Ҳамраъйии журналистон: набуд, нест ва намешавад?

Танҳо як гурӯҳи хурди рӯзноманигорони тоҷик имсол аз рӯзи байнулмилаллии ҳамраъйии журналистон таҷлил карданд.
Масъулони ҳамоиши ҳамраъйии рӯзноманигорон гуфтанд, ки ҳамаи сардабирони нашрияҳои чопи Душанбе ба ин нишаст аз қабл даъват шуда буданд, аммо онгуна, ки шоҳид будем бештари онҳо ҳозир нашуданд. Ва худи ҳамин ҳамоиш бозгӯйи дар чи сатҳ қарор доштани ҳамраъйӣ миёни рӯзноманигорони тоҷик аст.

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, ки бо забони русӣ нашр мешавад, мегӯяд, журналистони тоҷик ҳоло ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, ва ин ду гурӯҳ ба ҳаводис ва иттифоқоти рухдода аз мавқеъ ва дидгоҳи худ наздик мешавад. Ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон ҳатто расонаҳоро ба худиву бегона тақсим кардаанд.

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия плюс", мегӯяд, дар Тоҷикистон расонаҳоро ба худиву бегона тақсим кардаанд
Оқои Мамадшоев мегӯяд, ҳукуматиҳо, онҳое, ки аз буҷаи давлат моҳона мегиранд ва нашрияҳояшон бо пули давлат чоп мешавад, ҳамкорӣ бо ғайриҳукуматиҳоро ҷоиз намедонанд ва ё баръакс, ғайриҳукуматиҳо бо ҳукуматиҳоро:

“Онҳо манфиатҳои гуногунро дунбол меунанд. Ё аз рӯи майлашон ба мол, ё аз рӯи эътиқодашон ба ин ё он нафар ва ё аз рӯи маҳалгароӣ. Вале дақиқ гуфта наметавонам, ки чаро як чунин шароит дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Муҳим ин аст, ки онҳо миёни ҳам мухолифати шадид накунанд. Лекин дар мо чунин мушоҳида мешавад, барои он дӯстӣ мекунанд, ки алайҳи кадом нафари дигаре баромад кунанд. Ин бад аст”.

Ба таъкиди коршиносон ҳам ҳамин “ҳукуматӣ” ва “ғайриҳукуматӣ” будан баҳонаи аслии аз ҳам фосила гирифтани журналистони тоҷик будааст. Аммо аз сӯи дигар чунин ба мушоҳида мерасад, ки то андозае яхи ҷудоӣ миёни рӯзноманигорони тоҷик об мешавад ва дар муқоиса бо бархе аз кишварҳои ҳамсоя сухани матбуот дар ҷомеа таъсир дорад. Марат Мамадшоев ҳам мегӯяд, ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии журналистони тоҷик дар муқоиса бо кишварҳои дигари ҳамсоя бештар мушоҳида мешудааст.

Мисоли рӯшани оқои Мамадшоев ва ҳамандешони ӯ сарнавишти радиои мустақили “Имрӯз” аст. Онҳо мегӯянд, ахиран баробари қатъ шудани пахши барномаҳои ин радио аксари журналистон ба ин масъала таваҷҷӯҳ карданд ва аз мақомот хостанд, ки иллати ин масъаларо рӯшан кунанд.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи "Фараж", бар ин назар аст, ки рӯзноманигоронро мебояд аз манфиатҳои шахсиашон сарфи назар кунанд
Хуршеди Атовулло, раиси маркази тадқиқоти журналистӣ ва сардабири ҳафтаномаи “Фараж” мегӯяд, “бубинед, қазияи Радиои “Имрӯз” хеле хуб дар матбуот баррасӣ шуд. Бояд ҳангоме ки ин гуна мавзӯъҳо баҳсу баррасӣ мешаванд, рӯзномаҳо ва рӯзноманигорон аз манфиатҳои шахсиашон ва аз мавқеъи идеологиашон сарфи назар кунанд. Яъне, новобаста аз тақсимбандиҳое, ки ҳаст, барои ҳимояти ҳамкасбашон ҳамчун рӯзноманигор талош варзанд”.

Хуршеди Атовулло ҳамчунин ба саволи мо дар ин бора, ки оё созмонҳои журналистӣ дар Тоҷикистон то куҷо ба ҳамраъйии журналистони тоҷик мусоидат мекунанд, чунин гуфт: “Масъала ин аст, ки ҳамин иттифоқ ё иттиҳоде, ки мардум (журналистон) интизор доранд дар миёни худи созмонҳо кам ба назар мерасад”.

Ва аммо Зафар Абдуллоев, раҳбари созмони Медиа Алянси Тоҷикистон, тақсимбандии расонаҳо дар Тоҷикистонро аз иллатҳои аслии ҷудоӣ миёни журналистони тоҷик меҳисобад. Оқои Абдуллоев мегӯяд, созмони онҳо аз журналистон даъват мекунад, ки гирди ҳам оянд ва бар зидди нокомиҳои журналистон мубориза баранд.

Аз ҷумла, вай зиёд мехоҳад дар нахустин сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон, ки ба гуфтаи ӯ дар тирамоҳи имсол бо рӯзноманигорон бояд доир шавад, журналистон аз як мавқеъ сӯҳбат кунанд ва масоили мавриди назари худро ба ӯ бирасонанд.