Дар ҳоле, ки марҳалаи қабули аризаҳои довталабони сафари Ҳаҷ ҳанӯз идома дорад, бархе аз хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо аз қоидаҳои нонавиштаи дар маҳалли онҳо ҷоришуда шикоят мекунанд, ки роҳи онҳоро аз сафар бозмедорад.
Ҳазор лампаи каммасраф барои иҷоза ба ҳаҷ?
Як сокини деҳаи Бафоии ҷамоати Гули сурхи Истаравшан дар тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки “кормандони ҷамоат ба хоҳишмандони сафари Ҳаҷ шарт гузоштаанд, ки ҳар кадом нахуст ҳазор дона чароғи каммасрафро ба хонаводаҳои камбизоату ниёзманд хайр кунад, вагарна аризаи онҳо қабул намешавад”. Аъзамҷон Фаёзов, сокини 55-солаи ҷамоати Гули сурх мегӯяд, баъди 15 соли тайёрӣ ва хонадоркунии панҷ фарзанд ӯ барои сафари ҳаҷ пурра омода шуда, ният кардааст ҳамроҳи ҳамсараш имсол аз хонаи худо зиёрат кунад, вале ҳоло бо сабаби гаронии нархи чароғҳои каммасраф ӯ имкони чунин хайротро надорад. Аъзамҷон Фаёзов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:
“Ҳоло мегӯянд, ки аз миёни 1200-1500 сокини деҳа як касро мефиристанд. Ҳар як одам (хостори ҳаҷ) бояд ҳазор дона чароғро ба камбизоатҳо диҳад. Аммо мо онро гирифта наметавонем, маблағи мо намерасад. Дар вақти арзонӣ нархи як чароғ се сомонӣ буд, ҳоло дар бозор шаш сомонӣ шудааст. Ҳазортоаш шаш ҳазор сомонӣ мешавад. Маблағ намерасад, чӣ кор кардан даркор? Дар деҳаи мо одамон чандон бой нестанд, барои ҳамин шуда, бисёриҳо “мо намеравем” мегӯянд. Ба мо як лимит додаанд. Мо аз оила ду кас рафтанӣ ҳастем, аммо намешавад, ҳайрон мондаем”.
Ранҷиши дигари оқои Фаёзов аз ин аст, ки барои рустои онҳо имсол фақат як ҷо барои сафари ҳаҷ ҷудо шудааст ва ӯ имкон надорад орзуи деринаашро ба иҷро расонад, ки ин ҳам сафар ҳамроҳи ҳамсараш будааст. Ӯ мегӯяд, аз рустои онҳо куллан 15 нафар мехостанд имсол роҳи Каъбаро пеш гиранд, вале акнун бо пеш омадани муқаррароти марбут ба хайри чароғҳову маҳдуд будани шумори зоирон ҳеҷ як нафари онҳо нияти худро ба ҷо оварда наметавонад.
“Агар ман маблағ медоштам, бе гуфти онҳо ҳам мекардам ин корро. Акнун маҷбурам, ки аз ягон кас қарз гирам. Аммо дар он сурат роҳи ҳаҷ хато мешавад. Агар ман бори дуюм ба ҳаҷ мерафтам, хайр мекардам. Ман ният карда будам. Ҳоло ба 55 даромадам, худо ба ҳамин рӯз расонд, вале бо ин монеаҳо ман ҳайронам”.
Посухи Вазорати фарҳанг
Дар робита бо шикояти Аъзамҷон Фаёзов ба Абдуғаффор Юсупов, мудири шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати сарраёсати корҳои дини Вазорати фарҳанг муроҷиат кардем. Ӯ вуҷуди ин гуна талабот ё муқарраротро рад кард ва гуфт, аслан дар ҳолати пеш омадани ингуна ҳодисаҳо идораи онҳо ба шикоятҳои на шифоҳӣ, балки хаттӣ такя мекунад, ки ба унвонии шӯъбаи ҳаҷ ва ё сохторҳои ҳифзи қонун ироа шуда бошад. Вагарна, гуфт ӯ, ба ҷавобгарӣ кашондани тарафе ғайриимкон аст.
“Ягон талабот нест. Фақат маҳдудияти синну солӣ аст, ки аз 18 то 80-солаҳоро иҷоза медиҳад, шахсоне, ки саломатиашон нағз бошад, касалиҳои сирояткунанда надошта бошанд. Лекин ягон маблағи зиёдатӣ талаб намешавад. Баръакс, мо намехоҳем, ки ин хел ҳақгириву порахӯрӣ шавад. Мо зидди ин масъала ҳастем, муқобил ҳастем”.
Харҷи ҳаҷ: 3300 доллар + 1000 лампа?
Харҷи куллии ҳаҷ имсол беш аз 3300 доллар муайня шудааст. Масъалаи тақдими чароғҳои каммасраф ба камбизоатону хонаводаҳои нодор, аз назари бархе, аз даъвати идонаи президент Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, ки аз сокинони ҷумҳурӣ хостааст, фитри рӯзаи имсолаи худро, ки баробар ба 1,5 сомонӣ аст, барои харидан ва ба хонаводаҳои ниёзманд хайр кардани чунин чароғҳо сарф кунанд. Дар айни замон, дар қарори моҳи майи президент оид ба гузаштан ба чароғҳои каммасраф низ таъкид шудааст, ки давлат масъулияти таъмини 240 ҳазор хонаводаи нодори кишварро бо чароғҳои каммасраф ба дӯши худ мегирад. Ва ҳоло мунаққидон мегӯянд, ки баъзе масъулин дар деҳоту ҷамоатҳо тавассути ҳоҷиён мехоҳанд ин масъулияти бар дӯши онҳо уфтодаро иҷро кунанд.
Уламои дин мегӯянд, ки дар Ислом кори хайр ба хоҳишу ният ва тавонмандии ҳар инсон вобаста аст, ки дар кадом ҳолат ва ба кадом шакл – ба шакли тақсими молу ғизо ва ё пул сурат мегирад. Муҳим ин аст, ки ин хайру садақа аз сидқи дил ва мувофиқи имкониятҳои ҳар фард бидуни гирифтану қарз ва ҳатман ихтиёрӣ, на маҷбурӣ карда шавад. Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси шӯрои уламои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд:
“Як тарафи дигари масъала ин аст, ки ислом ҳақи дахолатро ба пулу моли шахсии инсон иҷоза намедиҳад. Масалан, ман ҳаҷ карданӣ бошам, касе ба ман дахолат карда наметавонад, ки “ту аввал ин корро кун, баъд ҳаҷ меравӣ”. Ё агар ман кадом кори хайрро анҷом доданӣ бошам, касе ҳақи дахолат кардан ба пулу моли маро надорад. Вақте дахолат мекунанду “фурӯзонак” ва чизҳои дигар мегӯянд, корҳои беҳуда аст, инҳо сӯиистифода мекунанд. Дар ислом тавсия мумкин аст. Тавсия додан мумкин аст, ки “ин хел кор кунед, беҳтар аст, фалон корро иҷро кунед, беҳтар аст”. Аммо ба сурати қарор, ки даромад, ин аллакай исломӣ нест, аз ислом берун аст”.
Зиёрати хонаи Худо бо квота
Масъулин мегӯянд, бино бар муқаррароти Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ барои ҳар як миллион сокини ҳар кишвар ҳазор ҷо барои ҳаҷ муқаррар мешавад. Вале ҳатто аз рӯи ин квота, Тоҷикистон амалан ҳаққи ирсоли на панҷ балки ҳафт ҳазор зоирро дорад. Мунаққидон мегӯянд, масъала дар масъулини Тоҷикистон аст, ки шумори камтари ҷойро аз Саудия дархост мекунанд. Вале дар ин бора Абдуғаффор Юсупов, мудири шуъбаи ҳаҷ дар Вазорати фарҳанг гуфт, тасмими мазкурро моҳи июли имсол вазорати ҳаҷи Арабистони Саъудӣ эълон кардааст. Дар заминаи тақсимбандии ҷойҳо дар Тоҷикистон, ки аз назари бархе ноодилона сурат мегирад, ӯ гуфт:
“Ҳамон квотаи панҷ ҳазор нафарро бар адади аҳолӣ тақсим кардаанд. Ноҳияе ҳаст, ки 260 ҳазор аҳолӣ дорад, бояд 151 ҳоҷиро сафарбар кунад. Ноҳияе ҳаст, ки 80 ҳазор аҳолӣ дорад, он метавонад 61 нафарро пешниҳод кунад. Мо ин арқоми марбут ба ноҳияҳоро аз омори давлатӣ гирифтем”.
Ӯ гуфт, ҳоло тибқи муқаррароти таъиншуда, ҳар хоҳишманди зиёрати хонаи худо дар Тоҷикистон метавонад дар фурсати баъди панҷ сол аз ҳаҷи нахустинаш дубора ба сафар барояд. Вай мегӯяд, дар ҳар як ноҳия бояд дафтари вижа бо рӯйхати хоҳишмандони зиёрат тартиб дода шуда, дар он имзои раиси ноҳияву мӯҳри он гузошта шуда, ба ҳамин тартиб, навбати зоирон риоя мешавад. Вай гуфт, ҷамъбасти ниҳоии феҳрасти зоирон дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр сурат мегирад.