Вазорати тандурустӣ мегӯяд, як ҳафта боз сӯзандору барои эмкунии кӯдакон ба кишвар ворид намешавад ва бо ин вазъ эҳтимоли тавсеаи бемории сил вуҷуд дорад.
Эмкунии кӯдакони навзод бо воксини зидди бемории сил бо истифода аз сӯзандоруи махсус сурат мегирад. Ба гуфти мутахассисон, агар кӯдакон дар мӯҳлати муқараршуда аз ин намуди эм бебаҳра монанд, онҳо дар муқобили бемориии сил заъфпазир хоҳанд шуд.
Вале Шамсиддин Қурбонов, раҳбари пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушер-геникологӣ ва перинтологии назди Вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, бо таъхири воридоти сӯзандоруҳои махсуси эмгузаронӣ вазорат тасмим гирифтааст, ки аз навъи дигари сӯзандоруҳои якдафъаина кор гирад.
Вай афзуд, «мо тасмим гирифтем, ки кӯдакони тайи як ҳафта аз эмкунӣ дарканормонда ба рӯйхат гирифта шуда ва бо сӯзандорӯҳои якдафъаина эм карда шаванд».
Шамсиддин Ҷобиров, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунии назди Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, гуфт, барои пешгирӣ кардани пайомадҳои манфии норасоии сӯзандору ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати беҳдошт дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ тадбирҳои зарури андешидаанд ва рӯзҳои наздик маъракаи миллии ҷумҳуриявии эмгузаронӣ оғоз мегардад.
Ҷамилаи Ҳусейн, модари ҷавон, мегӯяд, ки гарчанде ӯ кӯдакашро дар беморхона таваллуд карда, дар 4 рӯзагӣ сӯзандоруи зидди бемории силро гирифтааст, вале боз ҳам хавфи аз ин сӯзандору дар канор мондани кӯдакон ҷой дорад. Хонум Ҷамила афзуд, ки ҳатто нафарони калонсолеро медонад, ки дар кӯдаки ин намуди сӯзандоруро нагирифтаанд ва имрӯз ба бемориҳои гуногуни аз қабили фалаҷ, рӯҳи ва ғайра гирифторанд.
Ин дар ҳолест, ки дар манотиқи дурдасти кишвар аксари занон дар хона таваллуд мекунанд ва тибқи баъзе сарчашмаҳо, ҳудуди 20 дарсади кӯдакон аз гирифтани эми зиди бемории сил, фалаҷ ва гулӯзиндонак бебаҳра мемонанд.
Солҳои охир дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳамчунин норасоии мутахассисони соҳаи тиб, беморхонаҳо, маводи доруворӣ боиси он шудааст, ки сӯзандоруҳои махсуси зидди бемориҳои сил, фалаҷ ва сурхчаро гирифта наметавонанд.
Роҳбари пажӯҳишгоҳи илми тадқиқоти назди вазорати беҳдошт Шамсидддин Қурбонов низ ҳолатҳои дар канор мондани кӯдаконро аз гирифтани сӯзандоруи зидди бемории силро тасдиқ карда гуфт, солона 20-30 дарсади кӯдакон аз гирифтани ин сӯзандору дар канор мемонанд. Оқои Қурбонов афзуд, ки «дар баъзе ноҳияҳои дурдаст ҳатто моҳҳо ва солҳо кӯдаконро барои аз ташхиси тиббӣ гузаронидан ба муассисаҳои беҳдошт намеоранд».
Ҷаноби Қурбонов гуфт, солҳои 2000 то 2005 дар Тоҷикистон бемориҳое ба қайд гирифта шуданд, ки ин намуди бемориҳо солҳои 50-60 асри бист тамоман нест шуда буданд. Зеро он замон маъракаи эмгузаронӣ дар сатҳи хуб буд. Вале баъди солҳои 90-ум дубора ин намуди бемориҳои сироятӣ доман заданд.
Ба гуфтаи вай, аз соли 2005 инҷониб маъракаи эмгузаронӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст. Ва танҳо як мушкиле, ки имсол кишвари мо мувоҷеҳ шуд, норасоии сӯзандоруи махсуси бар зидди бемории сили кӯдакона аст.
Вале Шамсиддин Қурбонов, раҳбари пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушер-геникологӣ ва перинтологии назди Вазорати беҳдошти Тоҷикистон гуфт, бо таъхири воридоти сӯзандоруҳои махсуси эмгузаронӣ вазорат тасмим гирифтааст, ки аз навъи дигари сӯзандоруҳои якдафъаина кор гирад.
Вай афзуд, «мо тасмим гирифтем, ки кӯдакони тайи як ҳафта аз эмкунӣ дарканормонда ба рӯйхат гирифта шуда ва бо сӯзандорӯҳои якдафъаина эм карда шаванд».
Дар манотиқи дурдасти кишвар аксари занон дар хона таваллуд мекунанд ва тибқи баъзе сарчашмаҳо, ҳудуди 20 дарсади кӯдакон аз гирифтани эми зидди бемории сил, фалаҷ ва гулӯзиндонак бебаҳра мемонанд ...