Беназир Бҳутто: Аз курсии донишҷӯӣ то ба маснади сарвазирӣ
Симла, 28.06.1972 - Беназир Бҳутто ҳамроҳ бо падари президенташ ва Индира Ганди, сарвазири Ҳиндустон дар саммите иштирок карда буд.
Карочӣ, 29.08.1985 - Хатмкардаи ду донишгоҳи маъруфи ғарбӣ, Беназир Бҳутто пас аз қатли падараш раҳбари Ҳизби мардумии Покистон шуда буд.
Нитса, 06.11.1985 - Беназир Бҳутто аввалин узви хонадонаш нест, ки кушта мегардад. Соли 1985 ӯ ба Фаронса барои ба ватанаш бурдани ҷасади бародараш Шоҳнавоз Бҳутто омада буд.
Клифтон, 09.09.1986 - Баъд аз ғурбати кӯтоҳмуддате дар соли 1986 Беназир Бҳутто ба Покистон баргашт ва ду соли баъдаш сарвазир шуд.
Исломобод, 02.12.1988 - Дувуми декабри соли 1988 барои нахустин бор дар таърихи навини Ислом, як зани мусалмон ба курсии рақами яки як кишвари мусалмонӣ нишаст.
Исломобод - Ӯ дар баробари давлатмардони афғону эрониву турк: - Бурҳонуддин Раббонӣ, Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Сулаймон Демирел дар нишастҳои минтақавӣ аз Покистон намояндагӣ мекард....
Вашингтон, 06.06.1989 - ... дар Амрико дар баробари Ҷорҷ Буши амрикоӣ низ.
Карочӣ, 18.12.1987 - Издивоҷи хонум Бҳутто низ ба моҳи декабр тасодуф омада буд. Аммо иттиҳомот ба фасод, ки баъдан алайҳи шавҳари ӯ пеш оварда шуда буд, боиси ба истеъфо фиристодани ӯ гардида буд.