Тазоҳуроти коргарони Opel дар Антверпен

Имрӯз ҳазорон нафар дар ҳавлии корхонаи мошинсозии Opel дар шаҳри Антверпени Белгия алайҳи тасмими бастани ин корхона эътироз карданд. Моликони нави Opel – ширкати канадоии Magna ва Сбербанки Русия мехоҳанд 11 000 нафар аз 49 000 кормандони Opel-ро дар Аврупо ихтисор кунанд. Бино ба хабарҳо, корхонаи Антверпен низ бояд тибқи барномаи моликони нави Opel бояд баста шавад. Opel дар Олмону Бритониё ва Испания низ чанд корхонаи дигар дорад.