Ҷаҳон дар ҳафтаи гузашта дар аксҳо
Баъқуба, Ироқ. 22 январ - Дуздии одамон ва кушторҳо дар Ироқ ҳамоно идома дорад. Дар Баъқуба ҷасади шаш одами дуздидашударо ёфтанд.
Давос, Швейтсария, 22 январ - Дар Давос Форуми навбатии ҷаҳонӣ масоили иқтисоди ҷаҳон баррасӣ хоҳанд шуд.
Давос, Швейтсария. 24 январ - Раисҷумҳурони Покистону Афғонистон, ки ҳамчунин ба Давос омадаанд, дар "Ҷустуҷуи сулҳ ва субот"-анд.
Варшава, 21 январ - Тифлони чечен дар урдугоҳи гурезаҳо дар Лаҳистон интизори амалӣ шудани орзуҳои аврупоии худанд.
Минтақаи марзии Рафоҳ, миёни Навори Ғаззаву Миср. 23 январ - Тахриби девори марзӣ ба истилоҳ "ҷони" ҳазорҳо сокини Навори Ғаззаро "харид".
Қундуз, Афғонистон. 23 январ - Сармои камназир дар Афғонистон боиси марги даҳҳо нафар шудааст.
Кобул, Афғонистон. 24 январ - Сарпарасти беш аз ҳафт ҳазор зани бешавҳармонда дар пойтахти Афғонистон созмони байнулмилалии КАРЕ шудааст.