Зимистони Балҷувон дар аксҳо
Чанде пеш хабарнигори Радиои Озодӣ Барот Юсуфӣ ба Балҷувон сафар дошт
Аввалин истгоҳи ӯ деҳаи Девдор буд.
Ин деҳа дар паҳлӯи шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг ҷойгир шудааст.
Зимистон ба Балҷувон бо моҳи декабр баробар омад
Ин аллакай барфи дувум дар Балҷувон буд
Дулонаву бодом ҳама зери барф монда буд
Бориши барф дар шоҳроҳи Ховалинг-Балҷувон роҳи мошингардро масдуд карда буд
Дар ду соат баландии барф ба 10-15 сантиметр расида буд
Дар ҳоле, ки бархе аз манотиқи Балҷувон сафедпӯш шуда буданд, ...
.... панҷ километр поинтар ҳанӯз ҳам тирамоҳ ҳоким буд
Ин ҷо низ ҳарчанд ба пляж монанд нест, аммо соҳил аст, соҳили дарёи Сурхоб дар Балҷувон
Маркази Балҷувон дар соҳили дарёи Сурхоб ҷойгир шудааст
Ин пул ду соҳилро ба ҳам намепайвандад, ронандаҳо маҷбуранд, боқии роҳро аз тариқи сангоби дарё убур кунанд