Ҳангоми сафари Нурсултон Назарбоев ба вилояти Актуба ба ӯ пешниҳод карданд, ки то охири умр сарвари Қазоқистон бимонад.
Бино ба иттилои сомонаи раисиҷумҳур, Закариддин Байдосов -профессор, доктори илми торих ва Юлия Савченко - сарвари мактаби миёна аз номи мардуми вилоят сарвари Қазоқистонро барои ғамхории ҳамарӯзааш дар роҳи боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ташаккур гуфтанд.
Аз ҷумла, таърихшинос Байдосов изҳор кард, ки дар кишвар борҳо интихоботи раисиҷумҳур роҳандозӣ шуда буд ва акнун барои гузаронидани чунин маърака зарурате нест, зеро ҳама ба Нурсултон Назарбоев рой медиҳанд. Аз ин хотир бояд ба Қонуни асосии кишвар тағйирот ворид карда, Назарбоевро раисиҷумҳури абадӣ кард, пешниҳод намуд Бакариддин Байдосов.
Чунин пешниҳод, тавре коршиносон мегӯянд, аслан сухани нав нест. Зеро алъон низ Назарбоев тибқи қонун имкони то охири умр дар сари қудрат боқӣ монданро дорад. Ба аввалин раиси ҷумҳури кишвар бо назардошти хидматҳояш чунин ҳуқуқ , яъне то охири умр дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданро моҳи маи соли 2007 депутатҳои порлумон дода буданд.
Акнун баъди ин пешниҳоди, ба истилоҳ мардумӣ, имкон дорад интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 зери суол қарор бигирад. Чунки ба гуфтаи Серикболсин Абдилдин, сарвари Ҳизби коммунисти Қазоқистон, ағлаби тағйироти зиддидемократие, ки дар кишвар ба амал омаданд, аввал аз ҷониби шахсони алоҳида садо доданд ва онро баъд ҳукумат, ба истилоҳ, ҷонибдорӣ кард.
Вале ба таъкиди оқои Абдилдин, дар кишвар ягон пешниҳод худ аз худ пайдо намешавад ва албатта дар ин кор дасти худи Назарбоев ҳаст ва дар ин маврид низ. Сарвари Ҳизби коммунисти Қазоқистон мегӯяд, ки чунин кӯшиши то охири умр дар дасти хеш нигоҳ доштани қудрат амали ғайриахлоқӣ ва зиддиконститутсионист.
Серикболсин Абдилдин таъкид мекунад, ки чунин моҷароҳо аз ҷониби Нурсултон Назарбоев борҳо роҳандозӣ шудааст. Вай таи солҳои сарвариаш порлумонро пароканда карда Маҷмӯи халқҳои Қазоқистонро ба вуҷуд овард, ба ҷои интихобот бо роҳи раъйпурсӣ мӯҳлати сарвариашро тамдид кард ва мӯҳлати давраи интихоботро ба 7 сол расонид ва аз қонуни асосӣ манъи беш аз ду дафъа ширкат кардани як нафарро дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ берун кард.
Чанд рӯз қабл бошад, вай шахсан иҷоза дод, ки ба номаш Донишгоҳ,, сандуқи илмӣ ва мактаби вижа номгузорӣ шавад. Ҳамаи ин, ба таъкиди Серикболсин Абдилдин, нишонаи тақвияти шахспарастӣ дар кишвар аст ва тафовут аз Туркманбошӣ Сафармурод Ниёзов дар ин аст, ки президенти собиқи Туркманистон расман худро Туркманбошӣ эълон карда буд. Назарбоев бошад, ин корро бо бозиҳои гуногуни, ба истилоҳ, демократиябозӣ анҷом медиҳад.
Серик Абдураҳмонов, депутати собиқи порлумон ва муовини Ҳизби ҷонибдори ҳокимият бо номи «Адилет», ки замоне ёвари раисиҷумҳур буд, мегӯяд, ҳарчанд дар Қазоқистон Назарбоевро аксарият ҷонибдорӣ мекунанд, набояд бо назардошти андешаи ин аксарият ба чунин бозиҳо даст зад. Ва роҳи асосӣ барои раисиҷумҳур ширкат дар интихобот аст ва пирӯзии эҳтимолӣ дар ин интихоботи шаффофу озод барояш суди бештар меорад.
Дар чунин маврид, тавре оқои Абдураҳмонов меафзояд, «бовари мардум ба Назарбоев бештар мегардад ва мухолифон низ, ба истилоҳ, ба тақдир тан медиҳанд, вале агар ҳукмронии абадро барои Назарбоев дастгоҳи раисиҷумҳур ва Комиссиюни интихобот бо роҳи ройпурсӣ таъмин намояд, шояд он аққалияти ночиз имкон дорад даст ба эътирози шадид занад ва дар хотир дорем, ки мана ҳамин аққалият сарнавишти раиси ҷумҳур Оқоевро дар Қирғизистон ҳал карда буд, аққалият, яъне гурӯҳи хурдакак.Аз ин хотир дар ин масъала дарсадбозӣ кардан қатъан мамнӯст ва бо андешаи мардум бозӣ кардан хеле хатаровар аст».
Лозим ба ёдоварист, Нурсултон Назарбоев яке аз сарварони собиқадори кишварҳои собиқи шӯравист. Агар сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 17 сол дар сари қудрат бошад, имсол Нурсултон Назарбоев ва ҳамтои ӯзбакистониаш Ислом Каримов 20-солагии сарвариашонро, ба истилоҳ, таҷлил карданд ва ҳамоно дар дами пирӣ низ раиси ҷумҳур боқӣ монданианд.
Бархе аз коршиносон бар инанд, ки агар ин пешниҳод, яъне то охири умр дар сари қудрат боқӣ мондани Назарбоев ҳукми қонун бигирад, ӯро на раисиҷумҳур, балки шоҳ бояд эълон кард, зеро вожаи раисиҷумҳур хоси низоми ҷумҳурист ва дар ин низом сарвар бояд ба мӯҳлати муайян бошад, на чун шоҳ барои тамоми умр.
Аз ҷумла, таърихшинос Байдосов изҳор кард, ки дар кишвар борҳо интихоботи раисиҷумҳур роҳандозӣ шуда буд ва акнун барои гузаронидани чунин маърака зарурате нест, зеро ҳама ба Нурсултон Назарбоев рой медиҳанд. Аз ин хотир бояд ба Қонуни асосии кишвар тағйирот ворид карда, Назарбоевро раисиҷумҳури абадӣ кард, пешниҳод намуд Бакариддин Байдосов.
Ағлаби тағйироти зиддидемократие, ки дар кишвар ба амал омаданд, аввал аз ҷониби шахсони алоҳида садо доданд ва онро баъд ҳукумат, ба истилоҳ, ҷонибдорӣ кард... ва албатта дар ин кор дасти худи Назарбоев ҳаст ...