Кӯдакони хушлибос ба пешвози ӯ мебароянду бо садои баланд чаҳор мисраи кадом шоири замонро дар васфи раҳбари хирадманду ғамхор қироат мекунанд.
Чун анъана дар ҷашнгоҳ кӯдакон дар ҳаққи раисиҷумҳури Тоҷикистон мадҳия мехонанд. Дар Қазоқистон мактаберо ба исми раиси ҷумҳур гузоштаанд ва Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки шахсан вай мухолиф нест. Аз ин пеш ҷаҳониён шоҳиди ба кайҳон фиристода шудани "Рӯҳнома" шуданду сокинони Ӯзбакистон хуб медонанд, ки барои дар утоқҳои кории вазирон овехтани акси президент Каримов мақомот байни ҳам рақобат мекунанд.
18 соли истиқлолиятро имсол на танҳо Тоҷикистон балки ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ низ таҷлил мекунанд. Дар баробари дастоварду камбудиҳои зиёд дар ин рӯзҳо бархе ба тавсеаи кешпарастӣ дар ҷомеаи ин кишварҳо ҳамчун як суннати нави солҳои истиқлол таъкид мекунанд. Бархе мегӯянд ин дард хоси давлатҳои шарқӣ аст, дигарҳо онро мероси аҳди шӯравӣ мегӯянд. Аркадий Дубнов яке аз онҳост.
Ин таҳлилгар мегӯяд: "Рушди пасошӯравии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хеле рӯшан хусусиёти осиёии воқеиятҳоро ба намоиш мегузорад. Дар ингуна ҷомеаҳо ҳамеша бояд раисе бошад, ки нуфузи зиёд, қариб ки мисли худо дошта бошад. Як шакли онро мо дар мисоли Туркманистон дида будем. Таърихан ин чиз ҳамчун як шарти зарурии ҳифзи эътидол дар ҷомеа қабул мешавад".
Вай афзуд, ки ҳоло ба истиснои Қирғизистон дар аксар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мудирият аз рӯи ҳамин асл ба роҳ монда шудааст.
ТОҶИКИСТОН ВА КЕШПАРАСТӢ
Саидаҳмади Қаландар, таҳлилгари маркази "Сипеҳр" дар Душанбе мегӯяд, ки кешпарастӣ як хусусияти қадимаи шарқӣ дошта чизи нав нест: "Дар тинати мардуми мо, мардуми шарқӣ ҳар касе, ки бо кадом васила ё роҳе сари қудрат омад, дар атрофаш гурӯҳи афроди чеҳрасоз пайдо мешаванд. Ва ин чеҳрасозиҳо интиқол ёфт ба инқилобҳо. Инқилоби болшевикӣ чеҳрасозӣ кард аз Каменеву Зиновеву Ленину Сталину Берияву дигару дигар. Баъдан ҳамаи онҳо маҳкум шуданд".
Ва ҳамин гуна ин тамоюл то даврони мо ҳам омадааст, гуфт вай. "Аммо ин ҳама марҳилаҳое ҳастанд, ки баъди гузаштани фосилаи муайяни вақт ба латифаҳо табдил меёбанд. Ин номҳо, ин чеҳраҳо ва ин атрофиёни онҳо. Ва аммо дар тӯли таърих аввалин касе, ки хиёнаткори ин чеҳраҳо шуданд, ҳамин нафароне буданд, ки ин чеҳраҳо ва суратҳои он шахсиятҳоро месозанд".
Аз нигоҳи ҷомеашиносон, кешпарастӣ пеш аз ҳама бо ҳадафи пинҳон кардани мушкилоту камбудиҳои ҷомеа ва ҷилавгирӣ аз баррасии ошкору дақиқи масъалаҳо ва бо ҳадафи ниҳоии таҳти танқид бурдани салоҳият ва мақоми ӯ тавсеа меёбад.
Таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, кешпарастӣ як василаи "марказонидани фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон аст", ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд. Кор то ҷое расидааст, ки ҳоло "тамаллуқкориҳо" на танҳо дар сатҳи боло, балки дар мақоми вазирону муовинони вазир ва раҳбарони минтақаву ноҳияҳо ҳам хеле тавсеа ёфтааст, гуфт вай.
НАМУНАИ ТУРКМАНИСТОН
Аз миёни ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳангоми баррасии мавзӯи кешпарастӣ пеш аз ҳама Туркманистонро ёдовар мешаванд, ки дар аҳди раиси ҷумҳурии пешини он Сафармурод Ниёзов ба авҷи аълояш расида буд.
Раҳбари ин кишвар худро "Туркманбошӣ", яъне падари туркманҳо унвон карда исми худро ба шаҳру минтақаҳо, хиёбонҳо мегузошт. Пайкараҳои ӯ, аз ҷумла ҳайкали тиллоии вай дар маркази Ашқобод гузошта шуда буд. Александр Народетский, як таҳлилгари масоили Туркманистон мегӯяд, ки сабаби ба дараҷаи ифрот расидани кешпарастӣ дар манотиқи шӯравии пешин дар набуди таҷрибаи бунёди як давлати демократӣ будааст: "Шахсиятпарастиву низоми диктатурӣ осонтарин роҳи идомаи раҳбарӣ дар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин шудааст. Бисёриҳо ин роҳро ба ҳамин хотир интихоб карданду Ниёзову туркманҳо онро ба дараҷаи ифрот расонданд. Таҷрибаи дигар, ки набуду кишвар пурра дар инзиво қарор дошт, ҳамингуна шуд. Дар кишвари дар мунзавӣ ҳама корро кардан мумкин аст".
Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди пешравиҳои кундаш аз раҳбари кунунии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳанӯз ҳам умед барои беҳбуди вазъи сиёсӣ дар ин кишвар зиёд аст.
20 СОЛИ РАҲБАРӢ Ё БУЗУРГТАР АЗ ИСТИҚЛОЛ
Баробар бо ҷашнҳои истиқлол ду раҳбари минтақаӣ - Нурсултон Назарбоев ва Ислом Каримов имсол 20-солагии раёсатҷумҳурии худро дар Қазоқистону Ӯзбакистон таҷлил карданд - ду раҳбаре, ки даъвои пешгомии минтақаиро дошта, яке ҳамчун нисбатан нарму дипломат ва дигаре ҳамчун раҳбари шадидлаҳну бераҳм чеҳранигорӣ мешаванд. Ҳардуи ин раҳбарон мӯҳлати раёсатҷумҳурии худро дар қонуни асосӣ тавре тағйир додаанд, ки барояшон имкони тамоми умр сари қудрат боқӣ монданро фароҳам меорад. Абдилдин Серикбӯлсин, як таҳлилгари қазоқ дар Алмаато аст.
Вай мегӯяд: "Дар мо номгузории ҳама корхонаву муассисаҳо, бонкҳо, аз "Нурбонк" сар карда бо вожаи "нур" шурӯъ мешаванд. Баъзеҳо мегӯянд, ки дар эҷоди шахсиятпарастӣ атрофиёни ӯ гунаҳгоранд. Вале сармоягузору коргардони аслии ин, ба истилоҳ фарҳанги кешпарастӣ, худи Нурсултон Назарбоев аст".
Оқои Серикбӯлсин гуфт, таърифу ситоиши раисиҷумҳурӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ин кишвар ҳар чи бештар дар фасоду ришват ғӯтавар мешавад.
Коршиноси ӯзбак Камолиддин Рабимов мегӯяд, кешпарастӣ дар Ӯзбакистон дар ҳама чиз дида мешавад: ҳам дар қабули қарорҳо ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳам дар бахши сиёсати хориҷӣ - ҳама тасмимҳо тарзе гирифта мешавад, ки барои Ислом Каримов қобили қабул бошад.
ҚИРҒИЗИСТОН ФАРҚ МЕКУНАД?
Дар мавриди Қирғизистон, ки дар аҳди раиси ҷумҳурии пешин Аскар Оқоев ҳамчун "ҷазираи демократия" дар Осиёи Марказӣ шинохта мешуд, мавқеи таҳлилгарон каме тафовут дорад. Танҳо ҷумҳурие дар қаламрави минтақа, ки шоҳиди инқилоби ранга, маъруф ба инқилоби мардумӣ шудааст, дар аҳди Қурмонбек Боқиев ҳам сохторҳои нисбатан озоду мустаҳками демократӣ - созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва расонаҳои мустақилро ҳифз кардааст.
Тавре бархе мегӯянд, ин ҷо анъанаҳои демократия, ки дар даврони Оқоев роҳ уфтода буд, қавитару нисбатан устувортаранд. Ҳарчанд Боқиев бо моҷароҳои атрофи ба кор гирифтани хешу наздикон ва маҳдудсозии озодии баён зиёд олуда шудааст.
РАВОНШИНОСИИ КЕШПАРАСТӢ
Назар ба арзёбии равоншиносон, на ҳар раҳбар иқтидори то ба дараҷаи диктатурӣ расондани давлатро дорад. Маъмулан ингуна одамон шахсиятҳои қавиву нирӯманд ва аз лиҳози зеҳнӣ устувор мешаванд, ки маъмулан қабл аз расидан ба ин курсии баланд мушкилоти сахту пурчолишро пушти сар карда, гоҳо дастонашон дар хун ҳам оғушта будааст, тавре дар мисоли ҷавониҳои Сталин имрӯз таърихнигорон мегӯянд.
Игор Померантсев, нависанда ва хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ, ки мавзӯи кешпарастиро зиёд таҳқиқ кардааст, мегӯяд, кешпарастӣ пайомади дигари диктатура аст: "Диктатура як идеология барои мардуми оддӣ аст. Ин идеологияҳо ҳалли соддаи мушкилоти сахтро пешниҳод мекунад. Тӯдаро мутақоид мекунанд, ки воқеан ҳам корҳои зиёдро ба хотири як миллати бузург, пролетариат ва ё бартар аз дигарон будани он анҷом хоҳад дод. Яъне ин ришватест, ки ба мардуми содда дода мешавад".
Қарни 20 ингуна раҳбаронро дар аҳди коммунистҳову фашистҳо зиёд шоҳид шудааст, ки хеле пурҷозибаву пурэҳсос бо нирӯи сухан тавонистаанд дар паси худ милёнҳо нафарро муттаҳид созанд. Вале бо нав шудани идеологияву диктатура боз ҳамин тӯда буд, ки идеалҳои худро бо шеваи бисёр бераҳмона саркӯб кард.