Баррасии тарҳи нави қонун дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон шурӯъ шуд ва интизор меравад, аввали октябр ба поён расад.
Баррасии тарҳи нав дар ҳоле ҷараён мегирад, ки соҳибони забонҳои дигар дар Тоҷикистон аз таъсири эҳтимолии он ба корбасти забонҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ғаффор Ҷӯраев, раиси Кумиссюни татбиқи қонуни забон, мегӯяд, мақоми забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ ва узбакӣ дар Сарқонуни Тоҷикистон возеҳу равшан зикр шудааст. Дар қонуни ҷорӣ гуфта мешавад, ки дар маҳалҳои зиндагии сарҷамъонаи ақаллиятҳои миллӣ забони онҳо истифода мешавад. Ин нуктаи қонун, ба гуфтаи Ҷӯраев ба ҷорӣ қардани коргузорӣ ба забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ мамониат мекунад.
Дар тарҳи нави Қонуни забон дар қиёс бо қонуни мавҷуда кадом забони хосе зикр намешавад. Дар моддаи 4-и он омадааст, ки миллатҳо ва халқиятҳои дигари Тоҷикистон ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ба истифодаи озодонаи забони модариашон ҳақ доранд.
Аммо Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз хориҷ шудани забони русӣ аз қонуни ҷадид изҳори нигаронӣ кардааст. Шодӣ Шабдолов, раиси ин ҳизб гуфт, ҳарфҳо дар бораи он ки мақоми забони русӣ дар Қонуни асосӣ муайян шудааст, ботил ҳастанд: «Албатта, аз қонуни забон хеле вақт гузаштааст ва ин ҳол ислоҳоти онро талаб мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки забони русиро аз қонун берун андозем, фақат ба он далел, ки ин бар асоси Қонуни асосӣ мустақиман амал мекунад. Чӣ тур мустақиман амал мекунад, вақте дар таҳсил ва илму иқтисоду сиёсат номаш нест? Мо дар ИДМ ҳастем. Забони русӣ забони ин иттиҳод аст. Ин забони ҷаҳонӣ ва эътирофшуда аз сӯйи СММ аст, дар қатори инглисӣ ва испанӣ.»
Қаблан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки забони тоҷикӣ дар тарҳи нав “забони тоҷикӣ-форсӣ” унвон шавад.
Дар ҳоле ки ҷамоаҳои дигари миллии Тоҷикистон нисбати тарҳи нави Қонуни забон ягон изҳори ташвиш накардаанд, ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон тақозо кардааст, мақоми узбакӣ дар ин қонун возеҳ гардад.
Салимҷон Шамсиддинов, раҳбари ин ҷамъият ба радиои Озодӣ гуфт: «2 миллион узбекро ҳам пурсидан даркор, ки оё ба чунин қонун розӣ ҳастанд ё на? Оё онҳо розӣ ҳастанд, ки аз забони худ рӯ гардонанду забони тоҷикиро қабул кунанд?»
Теъдоди ӯзбакҳо дар Тоҷикистон ба 1,2 миллион нафар мерасад. Дар Тоҷикистон даҳҳо нашрияву рӯзнома ба забони ӯзбакӣ нашр мешавад ва ҳамчунин мактабҳои ӯзбакӣ фаъолият мекунанд.
Дар Қонуни феълии забон низ забони узбакӣ мақоми расмӣ надошт ва ба узбакҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ дар кишвар ҳаққи истифода аз забони модарии онҳо дода шуда буд, ки дар тарҳи нав тағйир накардааст.
Дар Қонуни забонҳои Узбакистон низ ба забони тоҷикӣ ҳеҷ гуна мақоми расмӣ дода нашудааст ва тоҷикӣ дар Узбакистон пас аз қароқалпоқӣ, русӣ, украинӣ, тоторӣ ва қазоқӣ дар ҷойи шашум қарор дорад.
Теъдоди тоҷикон дар Узбакистон расман 1 миллиону 350 ҳазор нафар номида мешавад, аммо манобеи ғайрирасмӣ онҳоро то 7-8 миллион нафар тахмин мезананд.
Дар соли 1991 Тоҷикистон ва Узбакистон як силсила созишномаҳоеро омода ва бархе аз онҳоро имзо карданд, ки тибқи онҳо қарор буд, ҳуқуқи миллию фарҳангии узбакҳо дар Тоҷикистон ва тоҷикон дар Узбакистонро ҳимоя мешуд, аммо ин аҳдномаҳо рӯйи қоғаз монд.
Ғаффор Ҷӯраев, раиси комиссияи забон мегӯяд, забони давлатӣ забони муоширати байнулмилалӣ дар кишвар хоҳад буд ва ҳама гуна талабҳои дигар асоси ҳуқуқӣ надоранд: «Чаро дар Ӯзбакистону Озарбойҷон ин гуна гапу даъвоҳо нестанд? Зеро мефаҳманд. Дар Ӯзбакистон забони давлатиро ҳама медонанд, махсусан тоҷикҳо. Дар қонуни мо ишора мешавад, ки забони давлатӣ забони муоширати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон аст.»
Тибқи иттилоъи маркази матбуотии парлумони Тоҷикистон, 1 октябри соли равон бояд тарҳи нави қонуни забони давлатӣ баррасӣ ва қабул шавад.
Ҷӯраев мегӯяд, Тоҷикистон соҳиби Қонуни забони давлатӣ хоҳад шуд ва сар аз 1 январи соли оянда коргузорӣ бояд пурра ба забони давлатӣ сурат гирад.