То интихобот панҷ моҳи дигар аст, вале аз ҳоло ба назар мерасад, ки ҷавонон чандон майли ширкат дар ин сабқати сиёсӣ ба унвони номзадро надоранд.
То ҳанӯз ягон барнома ва ё нишасти махсусе аз тарафи ҷавонон барои муаррифӣ ва ё омодагӣ ба интихобот дар ҷомеа матраҳ нашудааст.
Зайнаби Латиф, як ҷавони Душанбе мегӯяд, ки ҳарчанд мехоҳад, вакили парлумон шавад, таҷрибаи интихоботҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки ҳама кӯшишҳо дар ин замина бенатиҷа хоҳад буд.
Зайнаб меафзояд, ки агар аз як тараф гаравпулии интихобот муодили 500 доллари амрикоӣ барои ӯву дигар ҷавонон аз мушкилоти аввал бошад, масъалаи дигар дар вуҷуди ришвату шиносбозист, ки роҳи расидан ба мақоми номзадиро ноҳамвор мекунад.
Вай мегӯяд: «Дар интихоботи пешина дидем ки як нафар худашро ба вакилӣ пешниҳод кард. Вале дар қиболи ӯ як нафар одами дигар ҳам пешниҳод кард. Вақте ки ҳукумати ноҳия аз шахси дувум бештар тарафдорӣ кард, ҳамон нафар раъйи бештар гирифт. Барои нафари аввали чӣ қадар мушкилот сохтанд. Пас ман чигуна бовар карда номи худро ба довталаби пешниҳод кунам.»
Дар Тоҷикистон ҷавонҳо дар мавриди довталаби вакилӣ шудан назарҳои мухталиф доранд. Аз нигоҳи бархе, ҳама гуна касб ва машғулияти дигар дар шароити имрӯзаи сиёсии Тоҷикистон беҳтар аз узвият дар порлумон аст.
Толибшоҳи Салом як журналист аз зумраи чунин ҷавонҳо мебошад. Вай мӯътақид аст, дар ҳоле ки порлумони Тоҷикистон наметавонад, аз худ ҳамчун як ниҳоди дорои иродаи сиёсӣ ва мустақилу гуногунҷабҳа дарак бидиҳад, узвият дар он ҳам аҳамияте надорад.
Имрӯз аксари кулли аъзои парлумони Тоҷикистонро, ки аз 63 курсӣ иборат аст, аъзои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ташкил медиҳанд. Толибшоҳ гуфт: «Касби худамро дигар карданӣ нестам. Чунки он тавони гаравпулие, ки бояд ҷавонҳо низ пардохт кунанд ва бо иловаи корҳои пешазинтихоботӣ, барнома ва гузаронидани вохӯриҳо бо мардум ба буҷаи ҷавонон рост намеояд».
Сӯҳбатҳои мо бо ҳамсолонамон нишон дод, ки дар баробари монеаҳои зикршуда, ҳатто дар сурати доштани пули кофӣ барои гаравпулӣ ва робитаву пуштибонҳои қавӣ дар ҳукумат барои бисёри онҳо надоштани ҷуръат ва донишҳои васеи сиёсӣ сабаб мешавад, ки дар фикри вакилии парлумон набошанд.
Гавҳар аз ҳамин қабил ҷавонҳои тоҷик аст. Вай мегӯяд: «Ман имкон дорам, ки номамро пешниҳод кунам, аммо баъд аз ӯҳдаи кори вакилӣ мебароям ё не. Инаш барои ман душвор аст. Ман намехоҳам ки ба монанди вакилони имрӯза барин бо ном вакил бошам».
Иллати дигари камтаваҷӯҳии ҷавонон ба ваколат дар порлумон камранг будани фаъолияти вакилон аст, ки онҳо натавонистаанд аз худ барои ҷомеа намуна нишон диҳанд.
Аммо вакили порлумони Тоҷикистон Абдулҳамид Ҷамолов мегӯяд, ки натиҷаи фаъолияти порлумонро раиси Маҷлиси Намяондагон ва президент Эмомалӣ Раҳмон баҳо медиҳанд, на ин ки ҷавонон. Вай меафзояд, ки порлумон масъулияти хешро то ҷойе тавонистааст, дар назди интихобкунандагон анҷом додааст.
Тибқи Сарқонуни Тоҷикистон ҷавонон ҳақ доранд, ки аз синни ҳаждаҳсолагӣ ба вакилӣ дар маҷлиси шаҳрӣ, вилоятӣ, аз синни бисту панҷсолагӣ ба вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ шаванд. Ҳоло дар порлумони Тоҷикистон танҳо як ҷавон - Махфират Хидироваи 35-сола аз ҷавонтарин аъзо маҳсуб мешавад, ки тавассути руйхати ҳизбӣ ҳамчун намояндаҳи Ҳизби халқӣ-демократӣ шомил маҷлис шудааст.
Вале чаро боз ҳам ҷавонон наметавонанд, аз ин ҳуқуқи хеш истифода кунанд. Ба гуфти ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов бо вуҷуди он ки дар қонунгузории Тоҷикистон мушахас шудааст, ки ҷавонон ҳуқуқ доранд, номзадии хешро ба интихобот пешниҳод кунанд, аммо заиф будани ирода ва ҷуръати сиёсии ҷавонон, аз ҳад зиёд будани гаравпулии интихоботӣ, дилсардии онҳо аз фароҳам омадани шароити амалии яккаҳизбӣ дар ҷомеа боиси он шудааст, ки ҷавонон аз ин маъракаҳои муҳими сиёси худро дар канор гиранд.
Шокирҷон Ҳакимов меафзояд, ки дар чунин шароит ҷавонони ҳушманд бо дидани монеаву маҳдудиятҳо дилсард мешаванд.
«Агар ба порлумон нигарем, ба истиснои як нафар ҷавон аст. Он ҳам аз ҲХДТ пешбарӣ шудааст. Агар аз ҳизби дигар пешниҳод мешуд, вакил интихоб намешуд. Дигар ин ки ҳамин якнафар ҷавонро мардум не, балки раиси ҲХДТ вакил кардааст.»
Ҷаноби Ҳакимов дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки дар Тоҷикистон ҷавонҳое ҳастанд, ки дар матбуот кор мекунанд ва иддаи дигар аъзои азҳоби сиёсӣ ҳастанд, иродаи сиёсии онҳо аз вакилони Маҷлиси Намояндагон дида муассиртар аст. Ин ҷавонҳо аз тариқи матубот масъала ва мушкилотеро ба баҳс мекашанд, ки ҳатто вакилон ҷуръат намекунанд.
Ман имкон дорам, ки номамро пешниҳод кунам, аммо баъд аз ӯҳдаи кори вакилӣ мебароям ё не. Инаш барои ман душвор аст. Ман намехоҳам ки ба монанди вакилони имрӯза барин бо ном вакил бошам...