Тоҷикистон барои хатмкардагони макотиби тоҷикии Қазоқистон дар донишгоҳҳояш 112 ҷой ҷудо кард, ки ин назар ба соли гузашта беш аз ду баробар зиёд аст.
Тавре дар сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, чунин ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонони тоҷики Қазоқистон дар натиҷаи талош ва кӯшиши Баҳром Холназаров, сафири Тоҷикистон дар ин кишвар, ҳосил шудааст ва сафорат тибқи дархости марказҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон аз Вазорати маорифи Тоҷикистон хоҳиш кардааст, то барои тоҷикбачагони қазоқистонӣ 112 ҷой муайян намояд ва ин хоҳиши сафорат пазируфта шудааст.
Имсол қарор аст, донишҷӯёни тоҷики қазоқистонӣ дар ағлаби донишгоҳҳои асосии кишвар таҳсил намоянд. Тибқи иттилои сафорат, имсол шумораи аз ҳама бештари хатмкардагони қазоқистонӣ, яъне 41 нафар дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил хоҳанд кард.
Дар Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Садриддин Айнӣ - 24 нафар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - 18 , Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯали ибни Сино - 15, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ - 10 ва дар Донишгоҳи варзиши Тоҷикистон - 4 навҷавони тоҷики қазоқистонӣ илму дониш хоҳанд гирифт.
Вале то ҳол довталабон ва ё пазируфтагон ба ин донишгоҳҳо маълум нагардидаанд. Дар робита ба таъхир афтодани пазириши довталабони қазоқистонӣ дар сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо пешниҳоди хешро ба Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл фиристода буданд, вале аз Душанбе ҷавоб дер расидааст.
Ҳамчунин тибқи ин иттилоъ, баъзе шартҳои таҳсили донишҷӯён бо Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҳамоҳанг нашуда буд ва сафорат ин ҳуҷҷатро дубора ба Душанбе фиристодааст ва ҳалли масъалаи молӣ низ ба тавқиф гардидани муайянсозии квота сабаби дигаре шудааст. Акнун, тавре дар сафорат гуфтанд, рӯзҳои наздик як комиссиюни вижа ба Қазоқистони ҷанубӣ сафар хоҳад кард ва дар он ҷо довталабонро бо роҳи сӯҳбат хоҳад пазируфт.
Яке аз чунин довталабон Қадриддин Маҳкампӯлодов хатмкардаи мактаби ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сариоғоч аст. Ӯ мехоҳад, ки таҳсилашро дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино идома диҳад. Вай мегӯяд, ки аз хурдсолӣ орзу карда буд, ки табиб шуда ба дарди мардум даво бахшад. Таҳсил дар Душанбе нисбатан осонтар аст, зеро дар он ҷо вай бо забони модариаш таҳсил хоҳад кард.
Ҳамсинфи Қамариддин Бахтиёр, ки оянда тарҷумони забони англисӣ шуданист, қабл аз оғози соли таҳсил ба Душанбе рафта буд ва ӯ он ҷо тасмими комиссиюнро интизор аст.
Вале, дар ҳамин ҳол, ба таъхир афтодани ҳалли квотаи Тоҷикистон бархе аз падару модарони довталабонро нороҳат кардааст, зеро аллакай аз оғози соли таҳсил беш аз даҳ рӯз сипарӣ гардидаасту ҳанӯз тақдири фарзандони онҳо маълум нест.
Бархеҳо бошанд, овозаҳоеро паҳн кардаанд, ки солҳои қаблӣ гӯё баъзе марказҳои фарҳангӣ ҳангоми пазириши довталабон ришва гирифта будаанд ва имкон дорад боз чунин ҳодисаҳо такрор ёбад. Вале падари Қадриддин Худойбердӣ Маҳкампӯлодов ба чунин овозаҳо бовар надорад ва мегӯяд, ки агар ришва доданӣ бошад, писараш дар Қазоқистон таҳсил мекард.
Ҳарчанд барои ҷавонони тоҷики Қазоқистон ба миқдори зиёд ҷой ҷудо кардани Тоҷикистонро бархеҳо, аз ҷумла Раъно Абдураҳимова –сарвари мактаби ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Сариоғоч чун таваҷҷӯҳи ин кишвар ба тоҷикони бурунмарзӣ арзёбӣ карда аз он изҳори хушӣ мекунанд, вале аз сӯи дигар, ба андешаи онҳо, Тоҷикистон ба ҷузъ масъалаи омода кардани омӯзгорони мактаб ба тарбияи мутахассисони дигар риштаҳо мисли бахши фаннӣ ва фанновариҳо низ таваҷҷӯҳ мекард, хуб мешуд.
Алъон бошад 11 мактаби пурра тоҷикиву омехтаи кишвар чандон камбуди омӯзгоронро эҳсос намекунанд ва ба гуфтаи хонум Абдураҳимова, ҳатто бархе аз дастпарварони донишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон дар мактаби онҳо барои пайдо кардани ҷои кор дар навбат истодаанд.
Аз сӯи дигар Рухсора Турсунбоева, модари яке аз довталабони таҳсил дар Тоҷикистон, бар ин аст, ки чунин ғамхории Тоҷикистон ба тоҷикони бурунмарзӣ имкон медиҳад, ки фарзандонашон бо дониш, ки барои зиндагиашон басо муҳим аст, мусаллаҳ шаванд. Бар илова, ба гуфтаи хонум Рухсора, дар ҷараёни таҳсил фарзандони онҳо бо Тоҷикистон аз наздик ошно мегарданд ва ба ин васила меҳру муҳаббат ва пайвандашон бо ватани обоӣ ва талошашон барои амиқ омӯхтани забони модарӣ бештар хоҳад гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки ба донишгоҳҳои Қазоқистону Тоҷикистон пазируфтани фарзандони тоҷики ҳарду кишвар бар пояи тавофуқномаи байниҳукуматӣ чанд сол ба ин тараф амалӣ мегардад. Фақат тафовут дар ин аст, ки довталабони тоҷикистонӣ барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон ба ҷузъ супоридани имтиҳони қабул дар Тоҷикистон дар Қазоқистон давраи 8-моҳаи омӯзишӣ гузашта боз имтиҳони умумӣ месупоранд. Фарзандони тоҷики қазоқистонӣ бошанд, танҳо дар маҳаллашон аз сӯҳбати комиссиюни вижа гузашта ба осонӣ донишҷӯи донишгоҳҳои Тоҷикистон мегарданд.
Имсол қарор аст, донишҷӯёни тоҷики қазоқистонӣ дар ағлаби донишгоҳҳои асосии кишвар таҳсил намоянд. Тибқи иттилои сафорат, имсол шумораи аз ҳама бештари хатмкардагони қазоқистонӣ, яъне 41 нафар дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил хоҳанд кард.
Вале ба таъхир афтодани ҳалли квотаи Тоҷикистон бархе падару модарони довталабонро нороҳат кардааст, зеро аллакай аз оғози соли таҳсил беш аз даҳ рӯз сипарӣ шудаасту ҳанӯз тақдири фарзандони онҳо маълум нест ...