Нокомии муштзанҳои тоҷик дар Итолиё

Мададӣ Нағзибеков, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Милани Итолиё дар даври дуввум мағлуб шуд.
Вай, ки дар вазни то 64 кг дар нахустин қувваозмоии худ муштзани Того Тонде Сароунаро аз рӯи холҳо бо натиҷаи 14:4 мағлуб карда буд, 8-уми сентябр дар даври дуввум аз Сотолонго Иглесиаси кубагӣ бо натиҷаи 1:15 шикаст хӯрд.

Бад-ин тартиб ҳамаи муштзанҳои тоҷик аз идомаи мубориза барои ҷавоизи мусобиқа маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Анвар Юнусов дар вазни то 54 кг, Ҷаҳонгир Убайдуллоев дар вазни то 69 кг, Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг дар даври дуввум шикаст хӯрданд. Се муштзани дигари тоҷик - Ораз Авзалшоев дар вазни то 51 кг, Баҳодур Каримов дар вазни то 60 кг ва Ҷасур Қурбонов дар вазни то 75 кг - дар даври муқаддамотӣ мағлуб шуданд.

Қаҳрамонони ҷадиди бокси ҷаҳон дар сабқати ниҳоӣ аз рӯи 11 вазн 12-уми сентябр муайян хоҳанд шуд.