Суқути ҳавопаймо дар Бишкек
Ҳамин Боинг 737-и ширкати қирғизии "ИтекЭйр" аст, ки дар фурудгоҳи Бишкек суқут кард.
Дар ҳоли ҳозир, гуфта мешавад, аз 90 сарнишини он 65 нафарашон кушта шудаанд.
Дар мавриди сабабҳои суқути ҳавопаймо ҳанӯз ҳарфе гуфта нашудааст.
Ҳавопаймо дар 5-километрии фурудгоҳи "Манас" суқут кард.
Шумори наҷотёфтагон беш аз 20 нафар тахмин зада мешавад.
Ин мусофири эрониро низ бахт баландӣ кардааст.