Амалиёти муштараки “Марзи ватан”

Нерӯҳои амниятӣ ва марзбонии Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон сар аз имрӯз амалиёти муштаракеро дар имтидоди марзҳои худ оғоз кардаанд.
Ситоди марказии амалиёти «Мекен Чегӣ» ва ё ба забони тоҷикӣ "Марзи ватан" дар Бишкек пойтахти Қирғизистон аст. Бино бар иттиллои идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин амалиёти муштарак бо мақсади ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ роҳандозӣ шудааст.

Тоҷикистон,Қирғизистон ва Узбакистон, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд, бо мушкили қочоқи маводи мухаддир, таҳдиди ворид шудани гурӯҳҳои тундгаро рӯбарӯанд ва Русияву Қазоқистонро бар изофаи ин муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ташвиш овардааст.

Як манбаъ дар идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъйид кард, ки қаблан низ чунин амалиёти муштараки ниҳодҳои амниятӣ ва марзбонии ин кишварҳо баргузор шуда буд. Вале ба далели аз қабл эълом кардани он натиҷаи матлуб ба бор наовард.

Зеро гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинояткор дар муддати баргузории амалиёт таваққуф карданд. Аз ин рӯ ин манбаъ аз шарҳи ҷузъиёти бештари амалиёти мазкур ва мӯҳлати анҷоми он худдорӣ кард.

Бахше аз маводи мухаддири Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия ва Аврупо сарозер мешавад.

Аз сӯи дигар ноамнӣ ва нооромиҳои Афғонистон ва таҳти назорати комили мақомоти расмӣ қарор надоштани марзҳои ин кишвар давлатҳои ҳаммарзи Афғонистон дар Осиёи Марказиро водор мекунад,ки нерӯҳои амниятӣ ва марзбонии худро омода ба ҳар гуна пешомадҳои ғайримунтазира созанд.

Дар ин миён Русия ва Қазоқистон ба унвони кишварҳои тронзити маводи мухаддир ба бозорҳои урупоӣ ва ҳам масрафкунандаи ин мавод,аз сӯи дигар қабулкунандаи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ бо мушкил рӯбарӯанд

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон баргузории амалиёти муштараки марзбонони Русия , Тоҷикистон , Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аҳамияти вижа дорад. Зеро дар ҷараёни чунин амалиёт ҳамоҳангӣ миёни ин нерӯҳо ба ҳангоми хатари воқеӣ таъмин карда мешавад ва сарбозону афсарон ҳамчунин табодули таҷриба хоҳанд кард.

Амруллоҳи Собир, коршиноси масоили амниятӣ мегӯяд, омодагии низомӣ ва ҳамоҳангии шарикон дар шароити фавқулода ва боз ҳам дар миқёси минтақа кори саҳл нест. Ин ҳам дар ҳоле, ки як чунин хатар воқеан вуҷуд дорад давлатҳо вазифадоранд, барои таъмини амният аз тадобири муштарак кор бигиранд.

Коршиноси тоҷик убури гурӯҳҳои саркаш аз марзи Афғонистон ба Тоҷикистон дар баҳори соли ҷорӣ, роҳандозии амалиёти «Кӯкнор-2009» дар шарқи Тоҷикистон бо ҳадафи боздошт ва хунсо кардани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ҳамин тавр таркишҳо дар шаҳри Тошканду ҳамла ба дидбонгоҳи пулис дар Андиҷони Узбакистонро иттифоқоти хатарноке талаққӣ кард, ки мақомоти ин кишварҳоро водор кардааст, ҷиддан аз пайи мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва тундрав бошанд.

Аммо ба эътиқоди бархе аз коршиносон чунин амалиёт дар ҳоле муваффақ хоҳад шуд, ки муборизаи муштарак на танҳо зидди натиҷа балки зидди сабабҳои бурузи ин мушкилот ба роҳ монда шавад.

Нуралии Давлат, коршиноси тоҷик, мегӯяд барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ бояд ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин карда шавад.

Ба ин тартиб мӯҳлати амалиёти муштараки нерӯҳои марзбонии кишварҳои Русия , Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар имтидоди марзҳо маълум нест, аммо натиҷаҳои он интишор хоҳад шуд.