Раҳим Аҳмад, табааи Афғонистон ва яке аз 30 тоҷир аст, ки моли тиҷораташон як моҳ ба ин сӯ аз ҳудуди Узбакистон ба Тоҷикистон намегузарад
Дар сӯҳбат бо мо оқои Раҳим Аҳмад қазияро ин гуна шарҳ дод: «Узбакистон тақрибан як моҳ мешавад, ки вагонҳоро дар стансияҳои Бухорову Қаршӣ нигоҳ медошт. 10-15 рӯз дар Бухоро, 10-15 рӯзи дигар дар Қаршӣ. Ба ҳамин минвол, вагоне, ки дар муддати 5 рӯз аз ин кишвар мегузарад, 25 рӯз як моҳ банд шуд.»
Ба таъйиди оқои Раҳим Аҳмад, дар Узбакистон тайи як моҳи ахир ҳудуди 200 вагони коло, ки бояд аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол дода мешуданд, банд мондаанд. Ва имрӯз ӯ иттилоъ гирифтааст, ки 5 вагонаш ахиран аз Бухоро раҳо шуда, озими Сариосиё - марзи Тоҷикистону Узбакистон аст.
ШИКОЯТҲОИ БЕШУМОР
Тайи чандин соли ахир тоҷирони Тоҷикистон на як бору ду бор аз он шикоят мекунанд, ки моли тиҷорати онҳо дар ҳудуди Узбакистон банд мемонад ва онҳо ҳам аслан хабар надоранд, ки сабаби ин дар чист.
Гулсара Маҳмудова, сарвари Раёсати интиқоли колои роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, сабабгори мушкили тоҷирон ин хадамот нест, балки мушкилотест, ки дар роҳҳои оҳани Узбакистон ба вуҷуд омадаанд: «Ҳар чӣ мо аз Узбакистон мегирем, бидуни мушкил қабул ва супорида мешавад. Дар худи Узбакистон мушкилоти худашон буданд. Аз ҷумла бори зиёде барои Афғонистон ҷамъ шуда буд, ки Узбакистон мебоист ба ин кишвар супорад. Аммо ин мушкили онҳо. Мушкили мо не. На бо мизоҷони инфиродӣ, корхонаҳо ё ягон муассисаи дигар ягон мушкил надоштем.»
Хонум Маҳмудова гуфт, аз мушкили тоҷирони тоҷик хабар надорад, зеро касе ба онҳо муроҷиат накардааст.
Раҳим Аҳмад низ мегӯяд, мушкил дар Узбакистон буд, аммо ҳеҷ як ниҳоде набуд, ки онҳо муроҷиат кунанд: «Ҳар куҷо муроҷиат накардем, хоҳ ба Эрон, хоҳ ба Тоҷикистон, гуфтанд, ки ин кори Узбакистон аст.»
НАЗАРИ КОРШИНОСОН
Коршиносон мегӯянд, шурӯъ аз даврони истиқлолият тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз иродаи сиёсии кишвари дигар, яъне Ӯзбакистон вобаста аст.
Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси масоили ҳуқуқ мегӯяд, тайи 20 - 30 рӯз банд мондани колое, ки аз Эрону Русия ва дигар кишварҳо ворид мешаванд, ангезаҳои дигаре ба ҷуз сиёсӣ дошта наметавонад, аммо роҳи дигаре ҳам нест.
Хонум Бобоназарова афзуд, ин мавзӯро як ё ду ва ҳатто даҳҳо тоҷир ҳал карда наметавонанд.
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистону Узбакистон ҳоло фақат дар дойираи қонунгузории ИДМ метавонанд ба баҳсҳои худ хотима гузоранд, аммо ахирӣ санадҳои иттиҳодро мувофиқи салоҳдиди худ, иҷро мекунад. Масалан, раводиди ҷорикардаи Узбакистон хилофи тааҳудот дар доираи ИДМ аст.
РОҲИ БУРУНРАФТ
Одил Давлатшоев, коршинос дар масоили иқтисодӣ мегӯяд, ба муддатҳои тӯлонӣ банд мондани маводи ғизоӣ ва дар як ҷой истодани моли тоҷир аснои вуруди он ба Тоҷикистон на фақат ба тиҷорати ӯ, балки иқтисод ва сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон ҳам паёмади ногувор дошта метавонад. Вай афзуд, ин мушкили чанд сола аст ва бояд дар сатҳи баланд ҳал шавад.
Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳудуди 90 дарсади амволи воридотии Тоҷикистон тариқи роҳҳои оҳани Узбакистон ворид мешаванд. Бақияи воридот тариқи Афғонистон, Чин ва Қирғизистон сурат мегиранд.
Коршиносон мегӯянд, сиёсати ҳукумати Тоҷикистон рӯйи хуруҷ аз бунбасти нақлиётӣ ҳанӯз вақти тӯлонӣ мехоҳад ва забон ёфтан бо Узбакистон ҳатмист. Аммо иддае дигар мегӯянд, қазияро мебояд ба додгоҳҳои байнулмилалӣ кашид, зеро як мушкил нашояд ин қадар сол идома кунад.