯзаву закот дигару дигар то бузургтарин муносиботи байнулмилалӣ аз ҷониби шахси паёмабри ислом роҳи ҳалли онҳо ёфт мешуд. Ва ҳамин буд, ки дар замони Халифаҳои рошидин низ, ки саҳобаҳои барҳақ буданд ва наздикони чаҳор ёри расули Акрам (р) буданд, ҳамин мушкилиҳо ба миён меояд. Онҳо дар такя ба гуфтаҳои расули Акрам ба «Қӯръони маҷид» ин корҳоро амалӣ мекарданд. Вале баъд аз реҳлати онҳо дар замони тобеин ва табатобеин, яъне агар дар меҳвари ҷаҳони ислом паёмбар қарор дошт, атрофашро саҳоба мегуфтанд. Атрофи саҳоба шогирдони онро тобеин ва шогирдони тобеинро табатобеин мегуфтанд. Вақте Имоми Аъъам ба дунё омад, дпр ҷаҳони ислом парокандагӣ ба миён омада буд. Муборизаҳои шадид байни Уммавиён ва Аббосиён шиддат гирифта буд. Ҳамин муборизаҳо боиси парокандашавии ҷомеаи ислом мешуд. Ҳамин буд, ки империяи исломии бузурги хилофати араб ба вуҷуд омад. Дар онҷо қавму миллатҳои мухталиф буданд, урфу одатҳо ва анъанаҳои мухталиф доштанд. Тавассути зурӣ намешуд, ки исломро болои мардум таҳмил кард. Роҳи таҳаммулпазирӣ даркор буд. Шавоҳиди таърихи аст, ки вақте Ибни Қутайба ин ҷо омад мардум арабро қабул накарданд, маҷбур шуд, тахти сафар баст ва рафт. Яъне бархӯрди тамаддунҳо ҳамон вақт ҳам буд. Аммо роҳу равиши дигаре даркор буд. Чунки рисолати ҷадид рисолати ҷаҳонӣ дошт, на миллӣ ва на қавмӣ, яъне ислом. Дар ҳамон даврон баъд аз реҳлати халифаҳои Рошидин як халогӣ ба вуҷуд омад. Ин халогӣ бояд пур карда мешуд. Як шӯрои, яъне имрӯза порлумон даркор буд. Яъне муҷтаҳидоне буданд, дарҳояшон баста шуд, дигар хеҷ кас иҷтиҳод, яъне фатво дода наметавонист.
Озодӣ: -Хуб дуруст аст, ки дар замони таваллуди Имоми Аъзам ҷаҳони исломро парокандагӣ ва хурофот таҳдид мекард, вале фатвоҳои халифаҳои ҳамон давраро мардум қабул намекарданд. Чун онҳо сари қудрат буданд?
-Халиф Абумансур ва ё аз Умавиён ва Аболсиён фатво медоданд сатҳашон паст буд, ҳама қабул намекард. Фиқҳ ва проблемаҳои ҷаҳониро намедонистанд, ҳамин буд, ки фатвоҳояшон хусусияти маҳдуд мегирифт. Фатвоҳояшон аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар даврони зиндагиашон, ки ду ва ё се сол роҳбарӣ мекарданд, дигар дархӯрди мардум шуда наметавонистанд. Давлат бояд як порлумонро ба вуҷуд меовард. Халифа Мансур ҳам натавонист. Аббосиён ва Уммавиён аз уҳдаи ин кор набаромадаанд. Имоми Аъзам дарк кард, ки чунин як маҷмааи қонугузориро биёранд. Дар ҷомеаи исломи баҳсу мунозираҳои каломӣ, ҷадалӣ ва мантиқӣ мешуд. Масалан кӯдаке мурд ё ки афтид, дасташ шикаст. Ин дасти ӯ дар 7-солагӣ, яъне бегуноҳӣ шикаст. Вақте ӯ 70-сола шуда мурд, оё ин дасти шикастаи бегуноҳ ба тани 70-солаи гунаҳкор дар рӯзи қиёмат чӣ хел пайваст мешавад. Саволҳое ба вуҷуд омаданд, ки ҷомеаи исломро ба шикаст рӯбарӯ карданд. Дар атрофи намоз, талоқу дигару дигар. Намозро чи гуна бояд хонд. Даст боло бошад ё поин, инҳо ҷузъӣ буданд. Атрофи масъалаи қадария ва ҷабария. Яъне тақдири замин ва инсон дар дасти Худо аст. Инсон ирода дорад, озод аст ва ё лаҷоми ихтиёри ӯ дар дасти Худованд. Тамоми он чизе, ки аз тарафи Худо ҷабр карда мешавад, инро инсон таҳаммул карда метавонад ё не. Инсон то кадом андоза озод аст. Ҳамаи ин аввалин мактаби баҳсиро дар Куфа ба вуҷуд овард. Аз ин пеш Ҳасани Басрӣ мехост, ки мазаҳбаеро дар Басра ба вуҷуд оварад, аммо ӯ ба калом дода шуд ва натавонист мактаби фиқҳро ба вуҷуд оварад. Ҳамин буд, ки Имоми Аъзам аз калом даст кашид ва ба мазҳаби фиқҳ рӯ овард. Як гурӯҳи хурди 36-нафараро таъсис дод, аз ҳисоби худ идрорпулӣ-стипендия медод, то ки онҳо баҳсу мунозира кунанд ва системаи таснифотии академиявиро дар сатҳи ҷаҳони ислом ба вуҷуд биоранд. Яъне як порлумон шуд ва ё академияие, ки Афлотун ба вуҷуд оварда буд. Академия дар сатҳи ҷаҳони ислом ба вуҷуд овард ва 83 ҳазор қонун фатво қабул карданд. Системаи қонунгузориро тадвин кард. Ҳеҷ Имом ва шахсияте чунин корро анҷом дода наметавонад ва натавонистааст. Бузургии дигараш дар ин аст, ки вақте масъалаҳои муҳими байнулмилалӣ пайдо шуд, яъне муносибати Эрон бо Арабистон, бо Аврупо чӣ бояд кард. Проблемаҳои гумруки байнулмилалӣ, додугирифти байни давлатҳо, масоили дохилии иҷтимоии дар ҷомеаи исломи фиқҳӣ, ки ба вуҷуд омаданд. Аз худи таҳорату намоз то ба масъалҳои низомии давлатдорӣ ва баъият кардан ва ба сари қудрат омадани шахсиятҳои халифу иҷмову иҷтимоиву дигару дигар. Имом дид, ки бо ин роҳ намешавад ва чӣ бояд кард. Ӯ дар ҳамон мактаби хеш 36 нафарро ҷалб кард ва ҳам масоиле пайдо мешуд, мегуфтанд, ки хусусияти сиёсӣ ва ё иҷтимоӣ дорад.
Озодӣ: -Дар хилофати араб қавму миллатҳои зиёд зиндагӣ мекарданд, пас Имом бо шогирдон чи гуна аз мантиқ раъй мегирифтанд. Чун се мазҳаби дигар ҳам дар шогирдии мактаби фиқҳи Имом пайдо шуданд.
-Чун атрофи масъалаҳо хусусияти сиёсӣ иҷтимои дошта баҳс мекарданд. Аввал ба «Қуръон» рӯ меоварданд. Вақте намеёфтанд, ба саҳобаҳо рӯ меоварданд. Мебинанд, ки дар саҳобаҳо ҳам нест ба тобеин рӯ меоварданд ба табатобеин рӯ меоваранд. Вақте бад-ин тартиб ҳам намеёфтанд, ба хулосае меомаданд, ки чӣ бояд кард? Раъйи худро мегирифтанд. Дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи мантиқӣ онҳо ба як хулосае меомаданд. Ҳамин буд, ки қиёс ва урфро дохил карданд. Бубинед, дар хилофати араб қавму миллатҳои зиёд зиндагӣ мекарданд. Агар инҳоро урфу одатҳояшонро ба инобат намегирифтанд, намешуд. Бо назардошти ҳамин яъне дар матни ҳуқуқи исломи арзишҳои умумибашарии тамоми қавму миллатҳоеро, ки буд, дохил кард. Фазои ҳуқуқии онҳоро дар асоси шариати исломӣ ба вуҷуд овард. Барои ҳамин Имоми Аъзам мегӯянд, ки яъне бузург буд. Пешвоёни ҷаҳор мазҳаб – Молик, Ҳанбал ва Шофеъ - инҳо шогирдони шогирди Имом Абу Юсуф ҳастанд. Сарфи назар аз он, ки Имом дар назди падари Имоми Ҷаъфари Содиқ - Имоми Боқир шогирд буд. Имом Боқир бунёдгузори низомии фикҳи аҳли шиа аст. Аммо аҳли ташайюъ аз системаи қонунгузории Имоми Аъзам истифода мекунанд. Мисоли дигар, салафиҳои навпайдо, ки худро пайрави Таҳовӣ мегӯянд ва шиор доранд, ки мо бояд дар муқобили мазҳаби ҳанафӣ мубориза барем. Бародарони аҳли салафи солеҳ дар давоми Муҳамад, табатобеин буданд, имрӯз кадом салафи солеҳ мондааст? Таовӣ дар асри як каме баъдтар аз Имом буд. Бисёр масъалаҳоеро дид, ки роҳи ҳалашро ёфта намешавад, рӯ овард ба Имоми Аъзам. Ва шарҳи Таови, ки имрӯз салафиҳо ба ӯ пайравӣ мекунанд, ин ҳамон шарҳи ақоиди Имом аст, ки дар «Фиқҳи акбар» омадааст. Имоми Аъзам дар рисолаи «Ал-Батӣ» ба қозии Басра навиштааст, ки дигар ҷустуҷӯ накунанд. Вай Имом буд, «Сироҷ–ул-уммат», яъне чароғи умматаш ном гузошта буданд. Вай аз баҳри ҳама чиз даст кашид ва ба илм дода шуд. Боиси ифтихор аст, ки башарият аз андешаҳои таҳаммулпазирии ӯ судҷӯӣ кардааст. Исломи ӯ содда, ором озод ва осон аст. Яъне дар он ифротгароӣ нест, васатия аст. Хати васатро мегирад. Ба мисли Авесто ва Зардуштия нест, ки ту бо мо ҳасти хайр ва шар. Яъне бояд, ки хати васат бошад. Чаҳон барои нест кардан нест. Ҷаҳон барои одаму олам аст. Бояд он обод бошад. Ва моро зарур аст аз афкор ва сори Имом барои худсозии миллат, муттаҳид сохтани ин миллат, ки имрӯз аз хати ниёгони худ инҳироф кардааст, истифода кунем.